01:56:58 23-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/02_iran_tajik2147_2'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/02_iran_tajik2147_2'

ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТОЗА МИЁНИ ЭРОН ВА ТОҶИКИСТОН

Вазирони энержии Эрону Тоҷикистон дар поёни ҳаштумин иҷлоси кумисиюни муштараки ҳамкориҳои ду кишвар, ки тайи се рӯзи гузашта идома дошт, як ёддошти тафоҳум дар мавриди густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои мухталиф имзо кардаанд. Бар асоси иттилоъи бахши равобити умумии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ин ёддошти тафоҳум ҷумъашаби аввали октябр байни муҳандис Маҷиди Номҷӯ, вазири нерӯи Эрон, ва Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон имзо шудааст.

 

Бар асоси ин ёддошт, ҷонибҳо тавофуқ кардаанд, ки ҳамкориҳои худро дар заминаҳои обу энержӣ, саноеъ ва маъодин, хадамоти фаннию муҳандисӣ, бозаргонӣ, иқтисодӣ, молӣ, илмию омӯзишӣ ва фарҳангӣ, беҳдошт, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва гардишгарӣ густариш бидиҳанд. Мақомҳои тоҷику эронӣ ҳамчунин дар мавриди тавсеъаи равобити ду кишвар дар арсаҳои ҳамлу нақл, мухобирот, бима, кишоварзӣ ва сармоягузорӣ, нақшабардорӣ, кор ва умури иҷтимоъӣ ба тавофуқ расидаанд.

 

Маҷиди Номҷӯ, вазири нерӯи Эрон, ки раҳбарии ҳайъати эронӣ дар ҳаштумин иҷлоси кумисиюни муштараки ду кишварро ба ӯҳда дошт, дар поёни нишаст гуфтааст, ки "манобеъи ғанӣ ва фаровони худододии" Тоҷикистону Эрон замина барои тавсеъаи ҳамкориҳои ду кишварро ҳамвортар мекунад.

 

Вай аз ҷумла гуфтааст: "Ду кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳоти мухталиф, ҳамчун дин, фарҳанг, тамаддун, забон ва таърих дорои иштирокоти зиёде ҳастанд, ба гунае ки авомили ёдшуда робитаи ин ду кишварро дар миёни соири кишварҳои ҷаҳон, ба робитае мунҳасир ба фард ва мисолзаданӣ табдил кардааст."

 

Оқои Номҷӯ бо ишора ба тарҳҳои эроние, ки дар Тоҷикистон ба иҷро мерасанд, монанди нерӯгоҳи Сангтӯда-2, тунели "Истиқлол" ва тарҳи мутолеъотии сад ва нерӯгоҳи Айнӣ гуфтааст, ки иҷрои ин тарҳҳо "нумоди дилгармкунандае" аз ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои фаннию санъатӣ аст. Вазири нерӯи Эрон гуфтааст, ки ҳарчанд мавонеъе дар роҳи иҷрои сареъи ин тарҳҳо вуҷуд дошта, вале "азми ҷиддии масъулон ва тавонмандиҳои мавҷуд" навиди онро медиҳад, ки уфуқҳои ҳамкории ду кишвар аз ончи имрӯз ҳаст, васеътар хоҳад шуд.

 

Вай гуфт: "Ҳарчанд ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар ҳокӣ аз раванди рӯ ба рушд аст, аммо сатҳи мавҷуди равобити иқтисодӣ ва тиҷории Эрону Тоҷикистон мутаносиб бо сатҳи хуби равобити сиёсии ду кишвари дӯст ва мусалмон ва хешованд нест."

 

Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ мубодилоти тиҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон 112 милюн дулорро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба давраи мушобеҳи соли гузашта тақрибан ду баробар афзоишро нишон медиҳад. Дар ин муддат Тоҷикистон ба Эрон ба маблағи 30 милюн дулор ва Эрон ба Тоҷикистон ба маблағи 81 милюн дулор коло содир кардаанд. Бо ин ҳол, Эрон дар миёни кишварҳое, ки бо Тоҷикистон мубодилоти тиҷорӣ доранд, масалан дар муқоиса бо Туркия, ҷойгоҳи болое надоштааст.

 

Маҷиди Номҷӯ бар зарурати ҳидояти бахшҳои хусусӣ ва давлатии ду кишвар ҷиҳати афзоиши мубодилот ва сармоягузориҳои муштарак бо ҳимоятҳои ҷиддии масъулон ва мақомҳо таъкид кардааст. Ба эътиқоди вай, манобеъи фаровони об ва захоири маъданӣ дар Тоҷикистон ва тавонмандиҳои фаннию муҳандисӣ ва сармояҳои азими табиъӣ ва инсонӣ дар Эрон роҳро барои тавсеъаи ҳамкориҳои ду миллат ҳамвортар мекунад.

 

Оқои Номҷӯ, ки дар нишасти вузарои энержии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ECO) дар Душанбе низ ширкат дошт, дар ин иҷлос хостори таъсиси як ширкати ҳаффории маъодини нафту гоз бо ҳимояти кишварҳои узви ин созмон шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд равобити иқтисодию фарҳангии Тоҷикистону Эрон дар даврони раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод дар Эрон тавсеъаи бештаре ёфтааст. Аз сӯйи дигар, давлати Тоҷикистон низ дар солҳои ахир дар пайи тира шудани равобиташ бо Русия беш аз пеш рӯйи ниёз ба Эрон ва кишварҳои дигари исломӣ овардааст.

 

Дар поёни нишасти кумисиюни муштараки Эрону Тоҷикистон, ҷонибҳо тасмим гирифтаанд дар муддати ду моҳ ба таъсиси кумитаи вижае "барои пайгирии амалиётӣ шудани тавофуқҳои" ҳаштумин иҷлоси кумисиюни муштараки ду кишвар иқдом кунанд. Қарор аст нуҳумин иҷлоси кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, фаннӣ ва фарҳангии Эрону Тоҷикистон дар соли оянда дар Теҳрон баргузор шавад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3264-2010-10-02-11-26-01.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ