02:36:16 23-уми Майи 2025 сол

САЙМУМИН ЯТИМОВ БА МАСКАВ САФАРЕ АНҶОМ ДОД

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ба Русия сафаре корӣ анҷом додааст. Ҳарчанд манобеъи амниятӣ аз ироаи ҷузъиёти ин сафар худдорӣ карданд, вале таҳлилгарон мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд ин сафар бо ҳаводиси шарқи Тоҷикистон иртибот дорад.

 

sb_lubyanka

Ин дар ҳолест, ки ахиран дар бораи оғози музокирот миёни мақомоти давлатӣ ва фармондеҳони гурӯҳҳои пайкорҷӯйи мухолифи давлат дар минтақаи Рашт гузориш шудааст. Як манбаъи амниятӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ба Би-би-сӣ гуфт, ки Саймумин Ятимов сафари кӯтоҳмуддате ба шаҳри Маскав, пойтахти Русия, анҷом додааст. Ин манбаъ аз ифшои аҳдофи сафари оқои Ятимов ба Русия худдорӣ кард. Ҳатто рӯшан нест, ки ин нахустин сафари Саймумин Ятимов ба кишварҳои хориҷӣ баъд аз интисоби вай ба симати раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ё хайр.

 

Зимнан, оқои Ятимов дар авохири моҳи август ба ин симат интихоб шуда буд. Қаблан вай муъовинати раиси ин ниҳодро ба ӯҳда дошт. Вале баъд аз ҳодисаи фирори гурӯҳе 25-нафарӣ аз маҳбусон аз боздоштгоҳи амниятӣ дар Душанбе, Президент Раҳмон куллияи раҳбарони кумитаи амниятро барканор ва аз миёни онҳо Саймумин Ятимовро раиси ҷадиди ин ниҳод таъйин кард.

 

Сафари оқои Ятимов ба Маскав дар ҳоле сурат мегирад, ки вазъият дар водии Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, вахим аст ва бархе бар ин боваранд, ки Русия метавонад дар рафъи бесуботӣ дар ин минтақа нақши боризе дошта бошад. Аз ҷумла, Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ, мӯътақид аст, ки Русия бозигари аслии жиюпулитик дар минтақаи Осиёи Марказист ва бидуни ин кишвар "дар ин ҷо ҳеҷ ҳеч таҳаввуле сурат намегирад."

 

Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи оқои Муллоҷонов, шояд дар мулоқоти Саймумин Ятимов дар Маскав ҳамаи ҷузъиёти ҳаводиси шарқи Тоҷикистон матраҳ нашуда бошад, вале мусаллам аст, ки масоили умдаи амниятӣ дар минтақа бояд дар меҳвари ин гуфтугӯҳо қарор дошта бошад. Вай афзуд: "Фикр мекунам, масоили амниятии марбут ба кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва ҳатто Афғонистон дар ин дидор матраҳ шудаанд."

 

Ҳикматулло Сайфуллозода, коршиноси дигар, низ бар ин бовар аст, ки Русия дар Тоҷикистон манофеъи худро дунбол мекунад ва ин мавзӯъ дигар пӯшида нест. Ба гуфтаи вай, сафари як мақоми баландпояи амниятии Тоҷикистон дар шароити феълӣ ба Маскав, бо ҳаводиси ахир дар шарқи ин кишвар иртиботи мустақиме дорад. Вай афзуд: "Бавижа, дар шароите ки миёни гурӯҳҳои силоҳбадаст ва мақомот музокирот оғоз шудаасту давлати Тоҷикистон барои пайдо кардани роҳҳои осоиштаи ҳалли ин қазия иқдом мекунад, ин сафар метавонад бисёр муҳим бошад."

 

Оқои Сайфуллозода ҳамчунин гуфт, ки бархе аз мақомоти Тоҷикистон чанд маротиба эълом кардаанд, ки аз даст доштани баъзе аз кишварҳои хориҷӣ дар ҳаводиси ахир дар ин кишвар иттилоъ доранд. Вай гуфт: "Ҳарчанд мақомот мушаххасан аз ин кишварҳо ном намебаранд, вале бештари коршиносон мутмаинанд, ки чунин кишвар метавонад Русия бошад. Ба ин далел, давлати Тоҷикистон барои ҳалли қазияи шарқи ин кишвар ба музокира бо мақомоти Русия ниёз дорад."

 

Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон мукарраран эълом карда, ки дар миёни пайкорҷӯёне, ки дар шарқи ин кишвар таҷаммӯъ кардаанд, шаҳрвандони Афғонистон, Покистон ва Чеченистони Русия ҳастанд. Сафари Саймумин Ятимов ба Русия дар ҳолест, ки манобеъи мухталиф аз эҳтимоли афзоиши вуруди гурӯҳҳои пайкорҷӯ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд. Коршиносон мегӯянд, ки эҳтимоли вуруди чунин афрод аз қаламрави Ӯзбакистон ва Қирғизистон низ вуҷуд дорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/3356-2010-10-15-12-31-31.html 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ