23:38:09 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/08_sobirov_2147_2'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/08_sobirov_2147_2'

ИНТИҚОДИ РАҲБАРИ ДЕМОКРАТҲО АЗ ВАЗИРИ ДИФОЪ

Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, бо пахши изҳороте аз баёнияи ахири вазири дифоъи ин кишвар дар бораи расонаҳо башиддат интиқод кардааст. Дар баёнияи худ вазири дифоъ бархе аз расонаҳои гурӯҳӣ ва аҳзоби сиёсиро ба "пуштибонӣ аз теруристҳо" муттаҳам карда буд. Масъуд Собиров бар ин бовар аст, ки "дар кӯтоҳтарин муддат" Президент Раҳмон ба чунин изҳороти вазири дифоъ "баҳои сиёсӣ хоҳад дод".

 

Дар баёнияи раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон ба суханони Шералӣ Хайруллоев дар бораи зарурати муколама бо мухолифон таъкид шудааст. Оқои Хайруллоев дар изҳороти худ чунин пешниҳодро бепоя хонда, бо ишора ба аҳзоб гуфта буд: "Агар бо шумо гуфтушунид кунанд, талабу дархости шуморо қонеъ гардонанд, он террористон ором мешаванд? Он гоҳ хулоса метавон кард, ки онҳо нерӯҳои мусаллаҳи ғайриқонунии шумоянд ва ба амри шумо гӯш медиҳанд."

 

Зимнан, чунин пешниҳод дар изҳороти Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сусиёл-демуркоти Тоҷикистон таъкид шуда буд. Масъуд Собиров дар баёнияи худ ёдовар шудааст, ки дар изҳороти қаблии ҳизби демукрот зарурати таъсиси як кумисиюни мустақил бо шумули намояндагони созмонҳои байналмилалӣ барои таҳқиқи ҳаводиси ахир дар Тоҷикистон ба миён гузошта шудааст.

 

Ба эътиқоди оқои Собиров, чунин кумисиюн метавонад ҳар гуна ҳадсу гумонҳо, матолиби бепоя дар расонаҳои хориҷӣ дар мавриди ҳодисаи фирори зиндониён ва ҳамла ба низомиён дар минтақаи Раштро ботил созад. Дар баёнияи вай бо ишора ба навиштаҳои вазири дифоъ омадааст, ки "магар ин пешниҳод пуштибонӣ аз теруристон аст?". Оқои Собиров таъкид кардааст, ки пешниҳоди роҳҳои ҳалли ҳар гуна қазия дар кишвар вазифаи аҳзоби сиёсист.

 

Ва баръакс, мубориза бо теруристон вазифаи ниҳодҳои қдратӣ аст, зеро аҳзоби сиёсӣ нерӯҳои мусаллаҳе дар ихтиёр надоранд. Масъуд Собиров зимни пуштибонӣ аз расонаҳои мустақил навиштааст, ки ба эътиқоди вай, "нашрияҳо дар бораи ҳаводиси Рашт чунин матлабе чоп накардаанд, ки сазовори иттиҳоме шаванд."

 

Оқои Собиров афзудааст: "Бовар дорам, ки на танҳо расонаҳо, ҳатто аз кӯдак то пири фартути ин сарзамин дигар дар орзӯи рехтани хун нест ва аз ҳафт қабилаи терурист безор аст."

 

Дар ниҳоят, раҳбари демукротҳои тоҷик гуфтааст: "Вазири мудофеъа Шералӣ Хайруллоев ҳақ надорад фаъолияти ҳизбҳои сиёсию сиёсатмадорони алоҳидаро маҳкум намояд."

 

Масъуд Собиров таъкид мекунад, ки танҳо раиси ҷумҳурӣ аз чунин ҳақҷе бархурдор аст. Ҳамзамон, вай изҳори умедворӣ кардааст, ки дар мавриди изҳороти вазири дифоъи Тоҷикистон "Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат баҳои сиёсӣ хоҳад дод." Вале Президент Раҳмон дар суханронии ахири худ дар ҳузури фарҳангиёни тоҷик аз расонаҳои гурӯҳӣ башиддат интиқод карда ва аз ҷумла гуфт, ки "бархе аз расонаҳо ба гунаи солҳои 90-ум ҷангҷӯ шудаанд" ва "барои онҳо рехтани хуни тоҷик аҳаммият надорад."

 

Оқои Раҳмон ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар гузашта бархе аз нашрияҳои мустақил дар барангехтани ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон даст доштанд. Вай ҳушдор дод, ки "ба умеди хоҷагони хориҷӣ набояд шуд."

 

Ҷанҷолҳои лафзӣ миёни мақомҳои Тоҷикистон ва расонаҳои мустақил пас аз бозтоби ҳаводиси минтақаи Рашт, бавижа ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳ ба корвоне аз мошинҳои вазорати дифоъ дар дараи Камароб, ки дастикам 26 кушта барҷой гузошт, ба миён омадааст. Қаблан масъулони бархе аз нашрияҳо эълом карда буданд, ки вазири дифоъро ба додгоҳ мекашанд ва вазири дифоъ низ аз мақомоти интизомӣ хостааст, ки матолиби нашрияҳо дар бораи ҳаводиси Раштро мавриди баррасии қонунӣ қарор диҳанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3311-2010-10-08-13-41-52.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ