23:50:59 22-уми Майи 2025 сол

ИМЗОИ ШАШ САНАДИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН

Раисони ҷумҳури Тоҷкикистон ва Афғонистон пас аз мулоқоте, ки бо ҳамдигар доштанд, қарордоди ҳамкориҳои ду кишварро ба имзо расониданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як конфронси хабарӣ гуфт, ки ҳадаф аз сафари вай ба Афғонистон, тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар аст, то аснодеро низ дар ин хусус ба имзо бирасонанд. Шуморе аз вазирони Тоҷикистон ва Афғонистон, шаш мувофиқатномаи ҳамкориро дар заминаҳои тиҷорат, транзит, тақвияти барномаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба имзо расониданд.

 

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, сафари ҳамтои тоҷикӣ худро ба Афғонистон боаҳамият хонд ва гуфт, ки ду кишвар метавонанд ҳамкориҳои худро дар заминаҳои мухталиф идома диҳанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз дар раъси як ҳайати баландпояи давлатӣ, озими Кобул, пойтахти Афғонистон шуд.

 

Ба тайиди Дафтари матбуотии раиси чумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири умури хориҷа Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири энержӣ ва саноат Шералӣ Гул, вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олим Бобоев ва дигар мақомоти баландпояи кишвар ҳамроҳӣ мекунад.

 

Ба иттилои Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, дар ҷараёни ин дидору гуфтугӯҳо, чанд санад, аз ҷумла созишномаи ҳамкорӣ дар бахши тавсеъаи тиҷорат, транзит ва ҳамкориҳо дар бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба имзо хоҳанд расид.

 

Интизор меравад, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон тайи сафари худ бо Юнус Қонунӣ, раиси парлумони Афғонистон ва Бурҳониддин Раббонӣ, раиси собиқи давлати исломии Афғонистон, ки сарпарастии Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро низ ба ӯҳда дорад, дидору гуфтугӯҳо анҷом диҳад.

 

Нақши Тоҷикистон дар суботи Афғонистон

Муносиботи Тоҷикистон ва Афғонистон аз соли 2001, ба думболи суқути Толибон ба марҳилаи тозае ворид шуд ва танҳо дар ҳамон сол Тоҷикистон ба кушодани сафорати худ дар Кобул иқдом кард.  Мақомоти Афғонистон, Тоҷикистонро аз ҳамсояҳои саҳмдор дар сулҳу субот ва рушди иқтисодии Афғонистон ном мебаранд.

 

Залмай Расул, вазири хориҷаи Афғонистон тайи сафари худ дар ду ҳафтаи қабл ба Душанбе, бо ишора ба ноамниҳои ахир ва хатари афзояндаи созмонҳои террористӣ дар минтақа гуфта буд, ки ин мушкили танҳо як ду кишвар нест, балки бояд бо мушорикати самимонаи кишварҳои минтақа рафъ шавад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3417-2010-10-25-10-49-17.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ