САБАҚИ МИСР ВА ФЕҲРИСТИ "РАҲБАРОНИ ХУДКОМА"
Маҷаллаи "Тойм"-и Омрико, ки дар ҳамкорӣ бо Си-эн-эн мунташир мешавад, ба дунболи нооромиҳо ва тазоҳуроти пайдарҳам дар кишварҳои исломӣ феҳристи раҳбарони кишварҳоеро интишор додааст, ки ба гуфтаи ин маҷалла, бо хатари суқут рӯбарӯ ҳастанд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар радифи сарони кишварҳои Миср, Эрон, Судон, Алҷазоир, Зимбобве, Белорус, Арабистони Саъудӣ, Куреи Шимолӣ, Яман қарор дода шудааст, ки аз онҳо маҷаллаи "Тойм" ба унвони раҳбарони "худкома ва дучори мушкил" ном мебарад.
Маҷалла номи ин феҳристро "10 худкомаи лаби ҷар" номидааст. Дар ҳоле ки намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсӣ ва коршиносон ин арзёбии маҷаллаи омрикоиро воқеъбинона медонанд, аммо ба эътиқоди бархе дигар, ин гузориши "Тойм" ғаразомез аст. Оё дарвоқеъ давраи фармонравоии раҳбарони ба истилоҳи "Тойм" худкома саромадааст? Бархеҳо дар Тоҷикистон бар ин боваранд, ки дар сурати сабақ нагирифтан аз ҳаводиси Тунис ва Миср Президент Раҳмон низ мумкин аст бо ҳамон мушкилоте рӯбарӯ шавад, ки Ҳуснӣ Муборак таҷруба мекунад.
Ба навиштаи маҷаллаи “Тойм”, Эмомалӣ Раҳмон дар оғзи ҷанги шаҳрвандӣ ба қудрат расид: "Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷанг кушта шуданд, вале Раҳмон пирӯз шуд ва ҳоло худкомагии худро ҳамчун ҳисор дар баробари исломи ифротӣ тавҷеҳ мекунад."
Ин маҷалла менависад, ки дар асари бӯҳрони молии ҷаҳонӣ даҳҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик ба рустоҳои фақрзадаии худ баргаштаанд: "Дар чунин шароите таҳлилгарон аз эҳтимоли қиёми хуфтаи исломие бо ҳимояти пайкорҷӯёни баргашта аз Покистон ҳушдор медиҳанд."
Маҷалла меафзояд, ки оқои Раҳмон Тоҷикистонро ба монанди мероси хусусӣ идора мекунад ва агарчи "мумкин аст ҳукумати ӯ давом биёрад, аммо абрҳои тирае дар осмони Тоҷикистон лангар андохтаанд."
Сафаров: "Навиштаҳои "Тойм" заминаи илмӣ надорад"
"Он чи маҷаллаи “Тойм” навиштааст, на аз нуқтаи назари илмӣ, на сиёсӣ аст ва ба воқеъият рост намеояд. Зеро Тоҷикистон ва Белорус аз кишварҳои нисбатан муваффақ маҳсуб мешаванд. Бахусус, дар соли 2010 иқтисодашон хуб буд. Албатта, мушкилоти сиёсӣ доштанд, аммо хуб ҳал карданд. Белорус ҳам раиси ҷумҳурии худро интихоб кард. Барои ҳамин, инҷо ягон меъёри дурусти илмӣ ва сиёсӣ истифода нашудааст. Раиси ҷумҳури Эрон ҳам ба шеваи демукротик интихоб шуд. Албатта, бо мухолифонаш мушкил дошт, аммо демукросӣ ин гуна аст, ки норозиҳо метавонанд эътироз кунанд.
Аммо он чи дар Тунис гузашт ва дар Миср мегузарад, бояд гуфт, ки дар дунёи ҷаҳонишавӣ таъсираш ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мерасад. Тоҷикистони азизи мо ҳам ибрат мегирад. Мо кишвари карахт нестем, дар ҳолати гузор ҳастем. Камбудӣ ҳам дорем ва сол то сол камбудиҳоро ислоҳ карда истодаем. Мардум бояд камбудиҳоро бигӯяд ва давлат ҳам онро бояд ислоҳ кунад."
Саймуддин Дӯстов, сардабири нашрияи "Нигоҳ"
"Ба назари ман, ҳокимият дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз ноустувортаринҳо мебошад ва баъд аз он ҳукумати Нурсултон Назарбоев аст. Танҳо дар ҷойи сеюм метавон дар бораи Ислом Каримов ва сипас Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов сухан гуфт. Низоми худкома дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ ҳаст. Масалан, худкомагӣ дар Ӯзбакистон бо Тоҷикистон фарқ мекунад. Ва мардуми Ӯзбакистон вазъи зиндагиашон каме ҳам бошад, беҳтар аст. Ва муҳимтар аз ин, дар Ӯзбакистон диктотурии пулис ва амният ҷорӣ аст.
Ва дар ҷойе, ки диктотурии пулис ва амният амалӣ мешавад, ҳукумат барои давраи муъайяне устувортар боқӣ мемонад. Аммо дар мавриди таъсири ҳаводиси Миср ва равандҳои ҷаҳони арабӣ ба Тоҷикистон бояд гуфт сарфи назар аз ин ки натиҷаи эътирозҳо дар Миср чи хоҳад буд, таъсири он ба нухбаҳои (элитаҳои) ҳукмрон дар кишварҳои худкомаи Шарқ ва фаротар аз он бузург хоҳад буд.
Онҳо дарк мекунанд, ки чунин шеваи ҳукмронии онҳо хатарҳои бузурге эҷод кунанд. Зеро мо бояд таъкид кунем, ки он чи дар кишварҳои арабӣ мегузарад, тазоҳуроти худҷӯш ҳастанд, тазоҳурот тавассути технологияҳои нав - инқилобҳои шабакавӣ ҳастанд. То ҳадде худҷӯш ҳастанд, ки ҳатто роҳбарии онҳоро аз тарафи як гурӯҳ ё шахс ба даст гирифтан осон нест.
Далели дигаре, ки тазоҳуроти кишварҳои Ховари Миёна ба Тоҷикистон наметавонад беасар бошад, сабабҳои мушобеҳ барои тазоҳурот аст. Зеро ҷавонони ҳам Миср, ҳам Яман ва ҳам Тоҷикистон навмед ҳастанд. Онҳо аз ноумедӣ даст ба тазоҳурот заданд. Дар шароите, ки нухбагони ҳукмрон ҳеҷ меконисме барои ҷавонон фароҳам намекунанд, ки ҷавонон ба василаи он меконисмҳо ба сатҳи болотари иҷтимоъӣ бирасанд, албатта онҳо ба тазоҳурот даст мезананд."
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, таҳлилгари ҳизби наҳзати исломӣ
"Таҳлилҳои доираҳои таҳлилгари хориҷӣ ва байналмилалиро рад кардан намешавад, аммо ман баъид намедонам, ки ҳар чизе ки дар маҷаллаҳо ва васоити ахбори дигар пайдо мешавад, ҳадафи дигаре надошта бошад. Ҳамаи таҳлилгарон мегӯянд, ки дар Осиёи Миёна ҳамаи кишварҳо худкома ҳастанд. Вале чаро на ҳама шомили ин гуна таҳлилҳо мешаванд. Ба назари ман, далели ин ки Тоҷикистон дар ин феҳрист ҷой гирифта, ин аст, ки кишвари мо дар маърази бозии ҷаҳонӣ қарор дорад. Яъне бо Тоҷикистони мо ҳанӯз ҳам бозӣ мекунанд, яъне барномаҳое дар мавриди Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Аммо оё ҳаводиси кишварҳое, ки мавриди тазоҳурот ва таҳаввулот қарор гирифтанд, ба Тоҷикистон таъсир мекунанд ё не? Ҳеҷ тазоҳуроте ҳатто агар бо дасти нерӯе хориҷӣ анҷом шавад, бидуни шароити фароҳам барои ин гуна таҳаввулот рух дода наметавонад. Ман ба ин назарам, ки низомҳое, ки масалан дар Миср ва Тоҷикистон ҳаст, бо ҳам тақрибан фарқ надоранд. Аммо имконияти майдондорӣ ва садобаландкунӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Ин мавридест, ки мо бо Миср фарқ мекунем. Бар иловаи ин, мо таҷрибаи талхи “майдондорӣ” доштем. Дар Миср ҳам вазъият мушобеҳ ба солҳои 90-и мосст, ду майдонро бо ҳам ҷанг меандозанд. Ин ҳаводис ба мо таъсири ғайримустақим дорад. Имкон надорад, ки нухбагони сиёсии мо аз он чи дар онҷо мегузарад, дарс нагиранд, таъсири равонӣ ба онҳо нарасонад. Онҳо бояд дарк кунанд, ки агар тағйироти ҷиддие нашавад, рафта-рафта мо ҳам ба ин вазъият мерасем."
Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари ҳизби сотсиал-демократ
"Миср бо Тоҷикистон шабоҳат ва фарқиятҳо дорад. Умумият ин аст, ки тавассути ислоҳи Қонуни Асосӣ заминаҳои ҳуқуқӣ барои тамдиди ваколати раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар фароҳам шудааст. Давлат аз мардум оҳиста-оҳиста дур шуд. Усули мудирият авторитарӣ (мустабид) гардид, ки боъиси нигаронӣ мебошад. Зуҳуроти номатлуб, ба монанди фасод ва маҳалгароӣ, ба назар мерасад. Аммо тафовут он аст, ки дар Миср эҳсоси миллӣ ва фарҳанги сиёсии мардум болотар мебошад. Аммо дар Тоҷикистон маҳалгароӣ ва қавмгароӣ боъиси маҳдудияти рушди фарҳанги сиёсӣ шудааст.
Давлатдорон ҳам дар замони Шӯравӣ ва ҳам баъд аз он бо аҳдофи сиёсӣ бархурди маҳалҳоро дар Тоҷикистон ҳамеша нигоҳ доштаанд. Аммо дар феҳристи раҳбарони худкома қарор гирифтани Тоҷикистон ва Белорус заминаи воқеъӣ дорад. Заминаҳо ин тӯлонӣ боқӣ мондани раҳбарони давлат, мушкилоти фазои иттилоъотӣ, поён будани сатҳи зиндагӣ ва номуфаффақ будани сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва самарабахш набудани ҳама гуна ислоҳот аст.
Замоне буд, ки давлатҳои Ғарб ва созмонҳои байналмилалӣ мушкилоти Тоҷикистонро нодида мегирифтанд, аммо ҳоло ба масъалаҳои демукросӣ ҷиддитар мутаваҷҷеҳ шудаанд. Агар ба Миср ва дигар кишварҳои арабӣ нигоҳ кунем, Омрико ва Итиҳодияи Урупо авлавиятро ба демукросӣ ва иваз шудани раҳбарони сиёсӣ ҳамчун шарти асосии мардумсолорӣ мебинанд ва кӯшиш мекунанд, ки раҳбарони Миср ва дигар кишварҳои минтақа аз истифода аз силоҳ худдорӣ кунанд.
Ин нишон медиҳад, ки ба таври усулӣ онҳо ба иваз шудани раҳбарони сиёсӣ алоқа доранд. Вазъи Тоҷикистон низ ноустувор мебошад. Агар ҳусни тафоҳум миёни Русия ва кишварҳои урупоӣ шавад, эҳтимоли иваз шудани раҳбарони сиёсӣ вуҷуд дорад. Аммо бояд гуфт, ки Чин ҳоло ба унвони як бозигари мустақил дар минтақа ворид шудааст, ки демукротик нест ва агар Омрико, Русия ва Урупо талоши таҳаввули ҷиддӣ дар Тоҷикистон кунанд, Чин метавонад омили монеъшаванда бошад."
Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили динӣ
"Ин гуна феҳристҳо тавассути компютерҳо, ба василаи ҳисоби омори шохисҳои мухталиф таҳия мешаванд. Яъне компютер феҳристро мушаххас мекунад, на инсон. Компютер инсон нест, ки эҳсос дошта бошад ва ягон кишвар ё раҳбари кишварро бад бинад ва ё баръакс аз вай тарафдорӣ кунад. Барои ҳамин, фикр намекунам, ки феҳристи мунташиршуда муғризона бошад, зеро натиҷаи ҳисобу китоби компютер аст. Аммо саволи дигар ин аст, ки чаро бархе аз кишварҳои ҷаҳон, масалан Юнон ё Исландия дар ин ҷо нестанд? То ҷойе ки мо медонем, он ҷо ҳам вазъи ҳукумат ноустувор аст.
Ё чаро Ҳомид Карзай дар ин феҳрист нест? Шояд барои он, ки агар ӯро эълом мекарданд, мардуми Омрико мепурсид милёрдҳо пуле, ки барои Афғонистон масраф шуд, натиҷааш чист? Бо ин вуҷуд, ман гумон надорам, ки дар як, ду ё се соли оянда чизе дар Тоҷикистон иттифоқ афтад. Ба назари ман, ин ки давлат донишҷӯёнро аз Миср баргардонд, хуб шуд. Агар ҳоло дар онҷо мебуданд, чанд тоҷик кушта мешуд. Бачаҳое, ки аз онҷо омаданд, гуфтанд, ки дар он ҷо фақат нон мехӯрданд, чун нон арзон буд. Аммо ҳоло қимати нон боло рафт ва чун 25 дарсади аҳолии Миср бекоранд, онҳо ба тазоҳурот баромаданд. Чи тавре, ки мегӯянд, “гушна шера мезанад”.
Инқилоби Эрон бо боло рафтани баҳои гӯшт сар зада буд. Инқилоби октябри Русия низ барои он сар шуд, ки гандум ва орд набуд. Ордро аз Сибир дар вақташ наоварда буданд, мардуми гурусна ба по хест. Ин сенориёи клосикии ҳар инқилоб аст. Қоҳира низ аз бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон аст, 14 милюн ҷамъият дорад ва теъдоди афроди камбизоъат дар шаҳрҳои бузург маъмулан зиёд аст ва бо бадтар шудани шароити иқтисодӣ ҷамъ шудани як милюн нафар дар Қоҳира осон буд.
Аммо дар Тоҷикистон бошад, муҳоҷирон ҳама дар берун ҳастанд ва пуле, ки муҳоҷирон ҳоло ба Тоҷикистон мефиристанд, дар муқоиса бо соли гузашта тақрибан 30 дарсад бештар шудааст. Таъсир ин аст, ки фақат андешаҳои нав меояд. Масалан, пас аз ҳодисаи Тунис ҳизби наҳзати исломӣ муқаррароти худро дигар мекунад, ки раҳбари ҳизб фақат ду давраи раҳбарӣ дошта бошад."
Шамсияи Қосим, Би-Би-Си, Душанбе
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4345-sabaqi-misr.html