23:57:30 23-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТ БО ВАКИЛИ ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН

Дар сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон мулоқоти Асомиддин Саидов бо Равшанбек Собиров, раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ баргузор гардид. Дар ин дидор сафири Тоҷикистон Равшанбек Собировро ба муносибати интихоб шуданаш ба депутати парламенти Қирғизистон самимона табрик намуд.

 

porlamentВай бо хурсандӣ қайд кард, ки дар муддати бист соли охир аз байни тоҷиктаборони ин ҷумҳурӣ касе ба парламент роҳ наёфта буд ва Равшанбек Собиров аввалин шахсест, ки аз миёни тоҷикон ба органи олии қонунгузори Қирғизистон интихоб шудааст. Равшанбек Собиров изҳор дошт, ки бо истифода аз мақоми худ барои рушду равнақи забону фарҳанги тоҷикони Қирғизистон кӯшиш хоҳад кард. Вай роҳбарии созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистонро беш аз ду сол боз ба ӯҳда дорад ва таҳти роҳбарии Равшанбек Собиров корҳои шоёни диққат ба анҷом расид. Равшанбек Собиров дар ин мулоқот гуфт, ки барои мустаҳкам шудани муносибатҳои бародарона ва ҳамсоягии неки ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон талоши бештар хоҳад кард. Асомиддин Саидов аз номи мардум ва давлати Тоҷикистон як бори дигар Равшанбек Собировро бо интихоб шуданаш ба парламенти Қирғизистон муборакбод гуфт ва хоҳони пешрафту тараққиёти Қирғизистони бародар дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт шуд.

 

Дар маҷлиси парламенти Қирғизистон, ки дар таърихи 23 декабри соли 2010 баргузор гардид, Равшанбек Собиров ба вазифаи муовини раиси Комитети парламент оиди транспорт, коммуникатсия, алоқа, меъморӣ ва сохтмон интихоб шуд. Раёсати созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, ҳайъати эҷодии “Паёми Ала-Тоо”, аз номи ҳамаи ҳамзабонон фарзанди сазовори ватанро бо интихоб шуданаш ба ин вазифаи пурмасъул табрик гуфта, барояш бурдборӣ ва сарбаландиро таманно мекунанд.

 

Қодиршои Мурувват, барои «Рӯзгор» аз Бишкек

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4180-2011-01-18-06-52-31.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ