22:39:42 16-уми Июни 2025 сол

ДОДСИТОНИ КУЛЛ: “БОЗДОШТИ РИШДОРОН ҒАЙРИҚОНУНӢ НЕСТ”

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, доштани риш яке аз вижагиҳои афроди мазнун дар аъмоли теруристӣ буда ва ба ин хотир ин амр барои ришдорҳои маъмулӣ дар кишвар дардисарсоз мешавад. Шерхон Салимзода гуфт, бештари терруристони боздоштшуда риш доранд ва пулис ришдоронро барои мушаххас кардани ҳуввияташон боздошт мекунанд ва “ин амр ғайриқонунӣ нест.”

 

Шерхон СалимзодаҲарчанд оқои Салимзода ҳамзамон таъкид кард, ки доштани риш дар Тоҷикистон мамнуъ нест. Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матубуъотии рӯзи сешанбеи 11 январ хабар дод, ки алайҳи сӣ нафар афроди мазнун дар ҳаводиси шарқи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи аъмоли ҷиноии онҳо идома дорад. Ба гуфтаи вай, бештари афроде, ки дар робита ба аъмолӣ теруристӣ боздошт шудаанд, риш доштаанд.

 

Оқои Салимзода дар робита ба боздошти гурӯҳе аз сокинони шаҳри Душанбе ба хотири ришдориашон чунин гуфт: “Ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ иттилоъоте дар бораи афроди ҷиноии дигар, ки дар ҳаводиси Рашт даст доштанд, дарёфт кардаанд. Ба ин далел бархе аз ришдоронро дар хиёбонҳои шаҳр барои мушаххас кардани ҳуввияташон боздошт мекунанд.”

 

Додситони кулл гуфт, тибқи қонуни Тоҷикистон маъмурони пулис ҳақ доранд барои мушаххас кардани ҳуввияти ашхос афроди “шубҳанок”-ро боздошт кунанд. Ахиран ҳаводиси боздошти мардҳои ришдор дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба мавзӯъи доғи расонаҳо ва маҳофили гуногун табдил шудааст. Дар охири ҳафтаи гузашта дар чорчӯби як "амалиёти ногаҳонӣ" (рейд) дар шаҳри Душанбе ҳудуди сӣ сокини ришдори пойтахт боздошт шуд, ки дар миёни онҳо як хабарнигори нашрияи “AsiaPlus” низ будааст.

 

Ҷанозаи кушташудагон шиносоӢ нашуданд”

Бо мурур ба мавзӯъе дигар дар нишасти хабарӣ, оқои Салимзода гуфт, дар зарфи як соли гузашта дар кишвар алайҳи 79 нафар ба иттиҳоми узвият дар “Ҳизби Таҳрир”, алайҳи 15 нафар ба иттиҳоми узвият дар Ҷунбиши исолмии Ӯзбакистон ва алайҳи 36 нафар ба иттиҳоми ҷонибдорӣ аз "Ҷамоъати таблиғ" парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст ва додгоҳ бархе аз ин афродро барои солҳои гуногун маҳкум ба зиндон кардааст.

 

Додситони кулл ҳамзамон таъкид кард, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ ниҳоди воҳиде муташакил аз пайкорҷӯёни исломӣ, ки алайҳи давлат фаъолият кунад, вуҷуд надорад. Вай гуфт: "Маъмулан гурӯҳҳои ғайриқонуние ҳастанд, ки ҷудогона аз ҳам фаъолият мекунанд. Бояд бигӯям, ки давлати Тоҷикистон аз шароити ҷилавгирӣ аз фаъолияти онҳо бархӯрдор аст ва ҳеҷ таҳдиде ба суботи кишвар вуҷуд надорад."

 

Дар посух ба ин суол, ки чаро аҷсоди нафароне, ки дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи "Алии Бедакӣ" кушта шуданд, ба пайвандонашон таҳвил намешаванд, гуфт, зеро онҳо шиносоӣ нашудаанд. Вай афзуд: "Бештаре аз ин аҷсод аз сӯйи пайвандонашон шиносоӣ нашуданд ва ба ин далел, давлати Тоҷикистон муваззаф мешавад худ ин афродро дафн кунад."

 

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта масъулони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтанд, ки ин афрод дар аъмоли теруристӣ мазнун ҳастанд ва тибқи қавонини кишвар аҷсоди "ин гуна афрод ба пайвандонашон таҳвил дода намешавад ва ҳатто маҳалли дафни онҳо эълом намешавад." Ҳарчанд, ба гуфтаи Шерхон Салимзода, алайҳи афроди кушташуда дар амалиёти Рашт дар иртибот ба иртикоби аъмоли теруристӣ парванда боз шуда ва таҳқиқи онҳо идома дорад.

 

Бо ин вуҷуд тибқи қонуни Тоҷикистон танҳо пас аз судури ҳукми додгоҳ, метавон афродро дар ҷароим муқассир донист. Аммо пайвандони афроди кушташуда мегӯянд, ки мақомот онҳоро барои шиносоӣ даъват накарданд. Онҳо мегӯянд, ки аз 5-уми январ, яъне баъд аз ҳодисаи кушта шудани гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Рашт то ҳоло талош доранд, ки аҷсоди пайвандонашонро шиносоӣ ва дарёфт кунанд.

 

Дар ҳоле ки оқои Салимзода мегӯяд, аҷсод шиносоӣ нашудаанд ва ба ин далел ба пайвандон таҳвил нашудаанд, аммо мақомоти интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон пештар ҳуввияти ҳамаи кушташудагон дар ин амалиётро эълом карда буд. Акнун ин суол матраҳ аст, ки бозрасон бидуни шиносоӣ шудани аҷсод асомии киро ба унвони афроди кушташуда эълом карданд?

 

Поксозии суфуфи додситонӢ

Шерхон Салимзода, ки тақрибан як сол қабл ба симати Додситони кулл интисоб шуда буд, дар нишасти матбъотии рӯзи сешанбе аз фаъолияти худ дар ин муддат гузориш дод. Тибқи гузориши ӯ барои бори нахуст дар таҷрубаи кори додситонӣ соли гузашта ҳудуди шаст нафар пас аз баргузории озмун барои кор дар ниҳодҳои доситонӣ интихоб шудаанд. Вай афзуд, номзадҳо барои кор дар додситонӣ зиёд буда, вале "кумиссиюни махсус беҳтаринҳоро интихоб кардааст." Таъкид шуд, ки зимни интихоби кодрҳо ҳамакнун муҳим нест, ки довталаб фориғултаҳсили кадоме аз донишгоҳҳо будааст.

 

Дар гузашта Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулл эълом карда буд, ки Додситонии Тоҷикистон бо Донишгоҳи милли ин кишвар созишномае имзо кардааст, ки тибқи он танҳо ин муассисаи омӯзишӣ барои додситонӣ кодрҳоро омода мекунад. Гузашта аз ин дар соли гузашта "поксозии суфуфи додситонии Тоҷикистон" сурат гирифтааст. Дар ин росто шонздаҳ додситон ба далели надоштани сатҳи кофии тахассусӣ аз симатҳои худ барканор шудаанд, ки дар миёни онҳо се нафар муъовинони додситонҳои вилоятҳо ва як раиси бахши Додситонии кулл низ будаанд.

 

Ҳамчунин 72 корманди дигар "огоҳӣ" гирифтаанд, ки агар дар тӯли шаш моҳ фаъолияти худро беҳтар накунанд, аз симатҳои худ барканор хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки дар миёни сокинони маъмулии Тоҷикистон ин бовар вуҷуд дорад, ки ришваситонӣ дар миёни кормандони додситонӣ зиёд будааст. Шерхон Салимзода хабар дод, ки дар як соли гузашта, танҳо 12 мавриди ришвадиҳӣ ба маъмурони додситонӣ ошкор шудааст, ки бархе аз ин ришваҳо муъодили 15 ҳазор дулор будааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4123-2011-01-11-18-29-38.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ