КУРСҲОИ ОМӮЗИШИИ САҲА БАРОИ МАРЗБОНОНИ ТОҶИК
Бино ба иттилои Дафтари САҲА дар Душанбе ин созмони байналмилалӣ курси омӯзишии пешрафтаро, ки ба назорати сарҳадии муассир нигаронида шудааст, барои кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ба итмом расонид.
Курси дуҳафтаина барои мутахассисони сарҳадӣ дар маркази омӯзишии Ҳисор, ки 20 км. дуртар аз Душанбе ҷойгир шудааст, баргузор гардид ва он кордонии иштирокчиёнро дар таҳлили иттилооте, ки аз назорати сарҳадӣ ба даст меояд беҳтар намуд. Бо дастгирии Дафтари САҲА таҳти Барнома оид ба тарҳрезии назорат ва идоракунии сарҳад, кормандони сохторҳои сарҳадии Тоҷикистон дар бахшҳои зерин дар тренинг омӯзиш гузаштанд: тарҳрезӣ ва идоракунии назорати сарҳад, роҳбарии сарҳад, равишҳои таҳлилӣ вобаста ба назорат, назорати доруворӣ ва назорати сарҳад дар фасли зимистон.
Аз моҳи июли соли 2009 ин ҷониб, ҳангоме ки нахустин Курси асосии идоракунии назорати сарҳад шурӯъ гардид, чилу як нафар корманди Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон муваффакона ин курсро ба итмом расонида сатҳи кордонии худро дар гузаронидани назорати сарҳадӣ баланд намуданд. Хатмкунандагони ин курс дар оянда дар гурӯҳҳои махсуси мобилӣ, ки дар хати сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон қарор дода мешаванд, фаъолият менамоянд.
«Ҳадафи ин курс таъмин намудани кормандони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо малакаю маҳорат ва дониши зарурӣ мебошад, ки бо ин тариқ ба баланд бардоштани салоҳияти кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ошкор намудан ва мубориза бурдан бо убури ғайриқонунии сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон тавассути истифодаи равишҳои тозаи назорат аз тарафи инсон, кӯмак мерасонад», қайд намуд Сафир Ивар Викки, Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон. «Дар миқёси васеътар, ин барнома ба ворид сохтани мафҳуми нави «назорати сарҳади сабз» роҳ мекушояд, ки зарурати он дар Стратегияи миллии идора намудани сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо кӯмаки Дафтари САҲА дар Душанбе таҳия шуда ба наздикӣ қабул гардидааст ишора шудааст».
Баъди ба итмом расидани барнома, Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҳамаи таҷҳизот ва амволи барномавиро ба Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон месупорад. Ин Дафтар алҳол се адад воситаи нақлиётро, ки дар ҳифозати сарҳад истифода бурда мешаванд, ба Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ тақдим намуд.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3860-2010-12-14-03-40-11.html