02:35:03 17-уми Июни 2025 сол

БОЗГАШТИ МАРЗБОНОНИ РУС ОЁ ҲАҚИҚАТ ДОРАД?

Имрӯз дар толори ҷаласаҳои «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе конфронси ҳамкории минтақавии Тоҷикистону Русия таҳти унвони «Тоҷикистон-Русия» -2010» баргузор гардид.

 

peshkovДар ҳошияи ин конфронс Максим Пешков сардори раёсати вазорати корҳои хориҷаи Федератсияи Русия ба хабарнигорон изҳор дошт, ки мавзӯи бозгашти марзбонони рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистон яке аз мавзӯъҳои матраҳ дар музокира байни ду кишвар аст. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки «бо дарназардошти вазъияти Афғонистонва хавфи паҳншавии терроризму ифротгароӣ аз тариқи марзҳои ин кишвар ба минтақа Русия омодааст, ки сарҳадбонони худро ба марзи Тоҷикистону Афғонистон бозгардонад. Агар ҳукумати  Тоҷикистон розӣ шавад, нирӯҳои марзбонии мо ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бармегарданд».

 

davlat nazrievДар ҳамин ҳол Давлат Назриев, сардори раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ ба хабарнигори сомонаи «Ruzgor.tj» бо ишора ба гуфтаҳои ҷаноби оқои Максим Пешков иброз дошт, ки чун сарҳади Тоҷикистону Афғонистон сарҳади кишварҳои узви ИДМ низ ба шумор меравад, масъалаи тақвият ва мустаҳкам кардани ин марзҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи мақомоти марбутаи ҳарду кишвар ва сиёсатмадорони ин давлатҳо қарор дорад.

 

Вале дар хусуси он ки мавзӯи бозгашти марзбонҳои рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистон дар байни ду кишвар матраҳ бошад, ӯ изҳори беиттилоӣ кард. Хотиррасон мекунем, ки нирӯҳои марзбонии Русия то соли 2005 ҳифозати  марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро ба ӯҳда доштанд. Дар ҳоли ҳозир танҳо мушовирони марзбонии Русия дар ҳавзаҳои марзӣ боқӣ монданд. Имтидоди марзи Тоҷикистону Афғонистон тақрибан 1400 километрро ташкил медиҳад.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3816-2010-12-09-12-28-27.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ