16:50:57 16-уми Июни 2025 сол

ИТТИҲОДИЯИ АВРУПО ҲАМЛА БА САЙФУЛЛОЗОДАРО МАҲКУМ КАРД

sayfullozoda 1Сафирони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ҳамла ба Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири нашрияи “Наҷот” ва аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро шадидан маҳкум кардаанд. Дар баёнияи сафирони ин иттиҳодия дар бораи ҳамла ба оқои Сайфуллозода, ки рӯзи чаҳоршанбеи 16 феврал интишор ёфт, аз ҷумла омадааст: "Иттиҳодияи Аврупо ҳамлаи бесабаб ва хушунатбор ба оқои Сайфуллозодаро иқдоме барои тарс додан арзёбӣ мекунад, ки алайҳи ҳуқуқи инсон ва ба хотири ибрози назарҳои сиёсӣ ва иҷтимоъӣ равона шудааст."

 

Баёния меафзояд: "Иттиҳодияи Аврупо бар ин аст, ки одамон набояд ба далели боварҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва ё ибрози ин боварҳо дар расонаҳо мавриди хушунат қарор бигиранд."

 

Сафирони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти интизомии Тоҷикистон хостаанд, ки ҳодисаи ҳамла ба оқои Сайфуллозодаро мавриди баррасии комил қарор бидиҳанд ва омилони ин ҳамла ба сазои аъмоли худ бирасанд. Қаблан намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе низ Клик дар баёнияе ин ҳамларо маҳкум карда ва аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки омилони ин ҳодисаро пайдо ва муҷозот кунанд.

 

Субҳи рӯзи 7 феврал афроди номаълум ба Ҳикматулло Сайфуллозода дар наздики манзили маскунии вай ҳамла карда ва Клик ӯро ҳадафи зарбу шатм қарор доданд. Дар асари ин ҳамла оқои Сайфуллозода ҷароҳатҳои сангин бардошта ва ба бемористон мунтақил шуд ва то ҳол дар бемористон ба сар мебарад.

 

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз аҳзоби умда ва бонуфузи мухолифи давлат маҳсуб мешавад, пештар ин ҳамларо "Клик амале тарҳрезишуда алайҳи ҳизби наҳзати исломӣ ва навъе душмантарошӣ" хонда буд. Ба гуфтаи Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати кишвари Тоҷикистон, дар мавриди ин ҳодиса муфаттишони бахши ноҳияи Синои вазорати кишвар парванда боз кардаанд ва таҳқиқи он идома дорад.

 

Тибқи гувоҳии ҳамсоягони оқои Сайфуллозода, субҳи рӯзи ҳафтуми феврал дар наздикии хонаи вай ду фарди ношинос дида шуда буданд. Аммо ба гуфтаи сухангӯи вазорати кишвари Тоҷикистон, то ҳол дар ин парванда танҳо як гумонбар вуҷуд дорад, ки ҳанӯз боздошт нашуда ва номи ӯ низ ифшо намешавад. Аммо худи Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода мӯътақид аст, афроде ки ба ӯ ҳамла карданд, "фақат иҷрокунандаи фармоиши гурӯҳе ё нафаре" будаанд. Вай ин суханонро рӯзи чаҳоршанбеи 16 феврал дар сӯҳбати кӯтоҳи худ бо Би-би-сӣ иброз дошт.

 

Ҳарчанд бовари умумӣ бар ин аст, ки оқои Сайфуллозода, аз фаъолони яке аз аҳзоби умдаи мухолиф, ба хотири ибрози назарҳои сиёсиаш мавриди ҳамла қарор гирифтааст, аммо бархеҳо ин қазияро аз ангезаҳои сиёсӣ орӣ медонанд. Бо ин вуҷуд, оқои Сайфуллозода гуфт, ки бовар дорад ин ҳамла ба далели ибрози назарҳои сиёсии ӯ дар расонаҳои мухталиф сурат гирифтааст. Вай гуфт: "Ба назарам пас аз чанд рӯзи тақҳиҳи парванда муфаттишон низ моиланд ба ин фарзия такия кунанд."

 

Оқои Сайфуллозода гуфт, ки худи ӯ ба далели латмае, ки ба сараш хӯрдааст, аз лаҳзаи берун омадан аз дарвозаи хонааш дар субҳи рӯзи ҳафти феврал то чанд соъати дигар, ки дар бемористон қарор гирифт, чизе ба хотир надорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4460-ittihodi-avrupo-hamla-ba-sayfullozodaro-mahkum-kard.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854