МАҒЗ МЕБОЯД, НА МАЛБУСИ ФАРАНГ...
Шарқ меҷӯшад, Ғарб дар таҳлука афтодаву ҳайрони роҳгумкардаеро дар чорроҳа мемонад. Ҳамакнун даргириҳое, ки дар хориҷ тарҳрезӣ шудаанду бар сари миллати мусалмон таҳмил мегарданд, худи он тарроҳонро дарди сар гаштааст. Ҳодисаҳои Шарқи наздик шабоҳат ба марази ВИЧ доранд.
Овозаҳое паҳн гардида буданд, ки гуё ангали (вируси) СПИДро амрикоиҳо, дар чорчубаи барномаҳои ихтироъи аслиҳаи қатли омми ирсӣ (генетическое оружие массового поражения) офарида буданду омилҳои гармии тоқатфарсои Африқоро ба инобат нагирифтаанд. Дар натиҷа, ДНКаи ангалҳои ин марази кушанда тағир хӯрдаасту сафедпӯстонро низ гирифтор кардааст. Чунин ҳолат дар “инқилобҳои арабӣ” низ дида мешавад – мехостанд чанд давлати саркашро тобеъ кунанд, вале “ангал” тағйир ёфту ихтироъ кардаашро аз по меафканад.
Гуфтаҳои болоро бархе аз коршиносон тарафдоранд, ки ба гуфтаи онҳо, даргириҳои давлатҳои арабӣ берун аз кишварҳояшон тарҳрезӣ шудаанд, вале кор аз кор гузаштаасту ҳамакнун ғарбиён дар таҳлукаанд, ки мусалмонон, бахусус ирониён аз мағлубияти ҳукуматҳои исломбезори онҳо истифода хоҳанд кард.
Шояд тарроҳони “шӯришҳои арабӣ” ва беимонҳои дар ниқоби мусалмон будаи Шарқи наздику иғвоангезони сиёсӣ чунин сурат гирифтани корро чашмдор набуданд. Вале мардуме, ки аз беинсофиву худфурӯшии ҳукуматдорони думболи ғарбравашон ба ҷон омадаанд, таҳаввулоти дигаре анҷом доданд. Магар мардумфурӯшиҳо ва мусалмонбезориҳои Ҳусни Муборакро, ки арзишҳои исломиву арабии худро нодида мегирифту ба хотири сарватҳои шахсӣ, ҳатто қотилони фаластиниҳоро оғӯш мегирифт, бахшида мешавад? Ва мисриён аз нооримиҳое, ки тарроҳони хориҷӣ дар давлатҳои ҳамсоя “бале, бале” мекарданд, ба зудӣ ва чолокона истифода намуданд.
Воқеаҳои Ховари наздикро Аллома Иқбол ҳанӯз дар аввали асри бист пешгӯӣ карда буд ва ба тамоми мусалмонон огоҳӣ дода буд, ки
Шарқро аз худ барад тақлиди Ғарб,
Бояд ин ақвомро танқиди Ғарб.
Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,
Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.
Не зи сеҳри соҳирони лоларӯст,
Не зи урёнсоқу не аз қатъи муст.
Маҳкамӣ ӯро на аз лодинӣ аст,
Не фурӯғаш аз хати лотинӣ аст.
Қуввати Афранг аз илму фан аст,
Аэ ҳамин оташ чароғаш равшан аст.
Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест,
Монеъи илму ҳунар аммома нест.
Илму фанро, эй ҷавони шӯхшанг,
Мағз мебояд, на малбуси Фаранг”.
Вале, давлатҳои ба ном мусалмони чӣ карданд? Танҳо “малбуси” (либосҳои) фарангиро парастиданду “қатъу буриди ҷома” ва “рақсҳои беҳиҷобро” пешгузор карданд ва ин бемағзиро “тамаддуни пешрафтаи дунявӣ” номиданд. Магар наметавонистанд, ки бо истифода аз “мағз” “илму фанро” бологузорӣ кунанд? Охир:
“Дона ин саҳронишинон коштанд,
Ҳосилаш афрангиён бардоштанд”.
Таърих гувоҳ аст, ки то ба Шарқ даст ёфтани ғарбиён илму маърифату тамаддуни пешрафта дар Шарқ буд. Замоне, ки дар ғарб инквизитсия олимонро дар оташ месӯхту занонро “зодаи иблис” (пораждение дявола) гуён пора мекарду мусалмонону православҳоро ба қатл мерасониду китобҳои онҳоро оташ мезад, шарқиён илму фанро равнақ медоданд. Вале, чун пои ғарбиён ба Шарқ расид, бо кӯмаки пешвоёни мусалмонтароши худфурӯши маҳаллӣ, ки “аз ҷилваҳои ранг-ранг”-и хонумони ғарбӣ мафтун буданд, мардуми бумиро ғуломи хоҷагони нав карданду аз илму фан дур партофтанд.
Он худфурӯшони маҳаллӣ натавонистанд хешро аз тарки Фаранг дарёб кунанд (“Хешро дарёб аз тарки Фаранг”, Иқбол) ва мардумро шефтаи “ҷилваҳои ранг-ранг” гардониданд. Шукри Худо, ки имрӯзҳо илму фан дастрас аст ва мардумро бо ваъдаҳои пуч фиреб кардан осон нест. Дар ин раванд мавқеи интернет хоса аст. Бубинед, воқеаҳои Ховари наздик асосан тариқӣ торномаҳои интернетӣ танзим шудаанд.
Банда ҳама даъватҳои ғарбиёнро нисбати “ҳифзӣ ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ”, “пуштибонӣ аз демократия” ва ғайра, ки ба ҷуз кӯшиши раҳ ёфтан ба сарватҳои боқимондаи Шарқ нест, дурӯғин ва иғвоангезанда медонам. Боз ҳам ба Аллома Иқбол муроҷиат мекунам, ки гуфтааст:
“Турк аз худ рафтаву масти Фаранг,
Заҳри нӯшин хӯрда аз дасти Фаранг.
3-он ки тарёки Ироқ аз даст дод,
Ман чӣ гӯям ҷуз Худояш ёр бод”.
Манзур аз ин ёдовариҳову гуфтанҳо чист? Ҳамон, ки имрӯзҳо дар расонаҳои хабарӣ, хусусан дар торномаҳои интернетии ғарбӣ гузоришҳое пайдо шуда, ки Тоҷикистону Русияро низ дар қатори давлатҳои имконпазири ноором муаррифӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки бофтаҳои таҳлилгарони хориҷӣ асоси қавие надоранд. Агарчӣ гумон меравад, ки нақшаҳои ноором кардани ин ду кишвар низ мавҷуданд. Ва дар ин маврид ҳам президенти Русия Дмитрий Медведев ва ҳам президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулият ошкоро гуфтаанду итминон аст, ки чораҳои зарурӣ андешидаанд.
Аҷиби кор ин аст, ки таҳлилгарони хориҷӣ аксаран хусусиятҳои миллиро нодида мегиранду баъди оғози иғвояшон мӯи сар мекананд, ки аллакай кор аз кор гузашта аст. Чунин аҳволро дар Ироқу Афғонистон бубинед. Ҳоло, агар хаёл мекунанд, ки масалан дар Тоҷикистон, нақшаи руйдодҳои Ховари наздикро метавон амалӣ кард, пас ба хатои бузурге роҳ медиҳанд! Мардуми тоҷик имрӯз арзишҳои дигар дорад ва ин пораи хоки падариаш, Тоҷикистони имрӯзаро бояд чун гавҳараки чашм посбон бошад. Дар ҳоле, ки гургон дар гирди рама уллос мекашанд, гӯсфанд аз қамчини чӯпон наметарсаду дар пушти ӯ паноҳ меҷӯяд.
Имрӯз тоҷикон бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳанд, ки новобаста аз мушкилотҳои иқтисодиву иҷтимоиву сиёсиву шаҳрвандӣ ва ғайра, Ватанро обод нигоҳ доранд ва ба “коми гургон” напартоянд! Нақшаҳои хунхуронае, ки имрӯзҳо дар Шарқ амалӣ мешаванд, худ дар утоқҳои гарми Аврупову Амрико тарҳрезӣ шудаанду охир бар сари худи онҳо бало меоранд. Узви Думаи давлатии Русия, директори Пажӯҳишгоҳи масоили ҷаҳонишудан (Институт проблем глобализации ) Михаил Делягин гуфтааст: “Аз давлат пул гирифтану онро сарфи фаъолияти террористӣ кардани ҷамъиятҳои исломии Бритониёи кабир як кори муқаррарист”.
Яъне, ҷаноби Делягин рӯирост ҳукумати Бритониёро ба маблағгузории терроризм мутаҳам кардааст. Кор то ҷое расидааст, ки масъулони давлатӣ иҷборан чунин суханонро рӯи рост мегӯянд. Мо бояд донем, ки гурӯҳи худфурӯшеро, ки худро мусалмон метарошанду аз тарс ва ё ба хотири сарват ба бадномкунии Ислом даст мезананд, ахиран худи хоҷагони ғарбияшон, ки маблағгузориашон кардаанд, онҳоро нобуд хоҳанд кард.
Мо, тоҷикони Русия, ки ба ин кишвари маскуниамон эҳтиром дорем ва зодгоҳи азизамон Тоҷикистонро дӯст медорем, наметавонем нисбати тақдири Русияву Тоҷикистон бетавофут бошем. Албатта, ҳам хоҳиш ва ҳам кӯшиш дорем, ки ин ду кишвар осудаву созандаву пешрафтаву мутараққӣ бошанд. Чун Русия дар ҷаҳон мавқеи хоса дорад, мавқеи ин кишвари бузург ба бисёр равандҳои ҷаҳонӣ таъсиргузор аст. Гумон меравад, ки то андозае аз фоҷиаҳои Ховари Наздик канора гирии Русия ба фоидаи оянда аст.
Пётр Чаадаев дар нимаи аввали асри XIX гуфта буд: “Русия, ки як оринҷаш дар Чину оринҷи дигараш дар Олмон такя дорад, бояд ҳама хубиҳои Шарқу Ғарбро ба худ гирад ва пешвои тамаддуни ҷаҳонӣ гардад”. Афсус, ки инқилобҳову кашмакашиҳои дохиливу берунӣ, Русияро аз ин ҷода берун карда буданд. Вале, дар замони ҳозира, ки амрикоиҳо дасти худро дар Югославияи собиқу Ироқу Афғонистон то оринҷ оғӯштаи хуни ноҳақ кардаанду ва акнун бар зидди Ирон иғво меангезанд ва дар чашми мардуми дунё худро бадном кардаанд, Русия имкон дорад бо истифода аз таҳаммул ва эҳтироми мардуми Шарқ тарафдорони худро зиёд кунад ва “пешвои тамаддуни ҷаҳонӣ гардад”.
Шояд хонандаи гиромӣ гӯяд, ки “чи беҳудагӯие! Чин чунон тараққӣ дорад, ки Русия аз он фарсахҳо дур мондааст”. Ва дар ин ҷо бояд омилҳои равониро ба инобат гирем. Аввал, танҳо Русия кишварест, ки “бо як оринҷ ба Чину бо оринҷи дигар дар Олмон такя дорад”, яъне бо амри таърих ва ҷойгузинии ҷуғрофӣ, танҳо Русия лоиқ аст, ки “кафшергари” тамаддунҳои Исломиву масеҳиву буддоӣ бошад. Албатта, агар аз ин додаҳои Худо хуб истифода кунад. Дуввум, мардуми дунё аз Чин тарс доранд ва дар мизони интихоб аксар Русияро интихоб хоҳанд кард.
Ҳарчӣ набошад, ҳоло, ки Шарқ меҷӯшаду Ғарб раҳгумкардааст, агар Русия аз думболи ғарб худро кашола накунад ва мавқеи худододии худро хуб дарк кунад, метавонад пешвои тамаддунҳои ҷаҳонӣ гардад. Боз аз Аллома Иқбол кӯмак мехоҳем ва ӯ мегӯяд:
Даргузар аз ҷилваҳои ранг-ранг,
Хешро дарёб аз тарки Фаранг...
Гар зи макри ғарбиён боши хабир,
Рӯбаҳӣ бигзору шерӣ пеша гир!”.
(Порча аз “Паёми афғонӣ ба миллати Русия”)
Рустами Абдулло, Маскав