17:03:00 16-уми Июни 2025 сол

ПЕШНИҲОДҲОИ ҲНИТ БАРОИ ИСЛОҲИ ТАРҲЕ БАҲСБАРАНГЕЗ

Мухиддин КабириРаҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, ки ин ҳизб барои такмили тарҳи қонун дар бораи масъулияти падарон ва модарон беш аз 10 пешниҳодро ба давлат ироа мекунад. Муҳиддин Кабирӣ таҳияи тарҳи қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзанд"-ро бо дарназардошти беҳбудии тарбияти инсон дар ҷомеъаи имрӯзии ин кишвар хеле бамавқеъ хонд ва афзуд, ки аз ин назар куллияи аъзои ҳизб ҷонибдори ин қонун ҳастанд.


Оқои Кабирӣ рӯзи ҷумъаи 21 январ дар нишасти матбуъотии ин ҳизб гуфт: "Моҳиятан, дар пешнависи ин қонун масъулият барои тарбияти фарзанд ғайриъодилона тақсим шуда ва ба дӯши дигарон гузоштани масъулияти давлат дар заминаи тарбияти инсон мушоҳида мешавад."

 

Вай афзуд: "Таъмини рушди инсон ба дӯши давлат, волидон ва ҷомеъа аст, вале ҷомеъа ва падару модар бояд барои ин иқдом ба давлат кумак бикунанд. Аз ин се рукн масъулияти аслии тарбияти кӯдак дар ҷомеъа бештар ба ӯҳдаи давлат аст."

 

Раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд бо пешниҳоди ин қонун эҳтимолан бархе аз мақомоти давлатӣ аз ӯҳдаи анҷоми рисолати хеш барнамеоянд ва ин мақомот медонанд, ки дар оянда барои тарбияти нодурусти насли наврас мавриди интиқоди шадид қарор хоҳанд гирифт. Оқои Кабирӣ афзуд: "Аз ин рӯ, онҳо аз ҳоло масъулиятро ба дӯши дигарон мегузоранд ва ба истилоҳ, шонаи худро аз бори масъулияти тарбияти инсон холӣ мекунанд."

 

Бо ин вуҷуд, намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки унвони пешнависи қонун низ ислоҳ шавад. Номи ин санад ҳоло "Қонун дар бораи масъулияти падарон ва модарон дар таълиму тарбияти фарзанд" аст, вале ҲНИТ мехоҳад номи он ба "(Қонун) Дар бораи масъулияти давлат, ҷомеъа ва падару модарон дар тарбияти насли наврас" табдил дода шавад.

 

Ҳамчунин, оқои Кабирӣ мӯътақид аст, ки бештари моддаҳои тарҳи қонун дар бораи масъулияти волидон ҷанбаҳои насиҳатӣ ва ахлоқӣ доранд, ки ба ақидаи вай, ин амр муғойир бо қонунгузории Тоҷикистон буда ва боъис хоҳад шуд, ки масъулон мумкин аст аз он дар оянда истифодаи нодуруст кунанд.

 

Ниёз ба ислоҳи пешнависи қонун

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ ва аз аҳзоби умдаи мухолиф дар ин кишвар маҳсуб мешавад, гуфт, ки Шӯрои сиёсии ин ҳизб ислоҳияҳое ба 12 моддаи ин тарҳ пешниҳод кардааст. Намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бештар аз он нигаронанд, ки моддаи ҳафтуми ин санад намозгузории ҷавонони зери 18-сола дар масҷидро мамнӯъ хоҳад кард. Ин амр, ба ақидаи онҳо, як навъ нақзи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва бо Қонуни асосии Тоҷикистон муғойир аст.

 

Моддаи ҳафтуми пешнависи қонуне, ки аз сӯйи давлат таҳия ва ба баррасии умумӣ гузошта шудааст, ширкати фарзандони ноболиғ "дар фаъолияти иттиҳодияҳо ва чорабаниҳои дастаҷамъии диниӣ"-ро комилан мамнӯъ мекунад, вале пешниҳоди ҲНИТ ин аст, ки ширкати кӯдакон дар тадобири динӣ "танҳо дар ҷараёни таҳсил" мамнӯъ карда шавад.

 

Аммо Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар, мегӯяд ҷонибдори он аст, ки кӯдакон ва ҷавонон бештар ба муассисаҳои таълимии фаннӣ ва варзишӣ фаро гирифта шаванд. Ба гуфтаи оқои Шарипов, дар асри кунунӣ, ки ҷаҳон ба сӯйи фанновариҳои ҷадид меравад, ҷавонони Тоҷикистон низ бояд бештар ба омӯзишу парвариш фаро гирифта шаванд.

 

Оқои Шарипов бо ҷонибдорӣ аз моддаи ҳафтуми пешнависи қонун афзуд: "Дар шароити феълӣ, ки бархе аз имом-хатибони масоҷид дар Тоҷикистон худашон дур аз тамаддуни ҷаҳонӣ ҳастанд ва иддае аз онҳо ба ҷуз аз ҳаводис дар Фаластин ба ҷавонон иттилоъи ҷолиберо дода наметавонанд, беҳтар аст, ки ҷавонон ба китобхонаҳо бираванд."

 

Ҳамчунин, ба ақидаи вай, ҳоло дар мактабҳо таърихи дин тадрис мешавад ва ҷавонони довталаб бо иҷозаи волидон метавонанд дар муассисаҳои вижаи омӯзишии динӣ дарс бихонанд ва дониши мазҳабии худро ривоҷ диҳанд. Масъулони давлатӣ мегӯянд, ки ҳадафи аслӣ аз пешниҳоди ин тарҳ мусоъидат ба тарбияти беҳтари фарзандон ва боло бурдани масъулияти волидон дар ин замина аст.

 

Аммо таҳлилгарон бар ин боваранд, ки давлат ҳарчанд ба боло бурдани сатҳи таълиму тарбият таъкид мекунад, ваое ҳадафи аслияш аз таҳия ва тасвиби ин тарҳ бештар кунтрули афкори умумӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши ифротгароии мазҳабӣ дар миёни ҷавонон аст. Бо масъул донистани волидон дар тарбияти фарзанд, лоақал заминаи қонунӣ барои муҷозоти онҳое, ки фарзандонашон ба гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ пайвастаанд, фароҳам хоҳад шуд.

 

Дар тобистони соли гузашта, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як суханронӣ аз мардум хост, ки фарзандони худро аз мадориси мазҳабии кишварҳои исломӣ ба ватан бозгардонанд. Вай ҳамчунин ҳушдор дод, ки муҳассилони мадориси исломии хориҷӣ "теруристу ифротгаро мешаванд."

 

Дар пайи ин суханронӣ, садҳо нафар аз ҷавонони тоҷик аз кишварҳои хориҷӣ ба ватан баргардонда шуданд ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ки мақомот хонаводаҳоро барои бозовардани фарзандонашон ба ватан таҳти фишору таҳдидҳои густарда қарор додаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4225-2011-01-21-17-45-27.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854