ҲНИТ ОГОҲИНОМАРО БА ИНОБАТ ГИРИФТ
Субҳи рӯзи 25.11.10 Шӯрои Сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон зимни баргузории ҷаласаи хеш мавзӯъи огоҳиномаи Вазорати адлияи кишварро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод. Ва тасмими Шӯрои Сиёсии ҳизб тавассути раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба намозгузорон ва аъзову пайравони ҳизб расонида шуд, ки ба хотири барпо доштани намози ҷумъа гирдиҳам омада буданд.
Дар ибтидо раҳбари Наҳзати Исломӣ дар бораи аҳамияти намози ҷамоъат, махсусан намози ҷумъа суҳбати муҳим ва мантиқиеро бо истифода аз таҷрибаҳои ҳазорсолаи миллат ва дар умум Ҷаҳони Ислом анҷом дод ва баъдан ишораҳое кард дар мавриди баҳси Кумитаи дин бо ҳизб маҳз дар ҳамин маврид. Ӯ таъкид намуд, ки мо барои ҳифзи намози ҷумъа бо истифода аз имконоти хеш тамоми талошҳоро ба харҷ додем, вале мутаассифона натавонистем бо мақомоти Кумитаи дин ба тавофуқ бирасем.
Агарчи гирифтани чунин як тасмим дар мавриди мушкилоти баргузории намози ҷумъа дар дафтари марказии ҲНИТ барои раҳбарияти он кори мушкил буд, вале Шӯрои сиёсии ҳизб пас аз баҳсу баррасии тулонии огоҳиномаи Вазорати адлия ва воқеъияти имрӯзи кишвар ба ин хулоса расид, ки намозро дар дафтари марказии ҳизб мутавақиф намояд. ҲНИТ ба хотири ҳифзи субботу оромии кишвар ва манофеъи миллӣ огоҳиномаи Вазорати адлияро ба инобат гирифта, ҷиҳати даст ёфтан ба ҳуқуқҳои фарҳангии хеш тибқи талаботи ойинномаи ҳизб ва конститутсияи кишвар талош хоҳад кард.
Баъд аз баргузор шудани намози ҷумъа, ки онро намозгузорон охирин намози ҷумъа дар дафтари марказии ҳизб унвон карданд, раҳбари Наҳзати Исломӣ ба саволҳои хабарнигорон, ки ба ин масъала ва дар умум мавқеъ ва ҷойгоҳи ҳизб таваҷҷӯҳи зиёд доштанд, посух дод. М. Кабирӣ зимни посух ба саволҳои хабарнигорон таъкид бар он дошт, ки дар замони қабул шудани қонун бардоштҳо ба гунаи дигаре буд, ҳатто вакилон ва раҳбарияти парлумони вақт мегуфтанд, ки ташвиши раҳбарияти ҲНИТ дар мавриди қонуни марбута асос надорад.
Вале ҳоло мебинем, ки нигарониҳои мо дар замони қабули Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ асос доштааст. Аммо ба ҳайси як ҳизби арзишмеҳвар ва қонунмеҳвар тавони онро хоҳем дошт, ки ин гуна хилофкориҳоро низ таҳаммул намоем, вале талоши хешро ҷиҳати дарёфти ҳуқуқҳои фарҳангӣ бо роҳҳои қонунӣ идома медиҳем. Бештари талош ба он равона мешавад, ки қонунро тавре дар марҳалаи қаблӣ шарҳ медоданд, бори дигар ба таври расмӣ шарҳ диҳанд ё бандҳои мушкилзои онро муносиб ба воқеъияти ҷомеъа тағир диҳанд.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3680-2010-11-26-14-41-56.html
Шарҳҳо
RSS Обуна