13:42:11 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

МУШКИЛ ДАР ДАВЛАТДОРИИ ТӮЛОНИСТ Ё ДАР ХОСТАҲОИ ҒАРБ?

Сардабири нашрияи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва ҳамзамон сартаҳлилгари масоили сиёсии ҳизб Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода иллати нооромиҳоро дар дар қаламрави кишварҳои арабӣ дар давлатдории тӯлонӣ мебинад («Наҷот», №13 аз 30.03.2011).

/images/stories/2011/04/11_566565_nahzat226.jpgФикри нав нест, айнан ҳамон андешае, ки ғарбиён устокорона ба шуури ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳмил намуданд. Офаринашон. Онҳо бо ин роҳ тавонистанд, ки натанҳо боз як минтақаи нави ноамнро эҷод кунанд, балки имконияти дастрасии қаблиашонро (имконияте, ки то солҳои 70-уми асри гузашта доштанд) ба захираҳои бойи табии давлатҳои арабӣ барқарор кунанд. Моҳӣ қариб, ки ба дом афтодааст.

Зеро кирмаки ҷалби сайд мувофиқ интихоб шудааст: Давлатдории Тӯлонии Худкомаҳо. Он, ки сатҳи зиндагӣ дар ин кишварҳо чӣ гуна буду фардо чӣ мешавад, касеро парво нест. Ҳама демократия мехоҳанду озодӣ. Яъне аз серӣ гурусна ҳам нишастанианд. Фақат озод бошанду ҳар чӣ дилашон хост гӯянд.

Аҷибаш то имрӯз мушкилотро дар давлатдории тӯлонӣ касе надид. Ҳамин ҲНИТ ҳам. Ҳамвора дар сатҳи роҳбарияту узвият ба ин кишварҳо сафар намуда, кӯмаку дастгири ҳукуматҳои бумиро медиданду худкомагии роҳбаронашонро не. Амрикою Аврупо чашмашонро боз намуданд. Нав диданд, ки дар Мисре, ки дар «Ал-Азҳараш» даҳҳо  шогирдони ҲНИТ таълиму тадриси исломӣ мегиранд, ислом таъқиб мешудааст.

Моҳи ноябри соли 2008, бо ташаббуси пешвои Либия Муаммар Қаззофӣ, дар шаҳри Маскав конфронси илмии мусулмонон баргузор шуд, ки дар он 63 нафар намояндагони доираҳои динии Тоҷикистон, аз ҷумла аъзоёни ҲНИТ низ, иштирок намуданд. Харҷи сафар ва буду боши ин гурӯҳ пурра аз ҳисоби Қаззофӣ буд.

Он дам ҳама дуои хайраш мекарданду ҳоло маломат. Чунки намакхӯрони намактуфкун будему ҳастем. Ба илова «бародарони нави ғарбиамон» душманаш донистанд. «Бародарон»-е, ки ҳамеша дар муносибат бо шарикон «аз рӯ шона ва аз пушт фона мезананд». Ин «бародарон» солҳост, ки ба мусулмонкушӣ дар Фаластин коре надоранд, аммо дар кишварҳои арабӣ мусулмонҳоро аз «зулми худкомаҳо» халос карданианд.

Аз як ҷониб қуръонсӯзӣ доранд, аз тарафи дигар, гӯё озодии виҷдон ва мавқеи ҳизби исломиро дар Тоҷикистон ҳимоят доранд. (Агар ҳукумати ИМА бо амали қуръонсӯзии кашиши муттаасибаш дахл намедошт, ҳатман ба ҷавобгариаш мекашид, зеро ин амалаш боиси қатли даҳҳо мардуми бегуноҳ гашт). Офаринашон. Онҳо метавонанд аз торикие, ки мусулмононро дар оғӯши нафрати хеш кашидааст ва онҳо баҳри раҳоии хеш тадбире намеандашанд, сӯистифода мекунанд.

Онҳо заҳмати зиёде намекашанд. Танҳо боздиди Сафири Амрико ва чанд сафири кишварҳои аврупоӣ бо Сайфуллозодаи латукӯбшуда, ки аз ҷониби ноҷавонмардоне сурат гирифта буд, кофӣ буд, ки маҷрои таҳлилоти сиёсӣ ва назари ҳизбро (чунки Сайфуллозода таҳлилгару ҳидоятгари самтҳои сиёсии ҳизб аст) вобаста ба ҳодисаҳои ҷаҳони араб куллан тағйир диҳад. Бубинед, аллакай ҲНИТ амалиётҳои мусулмонкушии НАТО-ро дар Либия ва таҳаввулоти таҳмилиро дар дигар кишварҳои ин минтақа дастгирӣ мекунаду «мушкилотро дар давлатдории тӯлонии худкомаҳо» мебинад.

Мавқеи ҲНИТ-ро дар ин масъала бо ду фарзия метавон қиёс кард. Якум, Ҳикматулло Сайфуллозода ва дигар дастандаркорони ҲНИТ-ро ҳисси «меҳру шафқат»-и масъулони дипломатии Ғарб он қадар муассир сохтааст, ки ҳозир нестанд ин ҳусни таваҷҷӯҳи якбораро дар мизони таҳқиқу баррасӣ баркашанд.

Дуюм, онҳо дидаю дониста ба ин кор даст задаанд, зеро нақшаю мароми сиёсӣ-диниашон аз манофеи миллӣ болотар меистанд. (ҲНИТ ҳатто ба қуръонсӯзии кашиши амрикоӣ аз ҳама охир вокуниш нишон дод, то баногоҳ табъи «ҳомиён»-и навини хешро хира насозад. Ин амал ҷуз афшонидани мушт баъди ҷанг чизи дигаре нест).

Агар чунин намебуд, онҳо бо як назари оддӣ дида метавонистанд, ки ин «ҳомиёни ҳуқуқи башар, озодии виҷдон, демократия» бо мушкилоти А. Рақибови хонавайрони файзободӣ, хонабардӯшони маҳаллаҳои «1-уми май» ва Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, марги мармузу фоҷианоки шаҳрванд Сангов С. таваҷҷӯҳе надоранду ба Сайфуллозодаю ҲНИТ ин қадар дилсӯзу ғамхор шудаанд. Чунки онҳо дар пиёда намудани мақсадҳои худ ба кӯмаки ашхоси алоҳида ниёз надоранд.

Барои эшон қувваи воқеие лозим аст, ки дар зарурат бозичаи дасташон бошад. Яқинан дар Тоҷикистон дар симои ҲНИТ чунин нерӯро дидаанд. Диди сиёсӣ ва назари динӣ-мазҳабӣ барои онҳо аҳамият надорад. Вагарна куҷо демократия ва ислом тоқати ҳамро доранд?  Манфиатҳои миллӣ барояшон дар мартабаи волотарин аст. Маҳз барои ҳимояи ин манофеъ Афғонистону Ироқро ба хоку хун кашиданд, гоҳе ба як ҷониб ва гоҳе ба тарафи муқобил яроқфурӯшӣ доранд.

Кишварҳои арабиро ноором сохтанд. Дар Афғонистон бо «Ал-Қойида» дар набарданду дар шарқи Либия дар баробари ошӯбгарон террористони ин созмонро низ мусаллаҳ мекунанд. Ҳама ҷо як як омилро истифода мебаранд:  ҷаҳолату бесаводии мусулмононро, адами шахсияти ҳақиқӣ ва зиёиёи асилро дар ҷомеаи ин кишварҳо.

Ман андешаи худро гуфтам. Қазоват аз дигарон аст. Умедворам, ки на Сайфуллозодаю ҲНИТ, балки дигарандешони дигар низ дар муносибату иртибототи худ ақлу хиради дурбинонаро истифода мебаранду эҳтиёткор мешаванд, то мабодо арзишу манфиатҳои миллиро қурбони амбитсияҳои шахсӣ-гурӯҳӣ ва ҳизбӣ насозанд.

Кӯмак аз хориҷ то ҳол барои ҳеҷ қуввае фоида наовардааст, ба ҷуз дастнигарии бегонагон ва маҳрумият аз мустақилият. Барои исботи фикр метавон ба он давлатҳое таваҷҷӯҳ кард, ки дар ҷустуҷӯӣ демократияю озодӣ ба Ғарб умед бастаанд ва то ҳол дарк накардаанд, ки пушти ин ду мафҳум ҷуз фиреби назар арзише нест.

Назари Олимпур, рӯзноманигор



Шарҳҳо   

 
+3 #5 Guest 12.04.2011 15:06
Durud ba Suhrobi Vazninu dusti Begona! Barodar Suhrobi Vaznin nazari shumo roje ba amriko komilan durust ast hamzamon nisbati Russiya niz hamin akidaro ravo didan mumkin ast. Russiya niz az siyosati duruyagi istifoda burda istodaast. 4un Russiya mushkili doxili dorad binobar hamin dar dunyoi siyosat yak kame kamnamo ast. Tashhakur :zzz
 
 
+3 #4 Guest 12.04.2011 11:56
Салом бародар Бегона! Рахмат барои хусни таваччух нисбати мо. Банда яке аз мухлисони хамин сомона мебошам. Сабаби бисёр навиштам, мехохам дар хар мавзуъ бисёр донам. Хуб мешуд дар бораи мавзуъ менависти на дар бораи амин. Бо арзи эхтиром Сухроби Vaznin
 
 
+1 #3 Guest 12.04.2011 11:54
Неким мегум ту Сухроб чи корай? ранги муаллими таърихи мо гап мезани...кори надори хама чида менависи?
 
 
+3 #2 Guest 12.04.2011 11:25
Амрикоихо бо сиёсати дуруягии худ мехоханд факат манфиати хешро химоят кунанду тамом. Дар Бахрайн чандин нафар дар тазохуроти зидди давлат кушта шуд, Амрико бошад мегуяд, ки вазъияти Бахрайн аз Либия тафовут дорад. Кани мантик? Чаро дар давлатхои дигар як нафар мухлиси дин ба гунохи Терроризм ба зиндон кашида мешаваду ба мухлати тулони аз озоди махрум, вале рохибе ки дар Амрико Куръонро сузонду ба иззати нафси зиёда аз Миллиард нафар мусалмон расид, у бошад озод. Чаро?
Бинобар хамин аз хама хамватанон хохиш мекунам, ки ба ин афсонахои Гарб дода нашуда, хамеша дар фикри ободии Ватан бошем. Чуноне ки чанде пеш чаноби оли Эмомали Рахмон гуфта буданд «Бегонапарастир о бояд аз байн бибарем». Боки Худо подшох…
 
 
+3 #1 Guest 12.04.2011 11:24
Рости баъди хондани ин макола мусохибаи Раиси Чумхури Эрон дар чамъи хабарнигорони дохиливу хоричи, ки хафтае кабл барпо шуда буд пеши назар омад. Эшон гуфтанд: «Амрикоиҳо бевафотарин дӯстон ҳастанд.». Ман ба ин фикри чаноби Раиси Чумхур сад дар сад розиям. Амрикоихо ба чуз манфияти худ дигар чизе барои онхо махбуб нест. Биёед яке каме ба корхое ки онхо доранд назар афканем. Онхо даъво мекунанд, ки хомии хукуки башар, озодии виҷдон ва демократия мебошанд. Ачиб. Хукукхои хазорон хазор нафарро дар Афгонистону Покистон, Либияву дигар давлатхои Африкои зери пой карда, онхоро бомбаборон мекунанд. Магар ин аст хукуки башар? Озодии Вичдон? Демократия?
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi