САФОРАТИ ИМА РАФЪИ СИЛОҲИ ТАРКАНДАРО ТАЪЛИМ МЕДИҲАД
Сафорати ИМА дар Тоҷикистон сафари ҳафт нафар афсарони қӯшунҳои Сарҳадӣ, Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллиро барои иштирок дар барномаи табодулӣ оид ба рафъи силоҳи тарканда (EOD), ки 16-20 августи соли ҷорӣ дар Форт Уэлтон Бич, штати Флорида баргузор гардидааст, маблағгузорӣ намуд.
Дар ин барнома ҳамчунин афсарон аз Қирғизистон ширкат варзидаанд. «Ин барнома як ҷузъи стратегияи умумии қӯшунҳои пиёдагарди тобеъи ҳайати фармондеҳии марказии ИМА мебошад, ки ба беҳтар намудани муносиботи байни Тоҷикистону Қирғизистон ва Иёлоти Муттаҳида ва ҳамчунин пурқувват намудани қобилияти мудофиаи шахсии онҳо равона шудааст» - гуфт афсари Хадамоти рафъи силоҳи таркандаи қушӯнҳои мазкур подполковник Фрэнк Дейвис.
Дар тӯли соли гузашта қушӯнҳои пиёдагарди тобеъи ҳайъати фармондеҳии марказӣ се барномаи табодулиро оиди рафъи силоҳи тарканда (EOD) барои Тоҷикистон ва Қирғизистон амалӣ намуданд. Барномаи мазкур дуввум чорабинии бисёрҷониба аст, ки мақсади он тарғиби ҳамкорӣ ва сулҳу салоҳ дар минтақа мебошад.
Дар давоми ин сафар иштирокчиён имконият доштанд дар барномаи таълимии оиди рафъи силоҳи тарканда, ки барои афсарону аскарони ҳамаи анвоъи қӯшунҳо пешбинӣ шудааст, иштирок кунанду бо таҷҳизоти муосире, ки дар хидмати гурӯҳҳои рафъи силоҳи таркандаи Артиши ИМА қарор доранд, ошноӣ пайдо кунанд. Илова бар ин, иштирокчиён аз Мактаби рафъи силоҳи таркандаи Афғонистон дидан карда, дар семинари техникӣ иштирок намуданд.
Дар рӯзи охирини барнома полковник Ҷаъфаров аз Тоҷикистон, сардори Хадамоти муҳандисии Вазорати мудофиаи Қирғизистон полковник Зиёбек Камчибеков ва намояндаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Фирӯза Насимова ба узвияти ифтихории ҷамъияти рафъгарони Хадамоти рафъи силоҳи таркандаи ИМА қабул гашта, бо Шаҳодатнома сарфароз гардонида шуданд.
Ҳукумати ИМА ҳамасола зиёда аз 60 чорабиниҳои гуногунро оиди ҳамкорӣ дар самти амният дастгирӣ менамояд, ки табодули иттилоотии байни хизматчиёни ҳарбӣ, кӯмакҳои башардӯстона, гузаронидани тамринҳо, сохтмони иншоотҳои инфрасохторӣ ва машқҳо аз ҷумлаи инҳо мебошанд. Барномаҳои таълимӣ барои мақомоти амният мавзӯҳои гуногун, аз ҷумла масоили ҳуқуқи инсон, ва нақши қувваҳои таъмини амният дар ҷомеаҳои демократӣ ва ғайраро дар бар мегиранд.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3261-2010-10-02-07-03-07.html