22:44:13 16-уми Июни 2025 сол

САФИРИ ИМА АФСАРОНИ АМНИЯТИРО ТАБРИК МЕКУНАД

Имрӯз, 15 декабр, сафири ИМА Кен Гросс 15 корманди Вазорати умури дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо хатми курси дуҳафтаинаи идоракунии тактикии амалиётҳои махсус табрик намуд. Дар нутқи худ сафир Гросс қайд намуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муносибатҳои хуби худро бо ҳукумати Тоҷикистон қадрдонӣ намуда умедвори ҳамкориҳои давомдор ва боз ҳам самарабахштар мебошад.

 

Кенет ГроссАфсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ банақшагирии тактикӣ ва гузаронидани амалиётҳои махсусеро омӯхтанд, ки натиҷаи хуби амалиёти асосӣ, амнияти мансабдорон ва шахсони дигари иштирокдори амалиёт ва озодии сухан ва ҳуқуқҳои аҳолии осоиштаро кафолат дода, ҳамзамон таҳдиди амалиётҳои шахсон ва гурӯҳҳои хусуматомез ё террористонро коҳиш медиҳад. Сафир Гросс афсаронро бо таъмини амниятии хуби кори Конфронси Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки чанд рӯз пеш дар Душванбе шуда гузашт, таъриф намуда иброз дошт, ки баргузории муваффақонаи он аз сатҳи баланди маҳорати касбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

 

чаласаКурси омӯзишии идоракунии тактикии амалиётҳои махсус дар соли 2010 шашумин курси кӯмакдиҳӣ ба мубориза алайҳи терроризм (АТА) мебошад, ки аз ҷониби идораи амнияти минтақавии сафорати ИМА маблағгузорӣ шудааст. Аз соли 2002  ба ин тараф беш аз 400 масабдори ҳукумати Тоҷикистон дар чунин давраҳои омӯзишӣ ширкат варзиданд. Бо ин мақсад аз ҷониби АТА  беш аз 6 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст. Барномаҳои омӯзишӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон доир мегарданд. Барномаи мазкур азҷумлаи силсилабарномаҳои кӯмакдиҳандае мебошад, ки сафорати ИМА аз номи мардуми Амрико дар Тоҷикистон татбиқ менамояд.

 

Аз соли 1993 инҷониб халқи Амрико барои барномаҳои кӯмакдиҳандае, ки рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, беш аз 900 миллион доллар масраф намудааст. 

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3888-2010-12-15-17-17-55.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ