ВОКУНИШИ МУҲИДДИН КАБИРӢ БА СУХАНОНИ БОЗОР СОБИР
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), нисбат ба суханони Бозор Собир, шоъири маъруф, дар бораи манъи фаъолияти ин ҳизб вокуниш кардааст. Оқои Кабирӣ ахиран дар як ҷаласа зимни шарҳи суханони Бозор Собир дар ин бора гуфт, ки бархе аз нерӯҳо дар дохили кишвар на танҳо манъи фаъолияти ҳизб, балки иқдомҳои дигареро орзӯ доранд. Оқои Собир дар мусоҳибае дар шумораи ахири ҳафтаномаи “Миллат” дар посух ба ин суоли хабарнигор, ки дар мавриди фаъолияти ҳизби исломӣ чи назар дорад, гуфтааст: "Агар ба ман вобаста мебуд, ҳизби диниро мебастам."
Вай афзудааст: "Ҳамин чиз аз хотири ман рафт, вагарна ба Президент бевосита муроҷиъат мекардам, ки дар Тоҷикистон ҳизбҳо зиёданд, ки аксарияти онҳо нодаркоранд. Агар ҳизбҳои демократӣ, халқӣ ё сотсиалистӣ бошанд, зарар надорад, вале ҳизби наҳзати исломиро ҳатман мебастам."
Бозор Собир далели ин назари худро чунин шарҳ додааст: "Охир, ҳама пайравонаш мардуми ақибмонда аст. Мардуми нимфеодал. Агар академик ҳам бошаду аз ҳамин ҳизб ҷонибдор бошад, ақибмонда аст. Агар зиёӣ ҳам бошад, дар асл як феодали асримиёнагӣ аст."
Муҳиддин Кабирӣ рӯзи шанбеи гузашта дар ҷаласае бо ҷавонони тарафдори ҲНИТ зимни шарҳи суханони ин шоъири маъруф гуфт, ки барои чопи ин мусоҳиба ҳам аз устод Бозор Собир ва ҳам аз ҳафтаномаи “Миллат” миннатдор аст. Ба гуфтаи вай, назари шахсе дар матбуъот мунташир шуд ва аз ин роҳ нишон доданд, ки "ҳадди ақал як фарзанди миллат" чунин назаре дорад. Ба эътиқоди оқои Кабирӣ чунин изҳори назар "ҳеҷ бадие надорад." Вай афзуд, ки Бозор Собир назари хусусии худро изҳор доштааст, вале "мо медонем, ки дар кишвари мо бисёриҳое ҳастанд, ки ба ҳамин назаранд, аммо намегӯянд."
Оқои Кабирӣ афзуд, ки ҳарчанд ин афрод ҳамфикри Бозор Собир ҳастанд, вале ба далели вазъи сиёсӣ ва диплумосӣ ин фикри худро изҳор намедоранд. Раҳбари ҲНИТ афзуд: "Бозор Собир танҳо гуфтааст, ки ҳизби наҳзатро манъ кунед, вале нагуфтааст, масъулони ин ҳизбро баред зиндон ё кори дигар кунед. Чун Бозор Собир бо табиъате, ки дорад, ҳаргиз ҷонибдори хушунат нест. Вале шояд дигарон танҳо дар пайи манъ кардани ҳизб набошанд. Ҳатто шояд ҷойи моро дар дигар ҷойҳо муъайян карда бошанд."
Вале ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, бар хилофи Бозор Собир ин афрод назари худро дар ин бора ифшо намекунанд. Вай афзуд, ки бигзор мардум чунин назари худро бигӯянд, "агарчӣ барои мо чунин андешаҳо чандон мувофиқ нест. Вале ин беҳтар аз он аст, ки дар қалбҳо, дар зеҳнҳо бошаду гуфта нашавад."
Зимнан, Бозор Собир дар авоили даҳаи 1990 мелодӣ узви порлумон ва аз муассисони Ҳизби демукроти Тоҷикистон буд ва ба мухолифони давлат кумунистии вақт пайваста буд, ки нерӯи умдаи онҳоро ҷонибдорони ҳизби наҳзати исломӣ ташкил медоданд. Баъд аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон (1991-1997) Бозор Собир боздошт шуд ва муддате дар боздоштгоҳе дар Душанбе ба сар бурд. Дар пайи фишорҳои байналмилалӣ оқои Собир аз боздоштгоҳ озод шуд ва нахуст ба Русия ва сипас ба Омрико муҳоҷират кард.
Ба гуфтаи бархе аз соҳибназарон, аз эҷодиёт ва мусоҳибаҳои чанд соли ахири Бозор Собир чунин бармеояд, ки дар ақоиди сиёсии вай тағйироте куллӣ сурат гирифта ва агар дар даҳаи 1990 вай аз давлати вақти кумунистӣ шадидан интиқод мекард, ҳоло ба як ситоишгари давлати Шӯравӣ ва низоми кумунистӣ табдил шудааст. Оқои Собир, ки солҳои дарозест дар Омрико ба сар мебарад, дар авохиои моҳи июли гузашта ба Тоҷикистон сафар дошт ва дар авхири моҳи гузашта дубора ба Омрико баргашт.
Вай дар тӯли ин сафари худ мусоҳибаҳое матбуъотӣ дошт, ки дар бархе аз онҳо аз нақши афзояндаи мазҳабиён дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистон ибрози нигаронӣ мекард. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар ин кишвар ва дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна аст, ҳоло аз умдатарин аҳзоби мухолифи давлат дар ин кишвар маҳсуб мешавад.
Дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ дар Тоҷикистон, ки дар моҳи феврали соли 2010 баргузор шуд, аз ин ҳизб ду намоянда вориди порлумон шуданд. Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон он замон эълом карда буд, ки ҲНИТ ҳудуди 8 дарсад аз орои умумиро ба даст овардааст, вале фаъолони ин ҳизб мӯътақид буданд, ки ҳизби онҳо 30 то 40 дарсади ороро ба даст оварда, вале дар шумориши оро тақаллуб сурат гирифтааст.
Тибқи натоиҷи интихобот, ҳизби ҳокими халқи демукрот, ки раҳбарии онро Президент Раҳмон ба ӯҳда дорад, бо беш аз 70 дарсади орои умумӣ аксари кулли курсиҳо дар порлумонро ба худ ихтисос дод.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4333-vokunishi-muhiddin-kabiri.html