16:58:23 16-уми Июни 2025 сол

ДАВРАИ РАЁСАТИ РАҲБАРИ ҲНИТ МАҲДУД МЕШАВАД?

Раҳбарони ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), аз аҳзоби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон, мехоҳанд давраи раёсати раҳбари ин ҳизбро маҳдуд кунанд. Ин ҳизб қасд дорад аз роҳи ислоҳи ойинномаи худ барои раҳбари ҳизб танҳо ду давраи чаҳорсолӣ муқаррар кунад. Қарор аст ин мавзӯъ ба баррасии анҷумани ояндаи ҲНИТ, ки интизор меравад дар поёни соли ҷорӣ баргузор шавад, ироа шавад.

 

нахзати исломҲикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ, мегӯяд, ки таҷрубаи ҷаҳонӣ собит карда, ки танҳо ду давраи чаҳорсолӣ дар фаъолияти раҳбарон муассир аст. Вай афзуд, ки феълан ойинномаи ҲНИТ дар мавриди мӯҳлати раҳбарӣ маҳдудияте муқаррар накардааст, вале раёсати ҳизб хостори ислоҳи ин вазъ шудааст. Оқои Сайфуллозода гуфт: "Ҳизби мо даъво дорад, ки дар ниҳодҳои давлатӣ низ бояд мӯҳлати раҳбарӣ маҳдуд карда шавад. Вале дар ҳоле ки дар фаъолияти ҳизб ин муқаррарот вуҷуд надорад, даъвои мо чандон муассир нахоҳад буд. Ба ин далел, тасмим гирифтем, ки дар ин замина ойинномаи ҳизбро ислоҳ кунем."

 

Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, ки таҷрубаи бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки раҳбаронашон ҳудуди бист сол боз иваз нашудаанд, нишон медиҳад, ки давраи тӯлонии раҳбарии як нафар аз пешрафти фаъолияти ҳизб, ва дар маҷмӯъ, аз рушди ҷомеъаи маданӣ монеъ мешавад. Дар гузашта Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ҳам, изҳор дошта буд, ки ҳаргиз ҳадафи ҳифзи курсии раҳбарии ҳизбро надорад ва ҳар замон омода аст ин симатро ба номзади дигаре вогузор кунад.

 

Ҳамакнун, ба гуфтаи оқои Сайфуллозода, яке аз мубтакирони пешниҳод барои маҳдуд сохтани муҳлати раҳбарии ҲНИТ худи Муҳиддин Кабирӣ аст. Оқои Кабирӣ соли 2006 баъд аз фавти Абдуллоҳи Нурӣ, аз бунёнгузорон ва раҳбари пешини ҲНИТ, дар анҷумани ҳизбӣ раҳбари ин ҳизб интихоб шуд.

 

Абдуллоҳи Нурӣ симати раҳбари ҲНИТ-ро аз соли 1999 ба ӯҳда дошт ва ба гуфтаи Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, дар поёни умри худ изҳор дошта буд, ки бояд аз раҳбарии ҳизб даст бикашад. Оқои Сайфуллозода афзуд: "Устод Нурӣ пайваста мегуфтанд, ки рисолати ман дар симати раҳбари ҳизб анҷом ёфта ва бояд номзадҳои ҷавон вориди саҳна шаванд."

 

Ба эътиқоди бархе аз соҳибназарон, интихоби оқои Кабирӣ ба симати раҳбари ҲНИТ, ки аз исломгароёни нисбатан мӯътадил ва дорои афкори мудернистӣ шинохта шудааст, "симои ин ҳизби исломиро" то андозае иваз карда ва "тасвири онро бештар ба як ҳизби дунявӣ" табдил додааст.

 

Таҳлилгарон мӯътақиданд, ки оқои Кабирӣ бештар аз мудели туркии исломи сиёсӣ, яъне "исломӣ кардани ҷомеъа аз роҳи густариши арзишҳои исломӣ" ва ҷалби аксарияти орои умумӣ пайравӣ мекунад. Худи оқои Кабирӣ низ борҳо иброз доштааст, ки ба бунёди давлати исломӣ алоқаманд нест ва бештар тарафдори густариши арзишҳои исломӣ дар ҷомеъа аст.

 

Зимнан, ҲНИТ бори аввал дар соли 1991 дар Тоҷикистон расман сабти ном шуд ва баъд аз як сол фаъолияти он мутаваққиф шуд. Дар пайи имзои Созишномаи сулҳи миёни давлат ва мухолифони он дар соли 1997 ин ҳизб соли 1999 дубора сабти ном шуд ва ҳоло ҳизби умдаи мухолифи давлат дониста мешавад, ки ба гуфтаи масъулонаш, ҳудуди чиҳил ҳазор узв дорад.

 

Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демукроти Тоҷикистон, аз аҳзоби дигари мухолиф, аз тасмими раёсати ҲНИТ ба маҳдуд кардани мӯҳлати раҳбарии ин ҳизб пуштибонӣ кард. Вай гуфт, ки ҳарчанд ойинномаи ҳизби демукрот низ дар ин замина маҳдудиятҳоеро пешбинӣ накардааст, вале вай қасд дорад ҳадди ақал танҳо ду давраи чаҳорсолӣ раҳбарии демукротҳоро бар ӯҳда дошта бошад.

 

Вай афзуд: "Воқеъан, сиёсатмадор низ наметавонад беш аз ин мӯҳлат фаъолияти муассир дошта бошад. Ман худ ҳатто қасди раҳбарии ҳизб барои давраи дувумро надорам. Вале, ҳатто агар интихобам кунанд, баъд аз давраи дувум аз пешниҳоди номзадиам худдорӣ мекунам."

 

Дар гузашта, Раҳматулло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, аз аҳзоби дигари мухолифи давлат, низ гуфта буд: ӯли чанд сол аст, ки раҳбарии ин ҳизбро ба ӯҳда дорам ва омода ҳастам ин симатро ба нафари дигаре вогузор кунам."

 

Талошҳои мо барои дарёфти назари раҳбарони ҳизбҳои дигар, бавижа ҳизби ҳокими халқи демукрот, ки раҳбарии онро Президент Раҳмон аз соли 1997 бар ӯҳда дорад, натиҷае надод.

 

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 раҳбарии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад ва баъд аз ислоҳи қонуни асосӣ дар соли 2005 аз ҳаққи ширкат дар ду давраи ҷадиди ҳафтсолаи раёсати ҷумҳурӣ бархурдор шуд. Вай ҳамакнун метавонад то соли 2020 раҳбарии ин кишвари фақири Осиёи Миёнаро дар ихтиёр дошта бошад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4198-2011-01-19-11-45-13.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854