Э.РАҲМОН: ҚОНУНИ АСОСИИ ТОҶИКИСТОН БЕҲТАРИНУ ДЕМУКРОТӢ АСТ
Президент Раҳмон гуфтааст, “созмонҳои бонуфуз ва коршиносони маъруфи ҷаҳон Қонуни Асосии Тоҷикистон аз Қавонони Асосии беҳтарин ва демукротӣ эътироф кардаанд”. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбеи 4 ноябр дар як кунфаронси илмӣ ба муносибати рӯзи Қонуни Асосии кишвар суханронӣ мекард, ҳуқуқ ва озодии инсонро аз арзишҳои олӣ дар Қонуни Асосии кишвар хонда ва гуфт, ки халқ сарчашмаи ягонаи ҳокиияти давлатӣ унвон шудааст.
Шокир Ҳакимов, коршиноси тоҷик низ таъкид кард, ки Қонуни Асосии Тоҷикистон ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ буда, аммо дар роҳи иҷрои муфоди он, бахусус, муфоди марбут ба таъмини ҳуқуқ ва озодии инсон мушкилиҳо зиёданд. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Ҳакимов, ҳарчанд дар Қонуни Асосӣ ба фаъолияти озоди аҳзоби сиёсӣ замонат дода шудааст, аммо дар амал ниҳодҳои зирабти давлатӣ дар роҳи фаъолияти аҳзоби мухолифи давлат ва иҷрои аҳдофи барномавии онҳо мавонеъи маснӯъӣ эҷод мекунанд.
Чун ниёз ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон вуҷуд дорад, мақомоти ин кишвар бояд ба риояти меъёрҳои Қонуни Асосӣ дар бораи ҳуқуқи инсон таваҷҷӯҳ карда ва озодии фаъолияти аҳзоби сиёсиро таъмин ва новобаста аз мансубияти ҳизбӣ афроди соҳибистеъдодро ба ҳокимияти давлатӣ ҷалб кунанд.
Шокир Ҳакимов масълаи ибҳом дар тақсими ихтиёрот миёни шохаҳои қудрати давлатиро аз нуқси Қонуни Асосӣ унвон карда ва гуфт, тибқи он куллияи ҳокимият дар дасти раиси ҷумҳур мутамаркиз шудааст. Ба эътиқоди оқои Ҳакимов аз ҳисоби кам кардани салоҳияти раиси ҷумҳур бояд салоҳияти нахуствазир бештар шуда ва Маҷлиси Миллӣ мунҳал ва теъдоди намояндагони Маҷлиси Намояндагони порлумон зиёдтар шавад.
Ҳарчанд дар суханронии Президент Раҳмон давлати Тоҷикистон ба унвони кишвари дунявӣ ва демкуротӣ ситоиш шудааст, аммо бархе аз коршиносон ба мушкилоти фаровон дар роҳи озодии баён ва матбуъот ишора кардаанд. Мухтор Боқӣ, раиси Сандуқи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журнолистони Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд дар Қонуни Асосӣ таъмини озодии баён замонат дода шудааст, аммо дар асл дар Тоҷикистон имкони баргузор кардани гирдиҳамоиҳои эътирозӣ, тазоҳурот ё роҳпаймоӣ вуҷуд надорад.
Ба гуфтаи оқои Боқӣ, қаблан озодии матбуъот дар Тоҷикистон то андозае таъмин мешуд. Вале дар пайи ҳаводиси водии Рашт дар моҳи сентябри соли ҷорӣ чанд сойти интернетӣ масдуд ва фаъолияти нашрияҳои мустақил мутаваққиф шудаанд. Гуфта мешавад, ин вазъ метавонад ба эътибори байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун кишвари демукротӣ латмаи ҷиддӣ ворид кунад. Зимнан, Қонуни асосии Тоҷикистон рӯзи 6 ноябри соли 1994 дар фазои идомаи ҷанги дохилӣ аз тариқи раъйпурсии умумӣ ва ҳамзамон бо интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар баргузор шуда буд.
Аз он замон рӯзи 6 ноябр рӯзи Қонуни Асосӣ дар Тоҷикистон эълом шудааст. Дар ин интихобот Эмомалӣ Раҳмон, ки раиси порлумон буд ва раҳбарии кишварро бар уҳда дошт, барои бори нахуст раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баргузида шуд. Дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи баргузории раъйпурсӣ ба Қонуни Асосии Тоҷикистон тағйирот ворид шуда ва бар асоси он ба Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2006-ро ба унвони номзад фароҳам кард. Гузашта аз ин, тибқи ин ислоҳот муддати раёсати ҷумҳурӣ барои ду давраи ҳафтсола таъйид шуд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3501-2010-11-04-15-19-57.html
Шарҳҳо
RSS Обуна