17:24:17 16-уми Июни 2025 сол

НИГАРОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ВАЗЪИ ТАРБИЯИ НАВРАСОН

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар ҷамъи шуморе аз зиёиён роҷеъ ба тарҳи «Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сӯҳбат мекард, аз коҳиши сатҳи тарбия ва афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон изҳори нигронӣ намуд.

 

Эмомали РахмонОқои Раҳмон таъкид кардааст, ки солҳои охир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае паст рафта, баъзе падару модарон ба ин масъалаи муҳим беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Ӯ ҳамчунин аз ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону наврасон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона изҳори нигаронӣ кард ва онро натиҷаи бемасъулиятии падару модарон унвон кардааст. Оқои Раҳмон гуфтааст, дар солҳои охир дар Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи ноболиғон 4200 адад ҷиноят содир шудааст. Хусусан, гуфтааст ӯ, аз тарафи ноболиғон содир шудани 104 маврид ҷинояти одамкушӣ нигаронкунанда аст.

 

Ҳушдор аз "ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегона"

Вай аз таъсири фазои берунаи иттилоотӣ ҳушдор дода, аз волидону расонаҳои миллӣ даъват кард, ки аз “вуруди ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегона” пешгирӣ карда, нагузоранд, ки онҳо дар ҷомеаи мо миёни наврасону ҷавонон паҳн гарданд ва афкори онҳоро “заҳролуд” намоянд. Ҷаноби Раҳмон дар идома шарҳ медиҳад, ки “сухан на фақат дар бобати падидаҳои зоҳирӣ, аз қабили сарулибос, одоби муошират, нишасту хез меравад, балки бештар дар хусуси ҷаҳонбинии миллӣ ва эътиқодоти маънавӣ” меравад.

 

Президенти Тоҷикистон дар чанд моҳи охир ташаббуси бозгардонии ҷавонҳои тоҷикро аз мактабҳои кишварҳои Исломӣ ба роҳ монда то имрӯз бо талоши сафоратҳои ин кишвар дар Эрону Мисру Покистону Арабистони Саудӣ беш аз ҳазор муҳассили, ба гуфтаи мақомот, ғайриқонуниро ба ватан баргардондааст.

 

Интиқод аз бемасъулиятии волидон

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, коста шудани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо, пеш аз ҳама аз бемасъулиятии падару модарон мебошад. Вай ба баланд бардоштани рўҳияи худшиносӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон аз ҷониби волидонашон таъкид мекунад.

 

Нуктаи наве дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки ӯ аз падару модарҳо даъват кардааст, ки ба хотири тарбияи фарзанди солеҳ ва бомаърифат ҳангоми таълиму тарбия ҳеҷ чизро дареғ доранд ва барои ба камолот расидани онҳо сармояи хешро дар парваришу омўзиши фарзандонашон сарф намоянд.

 

Вай дар ҷои дигаре мегӯяд, ки бархе волидон бо баҳонаи вазъи душвори иқтисодии оила фарзандонашонро аз донишомўзӣ дур мекунанд ва онҳоро ба бозору марказҳои хизматрасонӣ барои боркашониву бозорнишинӣ ва дигар корҳо сафарбар мекунанд. Дар натиҷа, ин гуна кўдакон аз таълиму тарбия дур монда, дар муҳити носолим ба воя мерасанд. Раҳбари Тоҷикистон меафзояд, падару модар вазифадоранд, ки дар ҳақи саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзандон ғамхорӣ кунанд.

 

Таъкид ба зарурати қонуни нав

Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, бо назардошти мушкилоти имрӯзаи атфоли тоҷик зарурате барои қабули қонуни вижа оид ба масъулияти волидон пеш омадааст. Аз нигоҳи президент, ин қонун бояд мутобиқ ба қонунҳо, суннату урфу одатҳои миллӣ таҳия шуда, барои рафъи як қатор мушкилот, аз ҷумла бо сабаби вуҷуди таассубу хурофот аз таҳсил дур мондани атфол, издивоҷи барвақтии духтарҳо, ки ба гуфтааш 234 ҳодиса ошкор шудааст, равона шавад. Ӯ меафзояд, ки танҳо фарзандони соҳибмаърифату дорои касбу кори замонавӣ метавонанд дар бунёди давлати пешрафтаву мутамаддин саҳмгузор бошанд.

 

Хиромон Бақозода, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3873-2010-12-14-18-08-28.html

Шарҳҳо   

 
0 #3 Guest 20.12.2010 17:49
Muhtaram janobi oli.Mo az shumo nihoyat minatdorem,inch unin mekhohem to ki in loiha ba konun tabdil doda shavad.Va tamomi kalamravi Tojikistoni aziz az on istifoda, baroi tarbiyai farzandi khesh barad.
 
 
0 #2 Guest 15.12.2010 01:23
salom sukhan dar borai raviyahoi digar meravad charo pisar bachahoi az 7 to 23 solara man didam dar Eron dar madrasahoi shiya mekhonand hamash hanuz kudakan saforatam khabar dorad hamajo khabar dorad medonan raviyai hami mardum diga shudos hej fikr namekunan dar borai ino. holo fikr namekuned mutmain boshed 5 yo 6 sol ba ba yak jangi dokhili mazhabi ru ba ru meshavem. boz dubora farhangamon zaif meshavad az majalai RUZGOR.TJ khohish mekunam harfhoi maro chop kuned iltimos harfhoi man taqdir soz shoyad boshand khudo yoru madadgor .
 
 
0 #1 Guest 15.12.2010 01:13
salom ba mardumi azizi tojik man khele khushhol shudam ki janobi oli ba fikri navrasoi mo shudai khudovand quvvat tiyadu ba fikri kalonoi ki donishgohora dar khorij tamom karda miyoyand boshed vaiho ham nasli fardoi tojik hastand khudo nigahdor azizon
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854