ИҚТИДОРИ НИЗОМИИ РУСИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН АФЗОИШ МЕЁБАД?
Барасии тарҳи созиши нави ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар масоили марзӣ боиси гуфтугузор дар бораи имкони бозгашти марзбонони рус ба Тоҷи¬кистон шудааст. Музокироти ҳайатҳои кории Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 17 ва 18 феврал пушти дарҳои баста сурат гирифт. Дар даври нахусти нишаст гурӯҳҳои корӣ дар ҳайати намояндагони хадамоти марзбонии ду кишвар, аъзои Шӯрои амният ва мақомдорони ҳукуматии Тоҷикистону Русия шомил буданд.
Аз ҷумла, аз ҷониби Маскав фармондеҳи гурӯҳи фаврии марзбонии Хадамоти федеролии амнияти Русия дар Тоҷикистон Анатолий Михеев, дипломатҳо ва кормандони масъули Русия дар ин нишаст ширкат доштанд. Генерал Шералӣ Мирзо – фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон раҳбарии ҳайати кишвари моро бар дӯш дошт. Ҳайъатҳо дар ин навбати нишаст ҳич гуна санадеро имзо ва тарҳеро қабул накарданд ва пешниҳодотро барои омӯзиш бо худ бурданд. Пас аз омӯзиш тарафҳо даври дувуми музокиротро баргузор хоҳанд кард.
Гуфтанист, ки ин дувумин музокироти низомиёни тоҷику рус пушти дарҳои баста пас аз сафари мармузу нимапинҳонии вазири дифоъи Русия Анатолий Сердюков ба Тоҷикистон буд. Ба навиштаи расона¬ҳои ғарбӣ, Анатолий Сердюков мақомоти Тоҷикистонро барои дар ихтиёри Русия қарор додани фурудгоҳи низомии Айнии канори шаҳри Душанбе мутмаин сохтааст. Зимнан, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, низ дар як нишасти хабарӣ дар моҳи гузашта гуфта буд, ки Тоҷикис¬тон дар мавриди истифода аз фурӯдгоҳи Айнӣ, танҳо бо Русия музокира мекунад. Тайи чанд соли ахир мутахассисони Ҳинду Тоҷикистон бо сармояи 70-милюндулории Ҳиндустон ин фурӯдгоҳро бозсозӣ ва онро бо таҷҳизоти мудерни ҳавонавардию назоратӣ муҷаҳҳаз карданд.
Дар соли 2008 раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия дар мавриди истифода аз фурӯдгоҳи Айнӣ аз ҷониби нерӯҳои ҳавоии Русия мувофиқатномаеро имзо карданд, аммо ин санад иҷро нашуд. Аз нигоҳи таҳлилгарон, сафари вазири дифоъи Русия ва баргузории музокироти оҷил дар масоили марбут ба ҳамкориҳои марзӣ баёнгари шитобзадагии Маскав барои тақвияти ҳузури низомияш дар Осиёи Марказист. Ба назар мерасад, ки сабаби ин шитобзадагии Маскав бо эъломи стратегияи миллии низомии Амрико марбут аст, ки «дар он Вошингтон ба кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ авлавияти зиёд додааст». Ба назар мерасад, ин санад мақомоти Русияро, ки Осиёи Марказиро «хонаи худ» мехонданд, ғофилгир кардааст.
Дар пешниҳоди давлати Амрико ба Конгресси ин кишвар зикр шудааст, ки ин кӯмак ба суботи Тоҷикистон хоса, бо назардошти нақши муассири Тоҷикистон дар мусоидат ба ҳузури Амрико дар Афғонистон расонида мешавад. Кӯмаки мазкур дар ҳудуди 39 миллион доллари амрикоӣ барои таҳкими амният, тақвияти марзҳо, мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, мубориза алайҳи тундгароӣ ва ислоҳи бахши маориф ва сиҳат масраф хоҳад шуд. Ин кӯмакҳо ҳамчунин барои ҳалли мушкили систематики камбуди маводи ғизоӣ ва бахшҳое, ки амнияти Тоҷикистонро ба хатар мувоҷеҳ мекунанд, бахшида мешавад. Чунин кӯмакҳоеро дар ҳудуди бештар аз 40 миллион доллар Амрико барои кишвари ҳамсояи Қирғизистон низ ихтисос хоҳад дод.
Сафари таъҷилии Николай Бордюжа – Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ба Қирғизистон низ як намунаи бесаранҷом шудани Маскав ва талошҳояш барои ҷилавгирӣ аз имкони тақвияти нуфузи Амрико дар минтақа мебошад. Таҳлилгарони рус гуфтаанд, яке аз ҳадафҳои аслии сафари Бордюжа ба Бишкек баррасии мавзӯъи таъсиси маркази зиддитеррористии Русия дар вилояти Бодканди Қирғизистон буд. Вале Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати ҳифзи сарҳадоти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, гуфт, ки “ҳайатҳо фақат сари мавзӯъи қарордоди ҳамкориҳои ду кишвар дар масоили сарҳадӣ тамаркуз кардаанд”. Ӯ афзуд, ки ин созиш моҳи феврали соли 2006 барои панҷ сол имзо шуда буд ва акнун замони тамдиди он расидааст.
Таври маълум, бар асоси ойинномаи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъии Иттиҳоди Кишварҳои Мустақили Муштаракулманофеъ, ки Тоҷикистон узви ин созмон аст ва Русия дар он нақши меҳварӣ дорад, дар сурати таҳдид ба амнияти Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳҳои террурист ба кишварҳои узв нерӯҳои вижаи ин ниҳод бояд дасти кумак дароз кунанд. Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, Русия хостори истифодаи ройгон аз ин фурӯдгоҳ шудааст, вале Тоҷикистон пардохти ҳаққи иҷораро тақозо кардааст. Аммо Русия аз иҷрои ин амр монеъ шудааст. Русия фурӯдгоҳи Айниро аз мусассисоти муҳимми стратегӣ хонда ва гуфтааст, ки аз ин фурӯдгоҳ барои ҳимоят аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ дар баробари ҳамалоти эҳтимолии хориҷӣ истифода хоҳад кард.
Соҳибназарон мегӯянд, ки Русия ба муассисаҳои муҳимму стратегии бархе аз ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ чашм дӯхта ва муваффақ шудааст бархе аз ин таъсисотро таҳти назорати худ дароварад. Аз ҷумла, дар пайи имзои тавофуқоти соли 2004 миёни Владимир Путин – раиси ҷумҳури вақти Русия ва Эмомалӣ Раҳмон – ҳамтои тоҷики вай, дидбонгоҳи фазоии "Окно" дар минтақаи Нораки Тоҷикистон, ки аз аҳаммияти бузурги низомию дифоъӣ бархӯрдор аст, ба моликияти Русия даромад. Он замон мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки Русия ин дидбонгоҳро дар ивази беш аз 240 милюн дулор қарзе, ки дар замони ҷанги дохилӣ ба Тоҷикистон дода буд, аз они худ кардааст. Русия, ҳамчунин, бе он ки ҳеч маблағе барои иҷораи замин ба Тоҷикистон бипардозад, аз маҳалли ин дидбонгоҳ ва маҳаллоти дигар барои пойгоҳи низомияш дар ин кишвар истифода мекунад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи чоршанбе баъзе нашрияҳои ғарбӣ навиштанд, ки Тоҷикистон ва Русия ба тавофуқи усулӣ дар амри истифодаи фурӯдгоҳи низомии Айнӣ даст ёфтанд ва чунин тавофуқ дар ҷараёни боздиди ахири вазири дифои Русия Анатолий Сердюков ба Тоҷикистон ҳосил шудааст. Мартин Стифф таҳлилгари сомонаи интернетии Central Asia Newswire мегӯяд, масъала то ҷое ҳалл шудааст, ки дигар сӯҳбат “на бар сари эҳтимоли ба ихтиёри Русия вогузор шудани ин пойгоҳи ҳавоӣ, балки бар сари замони шурӯъи истифодаи пойгоҳ аст. Танҳо тақозои Душанбе ин аст, ки ин фурӯдгоҳ мавриди истифодаи муштарак бошад. Талаби русҳо ин аст, ки пойгоҳи Айнӣ танҳо дар ихтиёри онҳо қарор дода шавад”.
Бархе таҳлилгарон дар робита ба музокироти ҳайатҳои нерӯҳои марзбонии Русияву Тоҷикистон тахмин кардаанд, ки дар он мавзӯъи бозгашти марзбонони рус ба марзҳои Тоҷикистону Афғонистон ва ё ҳадди ақал афзоиши теъдоди мушовирони низомии рус дарТоҷикистон баррасӣ шудааст. Ин тахмину фарзияҳо дар асоси гуфтугузори бархе аз мақомдорони Русия сар задаст, ки онҳо бозгардондани нерӯҳояшон ба марзи Тоҷикистону Афғонистонро борҳо матраҳ кардаанд. Аз ҷумла, Максим Пешков – як намояндаи Вазорати хориҷаи Русия, дар ҳошияи ҳамоиши байнулмилалии "Тоҷикистон ва Русия 2010" дар шаҳри Душанбе дар моҳи декабри соли гузашта гуфта буд, ки "Бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти Афғонистон ва хатароти тероризму ифротгароӣ, ки дар минтақа вуҷуд дорад, Русия омода аст нерӯҳои худро ба марзи Тоҷикистону Афғонистон бозгардонад. Агар мақомоти Тоҷикистон мувофиқат кунанд, нерӯҳои мо ба марз бозхоҳанд гашт."
Ҳамчунин Виктор Иванов – раиси Идораи федеролии назорат бар маводди мухаддири Русия, низ дар авалҳои моҳи июли соли гузашта баъд аз дидор бо Президент Раҳмон гуфта буд, ки мавзӯъи бозгашти марзбонони рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасии мақомоти ду кишвар қарор дорад. Ба гуфтаи таҳлилгарони дохиливу хориҷӣ Президент Эмомалӣ Раҳмон манфиатдор аст, ки Русия ҳузури низомиашро дар хоки Тоҷикистон тақвият диҳад, ба он хотир, ки Раиси Ҷумҳур аз эҳтимоли такрори ҷанги дохилии солҳои 1990 ҳарос дорад. Заминаҳое барои нооромиву бесуботӣ дар ҷомеаи ин кишвар амалан вуҷуд дорад ва инро хушунатҳои тирамоҳу зимистони ахир, куштори 28 низомӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ситезаҷӯ ва дар шарқи Тоҷикистон, мустақар шудани даҳҳо ҷангиёни Толибон дар шимоли Афғонистон рӯшан ба намоиш гузошт.
Ба гуфтаи бештарини таҳлилгарон, айни ҳол ниёзе ба бозгашти марзбонони Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон нест, зеро марзбонони тоҷик собит карданд, ки аз ӯҳдаи ҳимояти марз мебароянд. Ва аммо, аз нигоҳи онҳо, нигаронии мақомоти аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ, минҷумла, Тоҷикистон, аз имкони такрори ҳаводиси Тунису Миср ва кишварҳои дигари Халиҷи Форс дар Осиёи Марказӣ ба назар мерасад. Биноан, ин кишварҳо ниёзи бештар ба пуштибонии низомии Маскавро эҳсос мекунанд. Ин дар ҳолест, ки суръати тоза касб кардани ҳамкориҳо бо Русия, бо доштани беш аз 5.000 низомӣ дар хоки Тоҷикистон ҳузури қавиеро соҳиб шудааст, на танҳо аз таҳдидҳои амниятӣ, балки аз андак ранҷишҳои ҳукумати Тоҷикистон аз Ғарб маншаъ мегирад.
Вале, Виктория Панфилова – таҳлилгари рус мегӯяд, беҳтар мебуд агар мақомоти рус на ба масоили низомӣ, балки рӯи ниёзмандиҳои иҷтимоии мардуми тоҷик бештар тамаркуз мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти русӣ медонанд, ки дар Миср эътирозҳои иҷтимоӣ бар асари фақру нодорӣ сурат гирифтанд ва мардум дар Тоҷикистон низ дар ҳоли фақр қарор доранд. Аз сӯйи дигар, коршиносон мегӯянд, ки агар Русия дарвоқеъ аз вазъи амниятии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон нигарон бошад, чун кишварҳои ғарбӣ ва Амрико метавонад аз тариқи ироаи кумакҳои фаннӣ, таҷҳизоти мудерни низомӣ ва тахсиси сармоя ба таҳкими ин марз мусоъидат кунад.
Вале Нуралӣ Давлат – коршиноси тоҷик ба ин назар аст, ки нокомии нирӯҳои Эътилофи зиддидаҳашатафканӣ дар Афғонистон мавқеъи русҳоро барои афзоиши нуфуз ва ҳузурашон дар Осиёи Марказӣ бештар гардонда ва аз сӯи дигар худи ғарбиҳо бо раҳбарии Амрико ҳадафи ба ин нокомӣ кашидани Русияро доранд. Ба гуфтаи ӯ, ғарбиҳо таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон ба нокомӣ рӯбарӯ ҳастанд ва мехоҳанд дар ин қарина Русияро низ шарик кунанд. Виктория Панфилова – таҳлилгари рус гуфтааст, ки бозгашти ҳадди аққал гурӯҳи маҳдуди марзбонони рус ба Тоҷикистон рӯъё ва ё орзӯи як гурӯҳи хурди генерал¬ҳои рус боқӣ мемонад. Баъзе гузоришҳо дар расонаҳои Маскав дар бораи нотавонии марзбонони тоҷик дар ҳимояти марз, афзоиши қочоқи маводи мухадир ва таҷаммӯъи Толибон дар он сӯи рӯдхонаи Панҷ низ бо дастури ҳамин низомиёни воломақоми «хаёлпараст» нашр мешаванд.
Аммо Павел Фелгенгауэр, коршиноси масоили низомӣ, имкони тақвияти ҳузури марзбонони рус дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистонро бо авзоъ дар шимоли Афғонистон марбут медонад. Ба гуфтаи ӯ, «дар сурати таҷаммӯъи воқеъии Толибон дар вилоёти шимолии Афғонистон ва хатари убури онҳо аз рӯдхонаи Панҷ ҳукумати Тоҷикистон ба ҷуз муроҷиат ба Маскав илоҷе нахоҳад дошт». Дар ҳамин ҳол, суоли матраҳ ин аст, ки аз рақобати тозаи низомии Маскаву Вашингтон кишварҳои минтақа барои худ чӣ суде хоҳанд гирифт? Виктория Панфилова ба ин пурсиш посухи дурусте гуфтааст: «Дар ин самт то имрӯз мақомоти Қирғизистон муваффақ будаанд, ки онҳо ба Дабири Кулли СПАД гӯшрас кардаанд, ки ҳатто барои маркази зиддидаҳшатафканӣ низ қаламрави худро ройгон дар ихтиёри Русия нахоҳанд гузошт».
Ва таҳлилгари маъруфи покистонӣ Аҳмад Рашид мӯътақид аст, ки Ғарб аз тасмими Душанбе дар мавриди ҳузури бештари Русия дар ин кишвар нороҳат нахоҳад шуд, чун як соли охир ҳамкории Амрикову Русия дар чаҳорчӯби НАТО дар амалиёти Афғонистон муассир будааст. Нигаронӣ аз эҳтимоли ташаннуҷи авзоъ дар минтақа дар баҳори имсол, дар ҳоле садо медиҳад, ки амалиёти нерӯҳои давлатӣ бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шарқи Тоҷикистон то поёни мантиқии худ нарасидааст. Ин амалиёт аз 19-уми сентябри соли гузашта ба думболи ҳамла ба корвони нерӯҳои Вазорати дифоъ ва кушта шудани 25 сарбоз оғоз шуда буд. То кунун яке аз раҳбарони ин гурӯҳ бо тахаллуси Алии Бедакӣ боздошт ва кушта шудааст. Аммо Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло, ки ба боварӣ ҳукумат раҳбари умумии иттифоқоти шарқи кишвар аст, бо ҷамъе аз ҳамроҳони худ ҳанӯз нопайдост. Ва ӯро мақомот чолиши аслӣ дар рӯбарӯи суботи шарқи Тоҷикистон медонанд.
Аҳмадшоҳ КОМИЛЗОДА, шореҳи сиёсӣ, барои «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/4497--nizomii-russia-dar-tojikiston.html