08:48:05 01-уми Июли 2025 сол

ПАЁМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ

Ҳозирини гиромӣ!

Амалигардонии сиёсати ҳукумати Тоҷикистон оид ба татбиқи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва такмили сохтори идораи давлатӣ, инчунин ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси вусъат ёфтани ҷараёни сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар ва ҷалби бештари кўмаки беруна гардидааст. ҳоло ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар татбиқи 63 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 10 миллиард сомонӣ идома дорад. Танҳо дар давоми соли 2010-ум ҷиҳати татбиқи 27 лоиҳаи нави сармоягузорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ созишномаҳо ба имзо расонида, барои амалӣ намудани онҳо 2,5 миллиард сомонӣ ҷалб карда шудааст.

Дар тўли 10 сол зиёда аз 150 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 12 миллиард сомонӣ ва 200 лоиҳа бо ҷалби сармояи мустақим амалӣ гардидааст. Дар маҷмўъ барои рушди шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо ба маблағи беш аз 30 миллиард сомонӣ корҳои созандагиву ободонӣ ба иҷро расонида шудаанд.

Бо мақсади танзими раванди ҷалбу истифода ва ҳамоҳангсозиву мониторинги кўмаки беруна ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, инчунин ҷиҳати ро? надодан ба азхудкунии ғайримақсадноки маблағҳо ва таъмини баргузории боз ҳам шаффофи тендерҳо, дар соли 2010 қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кўмаки беруна ва баргузории тендерҳои харид дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ мавриди амал ?арор дода шуданд.

Вобаста ба ин, ба роҳбарони вазорату идораҳо зарур аст, ки ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалии маблағгузор дар доираи қоидаҳои мазкур ба роҳ монда, тамоми фаъолияти минбаъдаи худро бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамчун сохтори ваколатдори давлатӣ дар самти ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ, мониторингва арзёбии самаранокии истифодаи тамоми намудҳои кўмаки беруна ҳамоҳанг созанд.

Ҳарчанд ки мо дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаем, вале то ҳанўз на ҳамаи имкониятҳои мавҷуда пурра истифода шудаанд. Азхудкунии маблағҳо ва иҷрои чорабиниҳои дар доираи татбиқи лоиҳаҳо ба нақша гирифташуда на ҳама вақт дар мўҳлатҳои муайяншуда таъмин карда мешавад. Аз ин рў, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ вазифадоранд, ки идоракунии маҷмўи лоиҳаҳоро такмил дода, истифодаи самаранок ва саривақтии маблағҳоро таъмин намоянд.

 

Ҳозирини гиромӣ!

ҳоло мехоҳам таваҷҷўҳи шуморо ба яке аз масъалаҳои мубрами рўз ҷалб намоям. Ташаккулёбии бозори истеъмолии мамлакат, ки  бо масъалаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар алоқаманд мебошад, асосан дар зери таъсири омилҳои истеҳсоли маҳсулот ва гардиши мол тавассути соҳаҳои дахлдори иқтисодиёт қарор дорад. То ҳол ҳиссаи зиёди бозори истеъмолии мамлакатро маҳсулоти воридотӣ ташкил медиҳад ва табиист, ки болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ ба вазъи бозори дохилӣ таъсири манфии худро мерасонад.

Ҳукумати мамлакат дар масъалаи мўътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум чораҳои дахлдор андешида, онҳоро мунтазам амалӣ гардонида истодааст. Минбаъд низ зарур аст, ки бо мақсади дар сатҳи муайян нигоҳ доштани нархи молҳои ниёзи мардум бояд иқтисоди воқеӣ ҳарчи бештар тараққӣ дода, бо истифода аз фишангҳои иқтисодӣ танзими бозори истеъмолӣ пурзўр карда шавад.

Илова бар ин, бо мақсади таъмини рақобати солим ва устувор нигоҳ доштани вазъи бозори истеъмолӣ дар кишвар ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи қонун “Дар бораи асосҳои фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ”-ро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод намояд. Соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла саноат мунтазам рушд ёфта истодаанд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давоми солҳои 1997-2010 ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 9 фоиз афзоиш дошта, ҳамзамон бо ин, дар давоми даҳ соли охир дар соҳаи саноат беш аз 90 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шудаанд.

Бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти қобили рақобати таъиноти истеҳсоливу техникӣ ва молҳои ниёзи мардум Вазорати энергетика ва саноатро зарур аст, ки ҷиҳати дигаргунсозии сохтори саноат ва қабули барномаҳои нави афзалиятнок чораҳои муассир андешад. Зарур аст, ки дар солҳои наздик иқтидорҳои нави саноатӣ ташаккул дода шуда, истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат васеъ ба роҳ монда шавад, ки ба шароити муносибатҳои бозорӣ мутобиқ ва ҷавобгўи талабот дар дохили кишвар ва берун аз он бошад.

Дар ин раванд, бояд як масъалаи муҳим ба назар гирифта шавад, ки баланд бардоштани қобилияти рақобати маҳсулот  тавассути навсозии ҷараёни технологӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани истеҳсолот бо дастгоҳу технологияҳои навтарин имконпазир мебошад. Азнавсозии сохтории саноат бояд дар заминаи пайвастани илм ва истеҳсолот, истифодаи технологияҳои каммасрафи бар?ӣ, ташкили истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда равона гардида, барои амалӣ гардонидани он истифодаи ҳарчи пурраи захираҳои бойи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шавад.

Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон аз самаранок истифода гардидани захираҳои бойи табиии он ва вусъат додани истеҳсолоти саноатӣ вобастагии калон дорад. Ин раванд ислоҳоти ҷиддии қонунгузорӣ ва сиёсати танзимкунониро тақозо дорад, зеро имрўз қонунгузории амалкунандаи мамлакат дар ин самт ба талаботи муосир пурра ҷавобгў намебошад ва бояд бо дарназардошти таҷрибаи пешрафта ва ҳимояи манфиатҳои кишвар дар соҳаи истифодабарии  қаъри замин такмил дода шавад.

Ислоҳоти мазкур бояд барои  ташаккули  низоми нави идоракунии соҳа, ки дар он салоҳият ва вазифаҳои ҳамаи тарафҳои манфиатдор муайян гардидаанд, шаффофу устувор сурат гирифтани  муносибати байни давлат ва истифодабарандагони қаъри замин, инчунин соддагардонии дастрасӣ ба захираҳои табиӣ заминаи мустаҳкам гузорад. Ҳамзамон бо ин, ҷалби боз ҳам бештари сармоягузорӣ тавассути ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, воридоти техника ва технологияҳои муосир ва зина ба зина афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, алалхусус, дар асоси коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо, инчунин ҷиҳати тараққӣ додани соҳаҳои саноати металлургияи ранга, химия ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ зарур мебошад.

Аз ин рў, ҷиҳати рушди соҳаҳои саноат дар заминаи истифодаи захираҳои маъдани маҳаллӣ ба Саридораи геология супориш дода мешавад, ки барномаи нави давлатиро оид ба корҳои ҷустуҷўиву иктишофи сарватҳои зеризаминӣ таҳия карда, ба ҳукумат пешниҳод намояд. Дар баробари ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати энергетика ва саноат ва Саридораи геология  вазифадор карда мешаванд, ки барномаи беҳтаргардонии ҷолибияти сармоягузории соҳаи  истифодабарии қаъри замин, инчунин пешниҳодҳои асоснокшударо оид ба ислоҳоти қонунгузорӣ дар соҳаи истифодабарии қаъри замин омода  карда, ба баррасии ҳукумати Тоҷикистон  пешниҳод намоянд.

Татбиқи ин ҳадафҳо ҳиссаи истеҳсоли молу маҳсулоти ватаниро дар сохтори маҷмўи маҳсулоти дохилӣ афзоиш дода, дар баробари ин, барои ташкили ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, ба вуҷуд омадани сарчашмаҳои нави даромад ва таҳкими и?тидори содиротии кишвар мусоидат менамояд. Сиёсати давлати мо дар соҳаи иқтисод бояд дастгирии ҳаматарафаи ташаббуси шахсӣ ва соҳибкориро дар мадди аввал гузорад.

Дар ин самт  вазифаи аввалиндараҷа аз байн бардоштани монеаҳои маъмурии сунъӣ ва таъмини   шаффофияту оммафаҳмии  меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, яке аз вазифаҳои аввалин дар ин самт содда кардани қоидаҳои маъмурӣ нисбат ба субъектҳои соҳибкорӣ мебошад. Яъне мо бояд ҳам қонунгузорӣ ва ҳам мафкураи соҳибмансабонро дар ин самт дигар кунем. Мо бояд дарк намоем, ки пешрафти соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ - ин воридшавии мунтазами андоз ба буҷет ва дар айни замон, зиёдшавии ҷойҳои корист.

Дар самти ислоҳот ва рушди соҳибкорӣ сол?ои охир мо ба дастовард?ои назаррас ноил гардидем. Исло?оти гузаронидаи мо аз ҷониби ҷомеаи ҷа?онӣ ба?ои баланд гирифта, Тоҷикистон соли дуюм аст, ки ба қатори да?гонаи давлат?ои исло?отгар шомил мегардад. Вале боз ?ам бе?тар намудани фазои сармоягузор? ва со?ибкор?, аз ҷумла бо роҳи аз байн бурдани монеа?ои сунъии маъмур? ва коррупсия самти стратегии сиёсати и?тисодии ?укумати Тоҷикистон бо?? хо?ад монд.

Вобаста ба ин, пешниҳод мегардад, ки бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар истеҳсолот бо дарназардошти ҷалб намудани техника ва технологияи муосир ва тадриҷан афзун намудани истеҳсоли маҳсулот дар дохили кишвар барои ҳама гуна тафтишу санҷиши фаъолияти соҳибкороне, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд, дар муддати се соли аввал мораторий эълон карда шавад.

Инчунин, барои дастгирии боз ҳам бештари соҳибкорӣ  ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки лои?аи ?онун "Дар бораи ?амкории давлат ва бахши хусус?"-ро та?ия карда, ба баррасии ?укумат пешни?од намоянд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ