02:06:11 23-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/07_tarkish_rasht_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/07_tarkish_rasht_2147'

ГОРДИ МИЛЛӢ: "МОШИНИ МО БА МИН БАРНАХӮРДААСТ"

Горди миллии Тоҷикистон хабарҳои мабнӣ ба бархӯрди як комюни ин ниҳод бо мин ва кушта шудани шаш нафар дар ин ҳодиса дар минтақаи Раштро рад кард. Аз сӯйи дигар, як манбаъи пулис ба Би-би-сӣ гуфт, ки даргириҳо дар дараи Камароб идома дорад ва нерӯҳои давлатӣ гурӯҳе аз пайкорҷӯёнро ба муҳосира гирифтаанд. Хайринисо Комилова, сардори дафтари матбуъотии Горди миллии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 7 октябр дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт, ки хабари бархӯрди як мошини ин горд ба мин ва кушта шудани шаш нафар, ки бисёре аз расонаҳо гузориш карданд, воқеъият надорад.

 

Вай хабарҳои мабнӣ ба кушта шудани нерӯҳои гурӯҳи вижаи амниятии мавсум ба "Алфа" дар суқути чархболи горди миллӣ дар ноҳияи Ғармро низ бепоя хонд. Пештар расонаҳо аз қавли манобеъи амниятӣ ва интизомӣ гузориш карда буданд, ки ин ҳодиса 28 кушта барҷой гузоштааст, ки 21 нафари онҳо аз ҷумлаи нерӯҳои амниятӣ будаанд. Вале хонуми Комилова теъдоди талафоти суқути чархболро ҳафт нафар хонд.

 

Ба гуфтаи вай, чаҳор нафар дар ҷойи ҳодиса кушта шуда буданд, вале баъдан се нафар, ки ҷароҳоти сангин бардошта буданд, низ ҷони худро аз даст додаанд. Сухангӯйи Горди миллии Тоҷикистон хабарҳои мабнӣ ба кушта шудани ду тан аз муъовинони фармондеҳи ин гордро низ такзиб кард. Қаблан бархе расонаҳо хабар дода буданд, ки ду тан аз кушташудагон дар суқути чархбол муъовинони фармондеҳи Горди миллӣ ҳастанд.

 

Дар ҳамин ҳол, иртиботи телефунӣ бо минтақаи Рашт аз 22 сентябр ба ин сӯ қатъ шуда ва ба ин далел таъйиди хабарҳои марбут ба ин минтақа аз сӯйи манобеъи маҳаллӣ ғайримумкин аст. Тоҳир Норматов, раиси ситоди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки иттилоъи дақиқ дар мавриди суқути чархбол ва бархӯрди комюн бо минро танҳо масъулони Горди миллӣ дар ихтиёр доранд.

 

Аз сӯйи дигар, вай гуфт, ки дар чанд рӯзи ахир дар миёни маъмурони пулис дар минтақаи Рашт талафоте мушоҳида нашудааст. Вай афзуд: "Вазъ дар маркази ноҳияи Рашт комилан таҳти кунтрули нерӯҳои давлатӣ аст. Аслан, бояд бигӯям, ки амалиёти боздошти силоҳбадастон танҳо дар дараи Камароб сурат мегирад, ки дар 100-килуметрии маркази ноҳияи Рашт воқеъ аст."

 

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи пулис, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки рӯзи панҷшанбе низ дар ин минтақа амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи пайкорҷӯён идома дорад. Вай афзуд: "Пайкорҷӯён дар муҳосираи нерӯҳои давлатӣ ҳастанд. Теъдоди онҳо чандон зиёд ҳам нест. Шояд ҳудуди 50-60 нафар бошанд. Вале онҳо дар минтақаи баландкӯҳ қарор доранд, ки ин амр боздошт ё нобудсозии онҳоро душвор месозад."

 

Авзоъ дар минтақаи Рашт баъд аз ҳамлаи пайкорҷӯён ба сутуне аз комюнҳои вазорати дифоъ дар дараи Камароб, ки 19 сентябр рух дод ва дастикам 26 кушта барҷой гузошт, ташаннуҷ ёфт. Давлати Тоҷикистон собиқ фармондеҳони нерӯҳои мухолифи давлатро ба ин ҳамла муттаҳам карда ва гуфтааст, ки дар миёни онҳо "зархаридон аз Афғонистону Покистон ва Чеченистони Русия" низ ҳастанд. То ҳол аз кушта шудани ҳудуди 40 нерӯи давлатӣ ва 15 тан аз пайкорҷӯён гузориш шудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3301---q----q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ