14:27:07 17-уми Июни 2025 сол

РАҲМОН: ИНҚИЛОБҲОИ АРАБӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ТАКРОР НАХОҲАД ШУД

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, ки ошӯбҳо ва нооромиҳои кишварҳои арабӣ дар Тоҷикистон такрор нахоҳад шуд. Вай, ки аз замони шурӯъи инқилобҳо ва нооромиҳо дар чанде аз кишварҳои арабӣ барои нахустин бор дар ин бора ибрози назар мекард, гуфт, ки вуқӯъи чунин ҳаводисе дар Тоҷикистон ба далели таҷрубаи як ҷанги дохилии панҷсола дар ин кишвар баъид аст.

rahmonОқои Раҳмон ин суханонро рӯзи чаҳоршанбеи 20 апрел зимни суханронии солонаи худ дар порлумони Тоҷикистон иброз дошт. Ҳазорон нафар дар саросари Тоҷикистон ин суханрониро аз тариқи телевизиюн ва мунитурҳои насбшуда дар хиёбонҳо тамошо карданд.

Дар бисёре аз мадорис низ дарсҳо ба манзури шунавондани суханони оқои Раҳмон ба шогирдон зоҳиран таътил шудааст. Субҳи имрӯз дар бархе аз маҳаллоти шаҳри Душанбе иддае аз шогирдони мадорис бо худ телевизиюнҳое ҳамл мекарданд. Онҳо гуфтанд, ки телевизиюнҳоро барои тамошои суханронии раиси ҷумҳурӣ ба мактабҳо мебаранд.

"Ошӯби гуруснагон"

Ба дунболи вуқӯъи инқилобу нооромиҳо дар мамолики арабӣ ва Офриқои Шимолӣ бисёре аз нашрияву расонаҳо аз эҳтимоли такрори чунин ҳаводисе дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор медоданд.

Аз ҷумла, нашрияи омрикоии "Тойм" дар авоили моҳи феврал дар гузорише исми Эмомалӣ Раҳмонро дар канори нӯҳ раҳбари худкомаи ҷаҳон қарор дода буд, ки иддаъо мешуд, бо хатари сарнагунӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Созмони Ҷаҳонии Хорбор низ дар гузорише аз имкони вуқӯъи "ошӯбҳои гуруснагон" дар теъдоде аз кишварҳои ҷаҳон ҳушдор дода буд, ки Тоҷикистон низ аз ҷумлаи даҳ кишвари садри ин феҳрист буд.

Вале Президент Раҳмон дар суханронии худ таъкид кард, ки вуқӯъи чунин инқилобҳо дар Тоҷикистон, ки ҷанги дохилиро пушти сар карда, душвор аст. Вай гуфт, ки дар замони ҷанги дохилии ин кишвар дар солҳои 1992-1997 ҳазорон нафар кушта ва беш аз як милюн тан аз атбоъи ин кишвар фирорӣ шуда буданд.

Ҳамчунин, 55 ҳазор кӯдак падар ё модарони худро аз даст додаанд ва иқтисоди Тоҷикистон милёрдҳо дулор зиён дидааст. Эмомалӣ Раҳмон ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистонро "таҳмилӣ" хонда ва гуфт, ки бархе аз кишварҳо дар оташ гирифтани ин ҷанг даст доштанд. Ба эътиқоди оқои Раҳмон, мардуми Тоҷикистон, ки ваҳшатҳои ҷанги дохилиро фаромӯш накардаанд, дубора "даст ба даргирию нооромиҳо" нахоҳанд зад.

Ин нуктаест, ки бисёре аз мунтақидони сиёсатҳои оқои Раҳмон низ ба он ишора мекунанд, вале онҳо мегӯянд, ки мардуми Тоҷикистон бештар аз бими саркӯб аз сӯйи нерӯҳои давлатӣ аз ҳар гуна эътироз ё тазоҳуроти мусолиматомез парҳез мекунанд.

ӯҳияи ватанпарастӣ"

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни суханронии худ аз падару модарон хост, ки аз пайвастани фарзандонашон ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро монеъ шаванд ва онҳоро "дар рӯҳияи ватанпарастӣ" тарбият кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар бархе аз ҷавонон "рӯҳияи бегонапарастӣ" мушоҳида мешавад ва, масалан, 70 дар сади пайкорҷӯёни мухолифи давлат дар минтақаи Раштро, ки тайи ду соли ахир як минтақаи бисёр ноамн дар Тоҷикистон буда, ҷавонон ташкил додаанд.

Чунин даъвате бори аввал дар яке аз суханрониҳои оқои Раҳмон дар ҷануби Тоҷикистон дар тобистони соли гузашта садо дода буд. Дар пайи ин фарохон, садҳо ҷавони тоҷик, ки дар мадориси мазҳабии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон бозоварда шуданд.

Дар суханронии порлумонии худ ӯ аз аҳзобу созмонҳои сиёсию иҷтимоъии кишвар низ даъват кард, ки манофеъи миллиро аз манофеъи ҳизбию фардии худ боло гузошта ва дар таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистон саҳми муассире гузоранд.

Бозрасиҳои молиётӣ

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба порлумон ҳамчунин хостори ислоҳи системи пардохти молиёт ба манзури боло бурдани бахши даромади буҷет шуд. Ҳоло дар Тоҷикистон 13 навъи молиёт вуҷуд дорад, ки ба эътиқоди коршиносон, аз тавсеъаи соҳибкорӣ ва рушди корхонаҳои кӯчаку мутавассит монеъ мешавад.

Ба гуфтаи оқои Раҳмон, ислоҳи низоми молиёт метавонад ба рушди соҳибкорию бахши хусусӣ ва таъмини колоҳои ватанӣ дар бозори дохилӣ мусоъидат кунад. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло ҳудуди 90 дар сади коло ва маводди ғизоии бозори дохилӣ аз хориҷи кишвар ворид мешавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ӯ пешниҳод кард, ки дар тафтиш ё бозрасии фаъолияти тоҷирону соҳибкорони ватанӣ, ки корхонаҳои тавлидотӣ бунёд мекунанд, барои се сол мораториюм (таълиқ) эълом шавад. Президент Раҳмон гуфт, ки рушди бахши хусусӣ ба таъмини колоҳои ватанӣ дар бозори дохилӣ, эҷоди ҷойҳои корӣ ва афзоиши мизони колоҳои содиротӣ кумак хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар чанд соли ахир дар бахши хусусии Тоҷикистон 800 ҳазор ҷойи кор эҷод шудааст. Дар вилояти Суғд соҳибкорон ё бозаргонҳо корхонаҳои тавлиди шиша, ҷӯроб ва маҳсулоти дигари мавриди ниёзи мардумро таъсис додаанд.

Вале бархе аз коршиносон мегӯянд, ки дар паёми раиси ҷумҳурӣ ба порлумон дар соли гузашта низ мавзӯъи ислоҳи системи молиёт матраҳ шуда буд, аммо дар ин замина пешрафтҳои назаррасе мушоҳида нашуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ишора ба вазъияти ҳаво ва камборишӣ, ки дар пойиз ва зимистони гузашта воқеъ шуд, ҳушдор дод, ки мумкин аст дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон хушксолие рух диҳад, ки аз даҳаи 1930 то ба ҳол собиқа надоштааст. Вай гуфт: "Ман худам бо чархбол бар фарози кӯҳҳо гаштам ва дидам, ки захираи барф дарвоқеъ кам аст."

Аз ин рӯ, оқои Раҳмон мақомҳои зидахлро дастур дод, ки аз нерӯи барқ барои фаъол кардани истгоҳҳои обкашӣ ба таври муассир истифода кунанд ва об барои мазореъи кишоварзиро таъмин созанд.

Коҳиши бекорӣ дар миёни занон

Дар паёми порлумонии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуд, ки ба далели набудани зербиноҳои лозим бахши аъзаме аз занони ин кишвар наметавонанд барои худ шуғле пайдо кунанд.

Гуфта мешавад ҳоло 25 дар сади кормандони ниҳодҳои давлатиро занон ташкил медиҳанд. Аммо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ин рақамро ночиз хонда ва ба кумитаи занон дастур дод, то дар муддати кӯтоҳ Барномаи вижаи таъмини ҷойи кор барои занонро таҳия кунад.

Зимни таҳияи ин санад ҷойҳои корӣ дар ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон, ки занон метавонанд фаъолият кунанд, мушаххас бояд шавад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт: "Дар системи мухобирот ва бонкҳо бештар мардҳо фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, 90 дар сади кормандони Бонки Миллӣ ва “Амонатбонк”-ро мардҳо ташкил медиҳанд, ки агар мушт ба девор зананд, девор мегардад. Ҷойи ин мардҳо сохтмон, сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" аст."

Ба гуфтаи оқои Раҳмон, ҳоло корҳои сангин ва бо маъоши ночиз ба ӯҳдаи занон аст: "Дар майдонҳои кишоварзӣ зери офтоби сӯзон танҳо занҳою духтарон кор мекунанд, он ҷо мардеро намебинед."

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомҳои зидахли давлатӣ дастур дод, ки дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ лоақал як муъовин аз ҷумлаи занҳо бошад. Ҳамзамон, вай таъкид кард, ки барои таъмин иштиғол барои занон ба онҳо вомҳои кӯчаку боимтиёз дода шавад. Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар тӯли 5 соли ахир ба занҳои бекор дар Тоҷикистон ба миқдори 3 милюну 300 ҳазор сомонӣ вомҳои боимтиёз тавзеъ шудааст.

Дар соли 2000 барои аввалин бор паёми Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси Маҷлиси миллии Тоҷикистон садо дод ва аз замон то ба ҳол ҳамасола паёми раиси ҷумҳурӣ ба порлумон ироа мешавад. Дар суханрониҳои порлумонии худ, вай бештар ба баррасии натоиҷи фаъолияти давлат дар як соли гузашта ва пешбинии барномаҳои оянда ва ҳамчунин авзоъи сиёсию иҷтимоъии кишвар мепардозад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ