17:21:16 16-уми Июни 2025 сол

МИСР: АЗ ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК КАСЕ ОСЕБ НАДИДААСТ, ВАЛЕ…

Дархости донишҷӮёни тоҷик

Тавре аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» иттилоъ доданд, бинобар кор накардани бонкҳо ва камбуди маблағ донишҷӯёни тоҷик ҷиҳати муваққатан бозгаштан ба Ватан ба сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар муроҷиат кардаанд.

 

mideast_egypt_protestБа иттилоъи ин манбаъ тамоми донишҷӯёни тоҷик то имрӯз ба таҳсилоти худ идома дода, дур аз марказ ва майдони «Таҳрир», ки дар он ҳазорҳо мисрӣ даст ба тазоҳурот задаанд, ба сар мебаранд. Сафорат таъкид кард, ба ғайр аз камбуди молӣ дигар ҷои нигаронӣ нест ва ҳеҷ кас низ аз тоҷикон осеб надидааст. Ҳамакнун беш аз сад нафар аз донишҷӯёне, ки тибқи квотаи давлатӣ ба ин кишвар сафар карда буданд, барои бозгашт ба Ватан ба сафорати Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Ҳамзамон донишҷӯёне, ки аз ҳисоби маблағи худ барои таҳсил ва ё корҳои дигар ба Миср сафар карда буданд, дар робита бо бозгашт ба Ватан аз эҳтиёт кор мегиранд ва то ҳол дар ин бобат тасмими ниҳоии худро нагирифтаанд.

 

Сафорати кишвар ба тоҷикони муқими Миср, ба онҳое ки дар масъалаи бозгашт ба Ватан ба як қарор наомадаанд тавсия додааст, ки забонхат навишта масъулияти буду бошро дар ин кишвар ба ӯҳдаи худ бигиранд. Сафорат касеро ба тарк намудан ва ё истодан дар Миср маҷбур накардааст. Онҳое, ки аз ҳисоби худ барои таҳсил ва ё кор ба Миср омадаанд, танҳо аз аз сабаби камбуди пул маҷбур мешаванд ин кишварро тарк кунанд. Зеро агарчӣ мағозаҳо ҳама кор кунанд, маводи ғизоӣ низ фаровон бошад ҳам, аз сабаби таътил будани бонкҳо ва камбуди пул мардум ба мушкил дучор мешаванд,- иброз доштааст манбаи мазкур.

 

Таҳаввулоти ахири Миср

Таҳаввулоти ахири Миср ба нақл аз пойгоҳи интернетии «Алҷазира», тазоҳуроти мардумӣ дар Мисри Араб дар ҳоли шакл гирифтан аст ва ҳар лаҳза метавонад ранги дигар бигирад. Миллионҳо нафар барои ибрози мақсадҳои худ ба калонтарин шаҳрҳои ин кишвар омада дар ҷамъи тазоҳуроткунандагон мепайвандад. Ҳадаф аз ҷамъ омадани миллионҳо нафар аз ҳукумат рафтани ҳокими Миср, Ҳуснӣ Муборак, аст, ки беш аз сӣ сол дар Миср фармонравоӣ кардааст. Пирамарди 82-сола бар зами эътирози ин қадар тазоҳуроткунанда курсияшро тарк карданӣ нест.

 

Рӯзи гузашта ҳазорон нафар аз нерӯҳои амниятии Миср дар либосҳои мулкӣ миёни тазоҳуркунандагон ворид гардида бо онҳо даст ба гиребон шудаанд. Дар ин даргириҳо беш аз 1000 нафар аз мӯътаризон ҷароҳат бардоштанд. Дар ҷамъи миллионҳо тазоҳуроткунанда 5500 нафар аз нерӯҳои амниятии Миср ва 1500 каси дигар аз командуҳои Исроилӣ бо либосҳои мулкӣ дар байни тазоҳуроткунандагон ворид шуданд ва барои боқӣ мондани ҳукумати Муборак бо тазоҳуроткунандагон даргир шуданд. Даргириҳо миёни тарафдорони Муборак ва мухолифони режими вай бо шиддат идома пайдо кард ва дар ҳамин вақт нерӯҳои амниятӣ бо силоҳ ба тазоҳуроткунандагон ҳамла карданд.

 

Баъд аз ин тазоҳуркунандагон дар майдони Таҳрир барои ҷилавгирӣ аз нуфузи нерӯҳои Муборак ва ҳамла ба мардум, атрофи ин майдон деворҳои зинда аз ҳисоби одамонро ташкил доданд.  Дар ҳамин ҳол собиқ мудири дафтари Ҳуснӣ Муборак таъкид кард: «Муборак ба тавсияҳои ҳеҷ кас дар ҳукумат гӯш намедиҳад ва заминаи ба қудрат расидани Ҷамол Муборак, писари ӯ ва меросӣ кардани қудрат дар хонадони худро аз соли 1998 оғоз кардааст».

 

mideast_egypt_protest_1Шабакаи хабаргузории Пресс ТВ, дар як хабари фаврии худ эълон кард, ки тарафдорони Муборак бо ҳамла ба Маркази рӯзноманигорон дар шаҳри Қоҳира ду хабарнигорро дастгир карданд ва ин мӯҷиби эҷоди ваҳшат дар байни журналистон шудааст.  Мухбири ин шабака тариқи телефони ҳамроҳ хабар дод ва шукр кард, ки қабл аз омадани онҳо муваффақ шудааст, ки онҷоро тарк кунад. Ёдрас мешавем, қабл аз ин ду хабарнигори бахши англисии шабакаи «Алҷазира», дар рафти даргириҳо ҷароҳат бардошта буданд.

 

Ин рафтори Муборак ва тарафдорони ҳукумати вай боис шуд, ки аксар кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ расман аз Муборак бихоҳанд, ки ба ҳарфи мардумаш гӯш диҳад ва барои манофеи Миср кишвар ва курсиашро тарк кунад. Ба иттило хабаргузории Форс, Барак Обома, раисҷумҳури Амрико, низ аз Умар Сулаймон, муовини Муборак, зимни як сӯҳбати телефонӣ хост, ки зарфи чанд соат Муборакро аз сари қудрат дур кунад.

 

Дар ҳамин ҳол эътирозгарон, дар шаҳри Искандарияи Миср, натанҳо хостори аз сари қудрат рафтани Муборак шуданд, балки ба хотири кушта шудани беш аз даҳ нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз ҳазор каси дигар, аз мақомоти интизомии кишварашон хостанд, ки барои ин ҷиноёт Муборакро эъдом намоянд.

 

ҚарзовӢ: Муборак мардумашро қурбонӢ мекунад

Раиси Анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон бо ишора ба ҳамлаҳои рӯзҳои ахири нерӯҳои Миср ба тазоҳуроткунандагон таъкид кард, ки Муборак дар ҳоли қурбонӣ кардани мардумаш аст ва ин як амали ҳаром ба шумор меравад. Ҳол он ки чанд рӯз пеш Шайхулазҳар Аҳмад Тайиб, бо истинод ба Қуръон тазоҳорути мардумро ҳаром эълон карда буд, ки он вокунишҳои уламо ва донишмандони зиёдеро дар ҷаҳони ислом ба бор овард.

 

Дар вокуниш ба даргириҳои ҳомиёни Ҳуснӣ Муборак бо тазоҳуроткунандагон дар майдони Таҳрири Қоҳира, Юсуф Қарзовӣ гуфт: «Муборак ба куштори миллати худ оғоз кардааст. Оё мумкин аст, Мубораке, ки иддаои дӯстдории миллати худ мекунад, даст ба қатли мардумаш бизанад?».

 

Вай хитоб ба Муборак гуфт: «Фарзандони миллати худро куштан барои ту ҳаром аст ва аз оқибати зулм андеша кун».

 

Қарзовӣ тамоми ақшори миллати Мисрро барои ҳузур дар майдони Таҳрири Қоҳира ва пайвастан ба ҷамъи тазоҳуроткунандагон фаро хонд, то ҳузури онҳо барои захмбардоштагон чун марҳам унвон шавад. Ӯ аз артиши Миср хост, ки дар муқобили нерӯҳои Муборак аз мардум ҳимоят кунанд. Қарзовӣ ба ҷавонони тазоҳуроткунанда дуруд фиристод ва аз онҳо хост то устувор бошанд ва майдони тазоҳуротро тарк накунанд. Ӯ афзуд: «Ё саъодатмандона ва бо шарарафона зиндагӣ кунед ва ё мардонавор барои озод зистан шаҳид шавед».

 

Вай гурӯҳҳои сиёсии Мисрро ба ваҳдат фарохонд ва таъкид кард, ки набояд бо якдигар ихтилоф дошта бошанд, балки бояд бо ҳам муттаҳид шаванд. Раиси Анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон дар идома имомхатибон, имомони намозҳои панҷвақта, пизишкон, рӯзноманигорон ва ғайрро ба ёрии ҷавонони тазоҳуроткунанда ва ҳузур дар хиёбонҳо дар канори ин ҷавонон даъват кард.

 

Идомаи тазоҳурот

Тазоҳуроти мардумӣ дар Миср ҷаҳонро такон дод ва бархе аз роҳбарони чанде аз кишварҳои дунё барои дучор нашудан ба оқибатҳое бадтар аз ин, аз даст надодани манофеъ худ ва муҳмтар аз он, аз даст нарафтани курсӣ аз эҳтиёт кор гирифтанро шурӯъ карданд. Ҳукумати Урдун, ҳамсоякишвари Фаластин, ба истеъфо рафт ва даҳҳо ҳазор нафар дар Санъо, пойтахти Яман, истеъфои Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисҷумҳури ин кишварро хостор шуданд. Расонаҳои хабарӣ ин ҳамаро оғози бедории мардум ва “бадбахтии” ҳукуматдорони худкома эълон карданд.

 

Зайнулобиддин бен Алӣ рафт, Муборак барои худ аз Саудӣ дархости вуруд пурсид ва Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Арабистон низ дар шаҳри Ҷаддаи кишвараш ба ӯ ваъдаи макони зист дод. Муборак рахти сафари худро омода карда истодааст, аммо кӣ медонад, ки Муборакро Ҷадда дар интизор аст ва ё ба маҳкама кашидану сипас ба мисли Саддом дар ҷамъи мардум ба дор овехтан. Ин ҳамаро вақт муайян хоҳад кард. Ҳоло бошад тазоҳурот дар Мисру Яман идома дорад ва Мубораку Алӣ Абдуллоҳ пофишорӣ мекунанд, ки қурдатро ба касе надиҳанд!

 

ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК: "МОРО АЗ МИСР БАРОРЕД!"

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4346-az-donishjuyoni-tojik.html

Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 05.02.2011 21:03
dar misr yak junbishi iqtisodi nist baliki junbishi islomi ast ki ba khosti khudo dar tj ham khohad rukhdod
 
 
0 #1 Guest 05.02.2011 05:55
in saforatoi mo ba hich kujo bA kor nameoyand ino fakat dunboli pulu moli khudshonan parvo nakune barodaro va khoharo KHUDO nigahbontonay ba mahtali i saforat namone megum ku ino fakat pul pul pul megan oli yagon ruz pul gufta memurannn
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854