09:17:43 17-уми Июни 2025 сол

ДАРХОСТИ ЗУҲУРОВ АЗ АҲМАДИНАЖОД

Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, аз мақомоти эронӣ хостааст, ки ҳудуди 200 нафар аз донишомӯзони тоҷикро, ки дар риштаҳои динии яке аз донишгоҳҳои Эрон таҳсил мекунанд, ба риштаҳои дигар гузаронанд.

 

zuhurovОқои Зуҳуров, ки дар сафаре расмӣ дар Эрон ба сар мебарад, ин дархостро рӯзи душанбеи 29 ноябр дар дидор бо Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, дар миён гузоштааст. Дар баёнияе матбуъотӣ, ки Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи порлумони Тоҷикистон, рӯзи сешанбе интишор дод, омадааст, ки оқои Зуҳуров дар дидор бо оқои Аҳмадинажод аз раҳбарони Эрон барои бозгардодани донишомӯзони тоҷик ба кишварашон ибрози сипос кардааст.

 

"Ба риштаҳои дигар гузаронед"

Оқои Зуҳуров ҳамчунин гуфтааст: "Ҳоло боз ҳудуди 200 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Эрон ҳастанд, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ, яъне бе мувофиқа бо мақомотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар риштаҳои динии донишгоҳи байналмилалии Ҷомеъат-ул-Мустафо Ал-Оламия дар шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Гургон ва Машҳад таҳсил менамоянд."

 

"Албатта, бисёр хуб мебуд, ки агар ин ҷавонони мо ба риштаҳои таҳсили дигар гузаронида шаванд, то ки ба онҳо Тоҷикистон эҳтиёҷ ва ниёз дорад. Ман дар назар дорам ба риштаҳои улуми дақиқ, ҳандаса, тиб ва ғайра, ки мо дар Тоҷикистон камбудии ин тахассусҳоро дорем."

 

Ин дархости раиси порлумони Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран садҳо нафар аз донишҷӯёни тоҷик, ки дар мадориси мазҳабии кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, ба ин кишвар бозгардонда шудаанд. Рӯзи 22 ноябр беш аз 100 нафар аз ҷавонони донишомӯзи тоҷик аз Эрон ба Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои ширкати "Осмон" интиқол дода шуданд. Ин афрод тайи солҳои мухталиф, умдатан мадориси мазҳабӣ дар шаҳри Зоҳидон, маркази устони Систону Балучистони Эрон, таҳсил мекарданд.

 

Он замон масъулони ширкати ҳавопаймоии "Осмон" гуфта буданд, ки пештар ҳам ҳудуди 30 нафар аз донишҷӯёни тоҷикро тавассути ҳавопаймоҳои ин ширкат ба Душанбе интиқол додаанд. Дар маҷмӯъ, онҳо бояд 168 нафар аз донишҷӯёни тоҷикро ба Тоҷикистон бозгардонанд. Ҳудуди се ҳафта қабл, 130 донишҷӯйи тоҷик тавассути як ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" аз Миср низ ба Тоҷикистон бозоварда шуданд, ки ин иқдом мавриди интиқодҳои шадиди масъулони Донишгоҳи Алазҳари Миср қарор гирифт. Ихроҷи донишомӯзон аз Эрон ва кишварҳои дигари исломӣ дар пайи дархости давлати Тоҷикистон сурат гирифтааст.

 

Мақомоти Тоҷикистон нигаронанд, ки ҷавонони тоҷике, ки дар мадориси мазҳабии кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, ба гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ хоҳанд пайваст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, қаблан дар як суханронии худ гуфта буд, ки ҷавонони тоҷики таҳсилкунанда дар мадориси мазҳабии кишварҳои исломӣ "терурист ва ифротгаро мешаванд." Вай хитоб ба мардум қотеъона гуфт "баргардонед, фарзандонатонро!" ва корзори баргардондани донишомӯзон дар пайи ин суханони раиси ҷумҳур ба таври густарда оғоз шуд.

 

Мутахассисони улуми дақиқа

Пешниҳоди Шукурҷон Зуҳуров ба мақомоти эронӣ дар бораи "ба риштаҳои дигар" гузарондани донишомӯзони тоҷик, ки "мо дар Тоҷикистон камбуди ин тахассусҳоро дорем", нишон медиҳад, ки мақомоти ин кишвар ҳамакнун роҳҳои дигар ё олтернотивиеро барои ҳалли ин масъала ҷустуҷӯ мекунанд. Дар гузашта, бисёре аз волидони донишомӯзони баргашта аз кишварҳои исломӣ аз он ибрози норизоятӣ мекарданд, ки ҳудуди ним сол аз замони қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистон гузашта ва фарзандонашон баъд аз бозгашт мумкин аст ба донишгоҳҳои кишвар пазируфта нашаванд.

 

Фирӯз Саидов, таҳлилгари масоили иҷтимоъӣ, мегӯяд, ки агар ҷониби Эрон дархости мақомоти тоҷикро бипазирад ва донишҷӯёни тоҷикро аз риштаҳои динӣ ба риштаҳои дигар, монанди улуми дақиқа, дар донишгоҳҳои Эрон гузаронад, ин амр барои Тоҷикистон бисёр муфид хоҳад буд.

 

Вай дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Давлати Эрон, бар хилофи бархе кишварҳои дигар, барои Тоҷикистон ҳамсоя, дӯст ва рафиқи наздиктарин аст. Ба ҷуз донишкадаҳое, ки равияи динӣ доранд, дар Эрон риштаҳои дигар, монанди физик, шимӣ ва муҳандисӣ низ хеле пешрафтаанд. Умуман, мутахассисони эронӣ дар тамоми ҷаҳон чун мутахасисони хуби фанҳои дақиқ бисёр машҳур мебошанд."

 

Ба эътиқоди оқои Саидов, баргардондани донишҷӯён аз Эрон ба Тоҷикистон сиёсати чандон дурусте нест, зеро онҳо барои идомаи таҳсили худ маболиғе сарф кардаанд, ки дар сурати бозгашт ин маболиғ ба ҳадар хоҳад рафт ва аз сӯйи дигар, барои овардани онҳо низ маболиғе сарф хоҳад шуд. Гузашта аз ин, ин нигаронӣ ҳам дар миёни коршиносон матраҳ аст, ки ҷавонони баргашта ба ватан дар Тоҷикистон на ҷойи коре пайдо мекунанд ва на ба идомаи таҳсил муваффақ мешаванд ва ин амр мумкин аст барои давлат ва ҷомеъа дардисарҳое эҷод кунад.

 

Тоҷикистон фақиртарин кишвар дар Осиёи Миёна шинохта шуда ва ба гуфтаи иқтисоддонҳо, давлати ин кишвар бо вуҷуди баргузории пайвастаи бозорҳои макора ё ба истилоҳ "ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ" аз эҷоди шуғлҳои пурдаромад ва таъмини зиндагии шоиста барои шаҳрвандонаш оҷиз будааст. Ин амр боъис шуда, ки садҳо ҳазор нафар аз ҷамъияти қобили кори Тоҷикистон умедро аз давлати худ канда ва барои дарёфти рӯзӣ ба Русия ва кишварҳои дигари собиқи Шӯравӣ муҳоҷират кунанд.

 

"СангтӮда-2 зудтар сохта шавад"

Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, ҳамчунин аз Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон хостааст, ки ба тасреъи раванди иҷрои тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Сантӯда-2" дар ҷануби Тоҷикистон мусоъидат кунад.

 

Оқои Зуҳуров аз ҷумла гуфта: "Самти истротежики ҳамкориҳои мо, албатта, арсаи энержӣ ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон дар ин бахш дорои иқтидори бузург аст, вале тавре ба шумо маълум аст, кишвари мо дар мавриди таъмини энержӣ барои аҳолӣ бо мушкилоте рӯбарӯст. Аз ин лиҳоз, ҳарчӣ зудтар ба истифода додани нерўгоҳи обии "Сангтуда-2" барои Тоҷикистон амри ниҳоят зарурӣ мебошад."

 

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта низ пайваста хостори иҷрои сареъи ин тарҳ шуда ва эълом доштаанд, ки фаъол шудани чархаи нахусти нерӯгоҳи Сангтӯда-2 дар зимистони оянда камбуди нерӯи барқ дар фасли сарморо коҳиш хоҳад дод. Вале Сайид Асғарӣ, мудири ширкати Сангоб мегӯяд, ки иҷрои ин амр ғаримумкин аст. Вай қаблан ба Би-би-сӣ гуфта буд: "Тибқи қарордод бо давлати Тоҷикистон, мо муваззаф ҳастем ин нерӯгоҳро то моҳи ферали соли 2012 фаъол созем. Ҳоло мо талош дорем, ки аз ин замон дер науфтем."

 

Ба гуфтаи оқои Асғарӣ, таъвиқи вогунҳои ҳомили колоҳо ва маводдии нерӯгоҳи Сангтӯда-2 дар қаламрави Ӯзбакистон раванди анҷоми умури сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳро кунд кардааст. Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 бо зарфияти тавлиди 220 мВт тарҳи муштараки Тоҷикистон ва Эрон аст, ки баъд аз фаъол шуданаш тӯли 12,5 сол моли Эрон маҳсуб хоҳад шуд. Сипас ин нерӯгоҳ ба ихтиёри давлати Тоҷикистон мегузарад. Давлати Эрон барои сохтмони ин нерӯгоҳ 180 милюн дулор ихтисос додааст.

 

Аз сӯйи дигар, Шукурҷон Зуҳуров аз мақомоти эронӣ хостааст, ки мавзӯъи ширкат дар "омӯзиш, таҳқиқот ва омодасозии" тарҳи нерӯгоҳи "Шӯроб" дар рӯдхонаи Вахшро, ки "барои бозсозӣ ва таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон ҳиссаи беназир дошта бошад", мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Вай ҳамчунин хостори тасреъи раванди имконсанҷии тарҳи нерӯгоҳи обии "Айнӣ" дар рӯдхонаи Зарафшон шудааст, ки тибқи тавофуқоти ду кишвар, ҷониби Эрон анҷоми онро ба дӯш гирифтааст. Оқои Зуҳуров аз тарҳи сохтмони хатти интиқоли барқи 500-килувотии Сантӯда-Машҳад низ ёдовар шудааст, ки ба назар мерасад ҷониби Тоҷикистон умедвори ҳарчи сареътар анҷом шудани он аз сӯйи Эрон аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3717-2010-12-01-04-45-45.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ