16:55:06 16-уми Июни 2025 сол

ҲНИТ ХОСТОРИ ТАҒЙИРОТ ДАР ҚОНУНИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ШУД

Бархе аз банду моддаҳои лоиҳаи «Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо арзишҳои динӣ, меъёрҳои Қонуни асосӣ ва мавозини ҷаҳонӣ муғойират дорад. Ва бидуни ворид кардани ислоҳот, қабули он паёмадҳои нохуб ба бор хоҳад овард. Ин матлаб имрӯз 21-уми январ дар нишасти хабарии раҳбари ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон садо дод. Дар баёнияе, ки Шӯрои сиёсии ҳизб дар ин робита ба нашр расонидааст, таъкид мешавад, ки он «бо ҳадафҳои нек ва ба хотири таъмини рушди муносиби наслҳои имрӯза ва ояндаи миллат» таҳия шудааст.

 

muhiddin kabiriМуҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ пешниҳодоти ин ҳизбро, ки ба гуфтаи ӯ ба манзури беҳтар шудани лоиҳаи ин қонун боис хоҳад шуд ироа кард. Аз ҷумла раиси ҲНИТ гуфт, пешниҳод доранд, ки номи қонун ба ин тарз қонун «Дар бораи масъулияти давлат, ҷомеа ва падару модар дар тарбияи насли наврас» табдил шавад. Бар изофа, ин ҳизб дар бархе аз банду моддаҳои қонун аз ҷумла дар зербанди моддаи 7 пешниҳод мекунад, ки ин ҷумла «иштироки фарзандони ноболиғ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва чорабиниҳои дастаҷамъона дар ҷараёни таълим роҳ надиҳанд» изофа шавад.

 

Афзун бар ин ҲНИТ пешниҳод мекунад, ки як банди наве ба чунин шакл ба моддаи 9 лоиҳаи ин қонун ворид карда шавад: «давлат бояд шароитеро ба вуҷуд биёрад, ки иҷрои талаботи ин ва дигар қонунҳои марбут ба тарбияи фарзандон, ҳам масъулин ва ҳам падару модар аз лиҳози моддӣ имконпазир гардад. Аз ҷумла, ҳадди ақали маош ва нафақа аз нишондодҳои сабади минималии истеъмолӣ барои ҳар шаҳрванд пойин бошад».

 

Раиси ҲНИТ гуфт, ки бовар надорад, ки ин пешниҳодот мавриди қабули қонунгузорони кишвар қарор хоҳад гирифт, вале ҲНИТ ва ӯ ба унвони вакили ин ҳизб дар парлумон вазифаи худ мешуморад, ки ин пешниҳодотро баён созад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4217-2011-01-21-10-28-19.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854