03:12:35 01-уми Июли 2025 сол

ПАЁМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ

Мўҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! ҳамватанони азиз!

emomali rahmonПаёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузор дар арафаи истиқболи бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ, ки дастоварди муқаддастарин вабузургтарини таърихи навини халқи Тоҷикистон мебошад, пешниҳод мегардад.

Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, кибаъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгў ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт.

Дар давоми бист соли истиқлолият мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурўъ намудем; таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил додем; ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодаем.      

Таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имрўз ҳадафи асосии давлат ва ҳукумат мебошад. Тавре ки ҳамватанони азизи мо дар ёд доранд, солҳои аввали истиқлолият барои давлати ҷавони мо солҳои ниҳоят вазнин, вале сарнавиштсоз буданд ва аз ҳар кадоми мо ба хотири таъмини сулҳу субот, барқарор кардани низоми конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти рукнҳои фалаҷгардидаи давлатдорӣ ва ба даст овардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, ба ватан баргардонидани қариб як миллион нафар фирориён ва ташкилу амалӣ намудани низоми идоракунии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар кўшишу заҳмати азими шабонарўзиро тақозо доштанд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар, яъне аз соли 1997 пастравии нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ боздошта шуд. Минбаъд ба ҳукумат муяссар гардид, ки сол аз сол вазъиятро ба эътидол оварда, аз соли 2000-ум ба рушди тадриҷии иқтисоди миллӣ оғоз намояд. Дар давоми се соли охир, ки бўҳрони молиявию иқтисодӣ аксари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта буд, ба мо муяссар гардид, ки таъсири манфии онро то андозаи имкон кам намуда, тамоюли мусбати рушди иқтисодиву иҷтимоиро дар мамлакат нигоҳ дорем.

Соли гузашта ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли  1997  2,6 баробар афзуда, рушди миёнаи ҳарсолаи он 7,1 фоизро ташкил намуд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,5 баробар, кишоварзӣ 2,8, ҳаҷми гардиши савдои чакана 3,2 ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 7,8 баробар зиёд гардид ва ҳаҷми буҷети давлатӣ 75 баробар, маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 36,3 ва даромадҳои пулии аҳолӣ 38 баробар афзоиш ёфтанд.

Дар солҳои 1992- 1995 буҷети давлатӣ қариб, ки қурб надошт, сатҳи таваррум зиёда аз чор рақамро ташкил медод. Дар ин давра музди меҳнати муаллимон ва духтурон ба 3-5 сомонӣ ва хизматчиёни давлатӣ ба 15-17 сомонӣ баробар буд, ки он ҳам сари вақт пардохт намегардид. Аз соли 1995 нисбатан ба танзим даровардани буҷет оғоз шуда, ҳаҷми даромади он, соли 1997-ум 110 миллион, соли 2000 –ум ба 250 миллион расонида шуд. Соли ҷорӣ ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ 8,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 1997- 75 баробар зиёд мебошад.

Сатҳи камбизоатӣ дар кишвар дар маҷмўъ тамоюли устувори пастшавиро касб намуда, аз 72,0 фоизи соли 2003 то ба 45,0 фоиз дар соли 2010 расид. Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ислоҳоти ҷиддии сохториро дар самтҳо ва соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, ба монанди идоракунӣ, молия, бонкдорӣ, бахшҳои воқеии иқтисодиёт, инчунин маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оғоз намуда, бо қабул ва татбиқи як силсила барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва андешидани тадбирҳои судманд ба татбиқи нақшаҳои азими рушд заминаи мустаҳкам гузошт.

Бояд таъкид намоям, ки рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва минтақаҳои алоҳида дар асоси стратегияву барномаҳои қабулшуда заминаи рушди иқтисоди миллиро ташкил медиҳад ва татбиқи самараноки санадҳои зикргардида иҷрои ҳадафҳои афзалиятнокро таъмин хоҳад кард. ҳамчунин сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамчун омили асосии рушд мунтазам татбиқ гардида истодааст. Бинобар ин, ҷиҳати устувор гардонидани рушди и?тисодии мамлакат ва дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ вазифаи мо, пеш аз ҳама,таъминисуботи устувори макрои?тисодӣ дар заминаи мустаҳкам намудани соҳаҳои истеҳсолӣмебошад.

Дар баробари ин, таҳкими бахши молиявӣ, баланд бардоштани на?ши бахши хусусӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун яке аз бахшҳои афзалиятноки таъминкунандаи рушди и?тисодии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин татбиқи саривақтии нақшаву барномаҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аз ҷумлаи корҳои аввалиндараҷаи мо ба шумор мераванд. Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад.

Дар ин самт ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар даҳ соли охир мунтазам зиёд гардида, қисми хароҷоти буҷет доир ба дастгирии соҳаҳои афзалиятнок, хусусан хароҷоти иҷтимоӣ сол аз сол афзоиш ёфта истодааст: ҳаҷми хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ  дар соли 2011 нисбат ба соли 2000 –ум 33 баробар афзуда, ба 3,6 миллиард сомонӣ расидааст. Аз давраи солҳои 1997 то имрўз ҳаҷми номиналии маош тақрибан 70 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзоиш ёфтааст. ҳамзамон бо ин, тибқи чорабиниҳои ислоҳоти музди меҳнат ҳар сол дар кишвар маош ва нафақа ба ҳисоби миёна 27-30 фоизбаланд гардида, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуда истодааст.

Вале мо хуб дарк менамоем, ки ҳамаи ин ҳанўз ҳам қаноатбахш нест. Дар робита ба ин, пешбинӣ мегардад, ки ҷиҳати афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ бо роҳи ҳавасманд намудани андозсупорандагон ва андозбандии пурраи онҳо ислоҳот дар бахши  андоз вобаста ба ҳарчи содда намудани  низоми андозбандӣ ва кам кардани шумораи андозҳо тавассути муносиб сохтани миқдори умумии онҳо ба таври ҷиддӣ идома дода шавад.

Бинобар ин, ба ҳукумат супориш дода мешавад, ки то нимсолаи дуюми соли 2012 лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав таҳия намуда, ба муҳокимаи он доираи ҳарчи васеи мутахассисону коршиносон, соҳибкорон ва дигар андозсупорандагонро ҷалб намояд. ҳамчунин, ҷиҳати таъмини рушди мўътадили иқтисодиёт афзоиши воқеии маҷмўи маҳсулоти дохилӣ на камтар аз 6-7 фоиз, бо дарназардошти нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар ҳаҷми 7-9 фоиз, таъмин карда шавад. Илова бар ин, доир ба афзоиши даромади буҷети давлатӣ ва  то соли 2015 ба 22-23 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ баробар намудани он чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Вобаста ба ин, ҳаҷми маблағгузории хароҷоти маош дар буҷети давлатӣ бояд ба 8-9 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ расонида шавад. Ин имконият медиҳад, ки дар давраи миёнамўҳлат маоши миёнаи кормандони ташкилотҳои буҷетиро зиёда аз ду баробар баланд бардорем. Сиёсати пуливу қарзӣ барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ дар самти таъмини устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани пардохтпазирӣ ва эътимоднокии низоми бонкӣ, таъмини фаъолияти самаранок ва бехатарии низоми пардохтҳо равона карда мешавад.

Дар даҳ соли охир шумораи бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд аз 17 ба 138 ва шумораи мизоҷони онҳо аз 524 ҳазор то ба 2 миллиону  900 ҳазор расидааст, ки ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса бо даҳсолаи пешин мутаносибан 8 ва 5,5 баробар зиёданд. Бақияи қарзҳои додашудадар ин давра аз 377 миллион сомонӣ то 3 миллиарду 270 миллион сомонӣ ё 32 баробар афзудааст. Солҳои охир қарздиҳии хурд ба самти нави муносибатҳои қарзӣ табдил ёфта, дар панҷ соли охир се баробар афзоиш ёфтааст.

Дастовардҳои мазкур наметавонистанд, ки бидуни афзоиш ва тақвияти захираҳои молиявии бонкҳо муяссар гарданд ва қобили зикр аст, ки яке аз омилҳои муҳими ин афзоиш истифодаи самараноки сарчашмаҳои дохилӣ – пасандозҳои мардум ва ташкилоту корхонаҳо мебошад. Дар ин давра ҳамаи пасандозҳо беш аз 32 баробар зиёд гардида, дар охири соли 2010 маблағи 3,3  миллиард сомонӣ, аз ҷумла пасандозҳои аҳолӣ 1,5 миллиард сомониро ташкил карданд. Натиҷаи ҳамин аст, ки имконияти молиявии ташкилотҳои қарзии ватанӣ баландтар гардида, онҳо ба мизоҷон қарзҳои бештар пешниҳод намуданд: танҳо дар соли 2010 ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби низоми бонкӣ додашуда ба 5,5 миллиард сомонӣ расидааст, ки ин рақам нисбат ба панҷ соли пешин қариб се баробар зиёд аст.

 

ҷалби мизоҷон ва муштариён ба низоми бонкӣ низ бо истифода аз шаклҳои гуногуни хизматрасонӣ афзоиши назаррасро соҳиб шудааст ва дар маҷмўъ дар тўли даҳ соли охир беш аз панҷ баробар афзоиш ёфтааст.        Дар ин давра мо ислоҳоти низоми бонкиро идома дода, заминаи меъёрии ҳуқуқии онро ба талаботи муосир мутобиқ намуда истодаем. ҳоло қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” дар таҳрири нав ва дигар қонунҳои соҳавӣ дар  баррасии Маҷлиси Олӣ қарор дошта, такмили қонунҳои дигари бонкӣ низ дар назар аст. Вале бо вуҷуди ин ҳама, дар фаъолияти низоми бонкӣ ва қарздиҳӣ ҳанўз ҳам камбудиву мушкилоти муайян мавҷуданд, ки барои бартараф намудани онҳо ва иҷрои вазифаҳои дар назди бонкҳо қарордошта бояд чорабиниҳои зерин амалӣ карда шаванд:

- таъмини самаранокии сиёсати пуливу қарзӣ бо мақсади нигоҳ доштани таваррум дар сатҳи аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон муайяншуда;

- таъмини устувории қурби пули миллӣ ва ташаккули минбаъдаи бозори асъор;

- ҷалби боз ҳам бештари захираҳои қарзӣ ва дар ин асос зиёд намудани ҳаҷми умумии қарзҳои барои рушди соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ додашаванда;

- идома додани сиёсати таъмини устувории молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва вусъати фаъолияти онҳо бо роҳи такмил додани шароит барои ҷалби воситаҳои озоди пулии аҳолӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонии бонкӣ ва соддаву шаффоф намудани тартиби анҷомдиҳии он;

- содда кардани низоми қарздиҳӣ бо мақсади дастрасии ҳарчи бештари мизоҷон ба захираҳои қарзӣ ва зиёд намудани маблағи қарзҳои дарозмўҳлати барои рушди соҳибкории истеҳсолии ватанӣ додашаванда.

Бо мақсади дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт ва мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ бояд ҳаҷм ва шумораи қарзҳоро дар ин самт афзун намуда, барои дастрасии ҳарчи бештари мизоҷон ба захираҳои қарзӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Дар робита ба ин, барои зиёд шудани шумораи бонкҳо ва ташкилотҳои дигари қарзӣ дар кишвар ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҷдиди назар карда, ҷиҳати беҳбудии фаъолияти онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Инчунин, барои зиёд намудани қарздиҳии хурд дар ноҳияҳои дурдасти кўҳистон чораҳои иловагӣ андешида шаванд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ