ЗУЛМАЙ РАСУЛ БО РАҲМОН ТАҲКИМИ МАРЗРО БАРРАСӢ КАРД
Афғонистон дар мубориза бо терурисм ва бунёдгароӣ ба кумаку ҳамкориҳои кишварҳои минтақа ниёз дорад. Ин суханонро Зулмай Расул, вазири хориҷаи Афғонистон, шоми чаҳоршанбеи 6 октябр пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт. Вай дар сӯҳбат бо хабарнигорон ба зарурати муборизаи муштарак алайҳи терурисм ва таҳкими марзҳои кишварҳои минтақа таъкид кард.
Оқои Расул гуфт, ки дар канори тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба мавзӯъи вазъи амниятии минтақаю Афғонистон ва роҳҳои таҳкими марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон аз мавзӯъоти аслии дидори вай бо мақомоти тоҷик будааст. Дидори вазири хориҷаи Афғонистон аз Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки даргириҳое миёни нерӯҳои давлатӣ ва пайкорҷӯёни мухолифи давлат дар шарқи ин кишвар аз ду ҳафта қабл ба ин сӯ идома дорад ва мақомот мегӯянд дар миёни афроди мусаллаҳ атбоъи Афғонистону Покистон низ дида шудаанд.
Ҳамчунин, нигарониҳое дар мавриди вуруди эҳтимолии гурӯҳҳои вобаста ба Толибон ва Алқоъида ба манотиқи даргирӣ дар шарқи Тоҷикистон матраҳ аст. Ҳафтаи гузашта маҷаллаи омрикоии “Нюзвик” (Newsweek) аз қавли як фармондеҳи Толибон дар шимоли Афғонистон хабар дод, ки дар зимистони соли гузашта гурӯҳҳои хурде аз ҷангҷӯёни тоҷику ӯзбак озими Тоҷикистон шудаанд.
Ин манбаъ теъдоди умумии ин афродро аз 70 то 150 нафар арзёбӣ кардааст, ки ҳадафашон ноором сохтани вазъи амниятӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа будааст. Ҳамчунин, бино ба гузориши дафтари матбуъоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ ду мазнун ба узвияти Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон (ҶИӮ) ва Алқоъида дар қаламрави Тоҷикистон боздошт шудаанд.
Аз сӯйи дигар, манобеъи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар авоили моҳи гузашта хабар доданд, ки ин нерӯҳо аз убури як гурӯҳи мусаллаҳ, ки қасди вуруд ба хоки Тоҷикистонро доштанд, ҷилавгирӣ кардаанд. Зулмай Расул, вазири хориҷаи Афғонистон, гуфт, ки ҳоло кишвари вай бо террурисм дар ҳоли ҷанг аст ва имкон дорад бархе аз гурӯҳҳои теруристӣ барои убур ба кишварҳои ҳамсоя талош кунанд.
Оқои Расул таъкид кард, ки ба ин хотир вай бо мақомоти Тоҷикистон масоили амниятӣ ва таҳкими марзҳои ду кишварро дар миён гузоштааст. Ҳамчунин, қарор аст рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Душанбе як кунфронси байналмилалӣ дар мавриди мусоъидат ба тиҷорат ва идораи марзҳои муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор шавад. Барномаи Тавсеъаи СММ, Иттиҳодияи Урупо ва давлати Жопун аз созмондиҳандагони ин ҳамоиш маҳсуб мешаванд.
Дар авохири моҳи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сӯҳбате телефунӣ бо Ҳомид Карзай, ҳамтои афғони худ, дар канори мавзӯъи муборизаи муштарак алайҳи террурисм, муқобала бо бунёдгароӣ ва маводди мухаддирро низ матраҳ карда буд. Ҷонибҳо омодагии худро барои табодули иттилоъоти фаврӣ ва таҳкими марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон иброз дошта буданд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи Ожонси омори Тоҷикистон, табодули коло миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар 8 моҳи соли ҷорӣ беш аз 60 милюн дулорро ташкил додааст, ки ин рақам аз нишондоди давраи мушобеҳи соли гузашта 21 дар сад бештар аст. Дар ин давра Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи 31 милюн дулор коло содир карда ва аз ин кишвар ба миқдори 30 милюн дулор коло ворид кардааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3298-2010-10-06-15-28-46.html