16:43:52 16-уми Июни 2025 сол

МУБОРАК РАФТ, АММО ФАРДОИ МИСР НОРӮШАН АСТ

Чанд рӯз мешавад, ки ҷашну шодии мардуми Миср дар пайи истеъфои Ҳуснӣ Муборак идома дорад. Тӯдаҳои чандинҳазора шабу рӯз дар майдону хиёбонҳо рехта, супорида шудани зимоми давлатро ба низомиҳо ид мекунанд. Имрӯз касе баҳри фардои Миср фикр надорад ва ҳама бо пирӯзии ҳаминлаҳзаина  нишот доранд. Раванди ҳодисаҳо дар ин кишвар аҷиб аст. Ҷонибдор ё  муқобили Ҳуснӣ Муборак нестам, вале чун берун аз эҳсосоте, ки ин соатҳо мардуми Миср ва дигар нерӯҳои зиддимуборакиро таҳти таъсири хеш гирифтааст, яъне бо зеҳни тоза кӯшиш мекунам ҷониби фардои Миср бингарам, манзараи норавшанеро мебинам. Чаро?

 

Hosni Mubarak 1Муборак рафт ва бо осонӣ идораи давлат ба дасти низомиён дода шуд. Оё онҳо қодиранд ба мардум он озодиҳоеро диҳанд, ки эшон мехоҳанд ва дар Мисри баъдимуборакӣ чашмдоранд? Вақте, ки мардум ин озодиҳоро дар ҳар шакл мебинанд. Ҷавонон зиндагии шакли ғарбиёнаро мехоҳанду «Ихвонулмуслимин» бо пайравонаш Мисрро ба шакли давлати исломӣ дидан мехоҳанд. Исломситезони иртиҷоӣ бошад, масруранд, ки акнун ҷабҳаи муқовимат бо Исроил соҳиби қувваи шоистае гашт.

 

Бояд ҳеҷ кас фаромӯш накунад, ки таҳаввулоти сиёсии Мисрро Барак Обама  илҳомбахш тавсиф карду Эрони исломӣ, «Ҳамос»-и Фаластин ва «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнон онро ҳамчун «пирӯзии бузург»-и мардуми Миср табрик гуфтанд. Исроил бошад, ба гуфти як мақоми расмиаш «умедвор аст истеъфои Муборак равобити сулҳомези Миср ва Исроилро таҳти таъсир қарор надиҳад».

 

Яъне ҳама таҳаввулоти Мисрро табрик мегӯянд ва мантиқан касе аз ҳимояи манофеи худ дар ин кишвар даст кашиданӣ нест. Ана дар куҷост хавфи даргириҳои навин ва ба майдони кашмакашиҳои геополитикӣ табдил ёфтани Миср, ки мардуми ин кишвар то ҳол бо хушию хурсандӣ банданду онро  намебинанд.

 

Мисриҳо ғофиланд, ки дар роҳи дур намудани Ҳуснӣ Муборак, чӣ зиёне ба низоми сиёсӣ ва пояи иқтисодиёти кишвар ворид гаштааст. Ҳоло касе ҳисоб накардааст, ки танҳо аз ғорати осорхонаҳо ва валангор сохтани ёдгориҳои таърихии бебаҳо ва барқарорнашаванда. ки солона миллиардҳо доллар ба буҷаи давлат даромад меоварданд, дар кадом ҳаҷм зарар ворид шудааст. Ҳама қарсак мезананд, ки Муборак бо дороии 70-миллиардааш (он ҳам тахмин аст) аз сари қудрат дур карда шуд. Вале ба андешаи ман, ин амал барои кайк пӯстинсӯзӣ буд. Ин табоддулот боиси марги беш аз 300 нафар инсон гашт, ки ҳаёти ҳар кадоми онҳоро бо садҳо миллиард наметавон баргардонид.

 

Имрӯз ҳеҷ коршиносе аз ҳамлаи мусаллаҳона ба маҳбасхонаҳо, куштани муҳофизони онҳо ва озодкунии 23 ҳазор асир, ки 8 ҳазорашон бо ҷурми дастдорӣ дар амалҳои террористӣ маҳкум шуда буданд, ёдовар намешавад. Оё онҳо озодиро дар ҳамон шакле, ки дигарон қабул доранд, пазируфта метавонанд? Ба андешаам ҳеҷ мисршиносе қоил шуданӣ нест, ки шабакаи Бини Лодан майдони тозаи ҷавлон ва нерӯи воқеии идорашавандаю истифодашавандаро дар ин кишвар пайдо намуд. Ду амалиёти ин шабака қодир аст, ки ба даромади аслии Миср – сайёҳӣ хатти батлон кашида, мардуми онро боз ҳам бечораю бенавотар гардонад. 

 

Омили дигаре, ки ба фардои Миср таҳдид дорад, ҳамон иқдоми додани зимоми умури давлат ба низомиён мебошад. Танҳо эҷоди ихтилофот ва кӯшишҳои таъсиррасонӣ дар ҳаёти сиёсии Миср аз ҷониби «Ихвонулмуслимин», дигар қувваҳои сиёсӣ (масалан Албародеӣ ва думравони ғарбгарояш) ва ҷавонони фирефтаи шиорҳои озодихоҳона, ки албатта  аз ҷониби кишварҳои манфиатдор ҳидоят хоҳанд шуд, ба низомиён имконият медиҳад, ки курсии давлатро таҳти тасарруфи хеш нигоҳ доранд.

 

Ҳоло бошад, дар Миср беҳокимияти ҳукмфармост. Дар минотиқи мухталифи аҳолинишин кашмакашҳо миёни мардум ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома доранд. Новобаста аз он ки вазъи фавқулодда аз ҷониби шӯрои низомӣ манъ нагардидааст, мардум ба он итоат намекунанд. Бо як ишора, вазъият дар Мисри имрӯза пойбанди хараҷу мараҷ аст. Дар ҳолати имрӯза, сокинони дигар кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Яман, Алҷазоир, Баҳрайн, Қувайт ва Арабистони Саудӣ низ мехоҳанд дар пайравии мардуми Тунису Миср, тавассути эътирозоти умумӣ низоми давлатдориро дар кишварҳояшон тағир диҳанд.

 

Ҳама пайи ҷустуҷӯи шабаҳе бо номи «озодӣ» саргардон шудаанд ва дарк карда наметавонанд, ки ин майдонкашиҳо таъсире аз берунанд ва  танҳо барои кишварҳои манфиатдору абарқудрат фоида оварда, сокинони маҳаллиро мӯҷиби зиндагии сахте хоҳанд кард, яъне «аз борон гурезонда бо барф рӯ ба рӯ месозанд». Пурзӯршавии раванди воқеаҳо бо чунин равиш бешубҳа афғонистону ироқҳои наверо дар кишварҳои арабӣ тавлид хоҳад кард.

 

Эҳсони Шариф, ҷомеашинос

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4452-muborak-raft-ammo-fardoi-misr-norushan-ast.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854