18:39:11 01-уми Июли 2025 сол

«ИБРОЗИ АҚИДА НАБОЯД МАВРИДИ ХУШУНАТ ҚАРОР БИГИРАД!»

Сафир Ивар Викки, роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, ҳодисаи ба таври ваҳшиёна мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифтани Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва сармуҳаррири ҳафтаномаи ҳизби мазкурро маҳкум намуда, даъват менамояд, ки ашхоси дар ин ҷиноят саҳм дошта дастгир гардида, ба додгоҳ кашида шаванд.

 

Ивар Викки 2Ҳикматулло Сайфуллозода аз 7-уми феврал, аз  рӯзе, ки  дар назди манзилаш дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ашхоси номаълум ба таври ваҳшиёна мавриди ҳамла ва латукӯб қарор гирифта буд, дар беморхона бо зарб хӯрдани майна ва ҷароҳатҳои вазнини сар бистарӣ мебошад. «Мавриди ҳамла қарор гирифтани Сайфуллозода хеле ҳам нигароникунанда мебошад»-, гуфт Сафир Викки.

 

«Озодии сухан ин асоси ҷомеаи демократӣ мебошад. Хушунат ё таҳдид бар зидди касоне, ки нуқтаи назари худро иброз медоранд, ин ҳамла ба он арзишҳое мебошад, ки нисбати онҳо дар Тоҷикистон, бо назардошти таърихи муҳокима ва муколамаи маънавие, ки ин кишвар дорост, эҳтироми амиқ мегузоранд. Тааҳҳудоти САҲА, ки аз тарафи ҳамаи кишварҳо- иштирокчиёни ин созмон қабул гардидаанд, ҳуқуқи шаҳрвандонро ба дастрас намудани иттилооти озод ва ошкоро эътироф менамояд ва ин ҳуқуқ бояд аз тарафи давлат кафолат дода шавад»,- иброз доштааст раҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4435-ibrozi-akida-naboyad-mavridi-khushunat-karor-bigirad.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ