16:55:07 16-уми Июни 2025 сол

КАБИРӢ: "СӮҲБАТҲОИ МАН БО ҲУГЛАНД БЕШТАР ШӮХИОМЕЗ БУД"

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд бархе аз сӯҳбатҳояш бо Ричард Ҳугланд, сафири собиқи Амрико дар Душанбе, ки мӯҳтавои он дар Викиликс мунташир шудааст, бештар "шӯхиомез" будааст.

 

kabiri 222Оқои Кабирӣ рӯзи чаҳоршанбеи 9 феврал дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ба бовари ӯ, санадҳое, ки Викиликс интишор медиҳад, дар маҷмӯъ, бидуни ғараз ҳастанд ва ин сойт танҳо паёмҳои диплумотикеро, ки воқеъан аз сафоратҳои Амрико ба Вошингтун ирсол шудаанд, мунташир мекунад. Аммо раҳбари танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Тоҷикистон таъкид кард, ки хонандагони ин аснод бояд шарҳу тафсири сӯҳбатҳо аз сӯйи диплумотҳои омрикоиро аз он чи воқеъан дар ин мулоқотҳо аз сӯйи мусоҳибон гуфта шудаанд, ташхис бидиҳанд.

 

Сойти ҷанҷолбарангези Викиликс рӯзи 3-юми феврал санадеро интишор дод, ки аз дидори Муҳиддин Кабирӣ, муъовини собиқ ва раҳбари кунунии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), бо Ричард Ҳугланд, сафири собиқи Амрико дар Душанбе, дар охири моҳи ноябри соли 2005 ҳикоят мекунад. Он замон оқои Кабирӣ муъовинати аввали Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари вақти ин ҳизбро ба ӯҳда дошт ва ҳамзамон намояндаи ҲНИТ дар порлумон буд.

 

Дар номаи "маҳрамонаи" (confidential) сафири собиқи Амрико ба Вошингтун омадааст, ки оқои Кабирӣ он замон аз ин ки давлат мехоҳад ӯро дар ҳошия қарор диҳад ва ин ки "андешаҳои ғарбгароёнаи" ӯ мумкин аст бахши қобили таваҷҷӯҳе аз аъзои ҳизбро навмед кунад, нигарон будааст. Тибқи ин санад, оқои Кабирӣ ҳамчунин аз дидори Кондулизо Ройс, вазири хориҷаи собиқи Амрико, аз мадрасаи исломӣ ва масҷиди марказии шаҳри Душанбе ситоиш карда, аммо гуфта будааст, аз ин ки ин рӯйдод дар телевизиюнҳои давлатӣ пӯшиш наёфт, нороҳат аст.

 

Дар ин нома ҳамчунин омадааст, ки Ричард Ҳугланд, сафири вақти Амрико дар Тоҷикистон, ба Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, ки яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвараш дар Осиёи Миёна пайдо кардани роҳҳои муносибе барои пуштибонӣ аз "исломи муътадил ва суннатӣ" ва раҳбарону аҳзобе будааст, ки ин гуна исломро ташвиқ мекунанд. Яке аз нукоти ҷолибе, ки санади интишорёфта дар Викиликс, зикр шуда, ин аст, ки оқои Кабирӣ ба сафири Амрико гуфтааст, ки раиси порлумони вақти Тоҷикистон (Сайдулло Хайруллоев) аз вай хостааст, ки минбаъд аз бастани галстук ё гулӯбанди норинҷӣ парҳез кунад.

 

Аммо оқои Кабирӣ "бо ханда" гуфтааст, ки моил нест бо ин роҳ дар ҳимоят аз "инқилобҳои рангин" ба мардум паёме бидиҳад. Оқои Кабирӣ воқеъияти ин матлабро рад накард, вале гуфт, ки ин нуктаро дар ҳошияи сӯҳбатҳо бо сафир ба таври шӯхиомез иброз доштааст. Ин дидор замоне анҷом шуда буд, ки пӯшиши либос ё бастани каровоти (галстук) норанҷӣ рамзи "инқилоби норанҷӣ" дар Укройн маҳсуб мешуд.

 

Оқои Кабирӣ гуфт: "Ман фақат ин нуктаро шӯхиомез дар мавриди он гуфта будам, ки чи қадар сиёсатмадорон нисбат ба ҳаводиси Гурҷистон ва Укройн ҳассос шудаанд. Ман бо оқои Хайруллоев муносибати самимона доштем ва рӯзе, ки тасодуфан галстуки норинҷӣ баста будам, он кас ба ман гуфтанд, ки беҳтараш ин галстукро напӯшам, чун инро баъзеҳо ҳамчун паём мефаҳманд."

 

Он гуна ки Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ин танҳо мавриди шӯхӣ дар сӯҳбати самимонаи шаш сол қабли вай бо сафир Ричард Ҳугланд набудааст. Зоҳиран "шӯхиҳои дигари" вай бо сафир низ акнун дар сойти Викиликс дар маърази анзори умумӣ қарор гирифтаанд. Дар санаде, ки ин сойт интишор дода, мехонем: "Бо ҷиддияти бештар оқои Кабирӣ гуфт, ки ҳадафи аслии ӯ ба унвони як "сиёсатмадори мухолиф" науфтодан ба зиндон аст."

 

Дар шарҳи ин нукта оқои Кабирӣ мегӯяд: "Ин ҳам яке аз ҳамон шӯхиҳост, ки тафсири он ба номанигор вобаста буд. Шояд ӯ аз ман пурсидааст, ки "Талоши шумо пеш аз ҳама чист?" ва ман гуфта бошам, ки "ба зиндон наафтодан", зеро дар ҳар кишвари Осиёи Марказӣ ин эҳтимол барои мухолифон вуҷуд дорад."

 

Таърихи ин нома ба шаш соли пеш, яъне ба замоне бармегардад, ки Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари пешини ҲНИТ, аз бемории саратон ранҷ мебурд ва аз бас бештари умури идорӣ зоҳиран ба дӯши оқои Кабирӣ буда, сафири Амрико низ аз ӯ ба унвони "раҳбари мунтазир" (Chairman-in-Waiting) ном бурдааст. Тибқи санади Викиликс, сафири вақти Амрико дар Душанбе дар ҳошия ё тавзеҳоти ин номаи маҳрамона ба Вошингтун навиштааст: "Абдуллоҳи Нурӣ, яке аз ҷангсолорони пешин аст, ки Раҳмон ба ӯ иҷоза дод, то сарватманд шавад ва ин амр ба ӯ иҷоза медиҳад, ки Нуриро кунтрул бикунад."

 

Вай меафзояд: "Раҳмон бо Кабирӣ чунин муъомила надорад ва ... намехоҳад, ки Кабирӣ дар раҳбарии ҲНИТ ҷойгузини Нурӣ бишавад, ҳарчанд тавофуқи ом бар ин аст, ки Кабирӣ ҳоло "раҳбари мунтазир" то замони даргузашти Нурӣ маҳсуб мешавад. Дар ин нома ҳамчунин омадааст, ки Ричард Ҳугланд дар дидори моҳи ноябри соли 2005 аз Муҳиддин Кабирӣ пурсидааст, ки оё "сиёсатмадорони мунтазир ё довталаб" дар Тоҷикистон киҳо ҳастанд, ки битавонанд дар саҳнаи сиёсати миллӣ зоҳир шаванд.

 

Оқои Кабирӣ дар посух ба ин савол гуфтааст "афроди номвар" дар замони ҷанги дохилӣ ва баъд аз он бештар дар зиндон ба сар мебаранд ё саҳнаи сиёсиро тарк кардаанд. Вале ӯ аз Раҳматуллоҳ Зоиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, ба унвони "раҳбаре воқеъӣ" ном бурдааст, ки "дорои зарфиятҳои миллӣ аст, аммо ӯ дар саросари кишвар шинохта нашудааст. Агар суханрониҳои ӯ дар тӯли як соли оянда панҷ маротиба тавассути телевизиюни давлатӣ пахш шавад, вай тарафдорони воқеъан зиёде пайдо хоҳад кард."

 

Дар идомаи ин санади маҳрамонаи сафорати Амрико мехонем, ки Муҳиддин Кабирӣ аз Рамазон Абдулатипов, сафири вақти Русия дар Тоҷикистон, шикоят кардааст. Оқои Кабирӣ гуфтааст, ки равобити ҳизби ӯ бо сафорати Русия дар Душанбе дар замоне, ки Максим Пешков сафоратро бар ӯҳда дошт "дуруст" буда, вале пас аз он ки Рамазон Абдулатипов ҷойгузини ӯ шуд, "сафорати Русия равобити худро бо ҳизб комилан мутаваққиф кардааст".

 

Муҳиддин Кабирӣ, ки ҳамакнун раҳбарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, дар вокуниш ба интишори ин номаи маҳрамонаи сафорати Амрико дар Душанбе гуфт, ки дидори вай бо оқои Ҳугланд замоне сурат гирифт, ки Рамазон Абдулатипов тоза сафир шуда буд.

 

Оқои Кабирӣ афзуд: "Ин ки дар он замон робитаи ҳизби мо бо сафорати Русия комилан қатъ шуда буд, воқеъият надорад ва шояд манзур ин буда бошад, ки то ҳамон лаҳза мо бо сафири ҷадиди Русия дар Тоҷикистон мулоқот накарда будем. Аммо пас аз он мулоқотҳои корӣ ва равобити мо бо ин сафорат пайваста вуҷуд дошт ва ҳамин гуна идома дорад."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4388-muhiddin-kabiri-suhbathoi-man.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854