01:14:44 02-уми Июли 2025 сол

ПАЁМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ

 

Мўҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ба кишвари содиркунандаи нерўи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза табдил додани Тоҷикистон дар бахши энергетика татбиқи маҷмўи ислоҳоти иқтисодиву сохторӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, тибқи Консепсияи рушди энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ташкили маҷмааҳои саноатӣ ва сўзишвориву энергетикӣ дар назар мебошад.

Барои дар амал татбиқ намудани консепсияи мазкур маблағгузории соҳаи энергетика дар се соли охир бо дарназардошти лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ - 3,8 миллиард сомониро ташкил дод ва дар соли ҷорӣ ба ин мақсад зиёда аз 1,8 миллиард сомонӣ равона мегардад. Дар доираи татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории дар соҳа амалишудаистода корҳои лоиҳакашӣ, таҷдид ва сохтмони шабакаҳои дохилӣ ва байналмилалии интиқоли нерўи барқ идома доранд.

Бо мақсади таъмини ноҳияҳои дурдасти кўҳистон бо нерўи барқ дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон дар маҷмўъ 241 нерўгоҳи барқи обии хурд сохта, ба истифода дода шудааст. Мутобиқи «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» то соли 2020 дар қаламрави мамлакат сохтмони 190 нерўгоҳи хурди барқи обӣ пешбинӣ шудааст.

Дар баробари ба кор андохтани нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда - 2», ки то охири соли ҷорӣ бояд ба истифода супорида шавад, идомаи корҳои барқарорсозии нерўгоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди нерўгоҳҳои амалкунанда, аз ҷумла Норак, қайроққум, силсиланерўгоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёҳои Варзобу Вахш ва сохтмони дигар нерўгоҳҳои барқи обии ба нақша гирифташуда дар се соли оянда истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон таъмин хоҳад шуд, ҷиҳати амалишавии мақсадҳои мазкур ҷалб ва истифодаи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Тадбирҳои андешидашаванда оид ба сохтмони иншооти обию энергетикӣ дар навбати аввал ба ҳалли мушкилоти муҳими имрўзаи мо – мунтазам бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаҳои кишвар нигаронида шуда, барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ бо мақсади таъмини рушди устувори кишвар бо дарназардошти ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ замина мегузоранд. Бинобар ин, дар асоси муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ корҳои ташхисиро оид ба асоснокии техникӣ ва арзёбии таъсири иҷтимоиву иқтисодии ба анҷом расонидани сохтмони нерўгоҳи барқи обии Роғунро бо ҷалби ширкатҳои бонуфуз ва мустақилиҷаҳонӣ гузаронида истодааст.

Бояд зикр намуд, ки дар вазъияти ҳоло дар ҷаҳон баамаломада вобаста ба гармшавии глобалии иқлими сайёра, афзоиши шумораи умумии аҳолии кураи замин, бемайлон боло рафтани нархҳои маводи сўзишворӣ бо дарназардошти маҳдудият ва камшавии захираҳои мавҷуда вазифаи аввалиндараҷаи мо истифодаи имкониятҳо ва захираҳои дохилӣ мебошад. Коҳишёбии пайвастаи ҳаҷми воридоти гази табиӣ ва баландшавии нархи маводи сўхт дар бозорҳои ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки соҳаи нафту газ ва ангиштро ба яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт табдил диҳем.

ҳоло аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини корхонаҳои саноатӣ ва аҳолии кишвар бо гази табиии худӣ  як қатор чорабиниҳои дорои аҳамияти аввалиндараҷа амалӣ гардида истодаанд. ҳамкориҳо дар мавриди пешбурди корҳои ҷустуҷўиву иктишофӣ бо 15 ширкату корхонаҳои ватаниву хориҷӣ дар 87 кону майдонҳои нафту газ идома доранд. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо ширкати «Газпром»-и Федератсияи Россия дар майдонҳои аз ҷиҳати нафту газ ояндадори Сариқамиш ва Саргазон бо истифода аз техника ва технологияҳои нодири замонавӣ корҳо оғоз гардидаанд. Мутахассисон пешбинӣ мекунанд, ки захираҳои дар қаъри ин майдонҳо мавҷудбуда корхонаҳои саноатии кишвар ва аҳолиро даҳҳо сол бо гази табиӣ таъмин менамояд.

Бо вуҷуди ин, дар самти истифодаи манбаъҳои энергетикӣ татбиқи тадбирҳои иқтисодӣ ва маъмурие самти муҳими кор бояд бошанд, ки ба ҳавасманд намудани истифодаи самарабахши нерўи барқ ва таҳияи механизми татбиқи технологияҳои каммасрафи барқӣ дар соҳаи энергетика равона гардидаанд. Баландшавии нархи сўзишворӣ ва камшавии захираҳои он воқеияти ногузир мебошад, чунки мо аз бозори ҷаҳонӣ ҷудогона амал карда наметавонем. Ин чунин маънӣ дорад, ки мо дар ҳама ҳолат бояд технологияҳои навтаринро истифода намоем, то ин ки ҳаҷми хароҷоти нерўро кам карда, вобастагии кишварро аз воридоти манбаъҳои сўзишворӣ ҳарчи камтар созем.

Дар робита ба ин, зарурати тезонидани ҷараёни истифодаи технологияҳои муосир дар истеҳсолот ва таҷдиди сохтории бахши энергетика ҷиҳати мукаммал гардонидани фаъолияти иқтисодиву технологии он ба миён омадааст. Ҳоло барои такмил додани қонунгузорӣ доир ба сарфаҷўии нерў андешидани  чораҳои дахлдор идома дорад ва зарур аст, ки минбаъд низ ҳар як шаҳрванди мамлакат дар истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ саҳмгузор бошад.

Ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки барои таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши иншооти энергетикӣ ва истифодаи ҳарчи пурра аз захираву имкониятҳои то ба ҳол истифоданашуда чораҳои зерин амалӣ карда шаванд:

- аз тарафи ҳукумати мамлакат андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидан ба рушди соҳа ва амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок барои солҳои 2010-2015, иҷрои саривақтии нишондодҳои дар барномаҳои соҳа муайянгардида;

- аз ҷониби Вазорати энергетика ва саноат муайян намудани тартиби гузаронидани арзёбии энергетикӣ ва тартиби гирифтани шаҳодатномаҳои энергетикии иншоот, инчунин сертификатсияи маҳсулоти саноатии ба кишвар воридшаванда бо дарназардошти масрафи нерўи барқ.

Умуман, таъкид менамоям, ки дар шароити баъдибўҳронии иқтисодиёти ҷаҳон масъалаи нигоҳ доштани рушди устувор ва қобили рақобат будани иқтисодиёт аҳамияти хоса пайдо менамояд. Барои ин моро зарур аст, ки тадбирҳои зеринро амалӣ намоем:

Якум, азнавсозии сохтории истеҳсолот бо мақсади самтдиҳии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба рушди афзалиятнок ва босуръати корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва диверсификатсияи содирот.

Дуюм, тадриҷан даст кашидан аз тамоюли ашёи хом доштани содирот ва рушди мақсадноки соҳаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти дараҷаи баланди коркард.

Сеюм, ташкили низоми умумидавлатии дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии содирот, инчунин ташкили шабакаи ҳозиразамони қарздиҳӣ барои содирот ва суғурта.

Бинобар ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор истифодаи амалии муносибатҳои соддагардонидашуда ва муназзам байни иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва давлатро ҳангоми барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ таъмин намояд. Чунон ки зикр гардид, аз сабаби бо иқтидори пурра кор накардани корхонаҳои саноатӣ талаботи бозори истеъмолии мамлакат имрўз асосан аз ҳисоби молу маҳсулоти воридотӣ таъмин мегардад.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар масъалаи таъмин кардани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоте, ки дар кишвар барои тавлидоти онҳо шароити истеҳсолӣ ва базаи ашёи хом мавҷуд аст, чораҳои қатъӣ андешида шаванд. Дар робита ба ин, вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтӣ ва пурраи Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2015 таъмин намоянд.

Дар сиёсати пешгирифтаи ҳукумат дар бобати таъмини рушди устувори иқтисодӣ масъалаҳои афзун намудани иқтидори содиротӣ бо роҳи коркарди ниҳоии ашёи хоми дар мамлакат истеҳсолшаванда ва истеҳсоли маҳсулоти ба рақобат тобовар, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои иҷтимоии давлат барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мавқеи муайянкунанда доранд. Бинобар ин, татбиқи саривақтии барномаҳои давлатии рушди соҳаи саноати сабук барои солҳои 2006 -2015, коркарди пурраи нахи пахтаи дар мамлакат истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015 ва рушди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои солҳои 2007-2015 аҳамияти афзалиятнок дорад.  

Ҳозирини мўҳтарам!

Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, манбаи асосии таъмини аҳолӣ бо озуқа, корхонаҳои саноатии мамлакат бо ашёи хом ва шуғли аҳолӣ мебошад. Рушди ин соҳа, пеш аз ҳама, ба беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолии деҳот мусоидат мекунад. Солҳои охир дар соҳаи кишоварзии мамлакат як ?атор ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ карда шуданд, ки ма?сади асосии онҳо афзоиши маҳсулоти ба содирот нигаронидашудаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озу?авории мамлакат мебошад.

Дар натиҷаи чораҳои амалигардида ва заҳмати мардуми шарифи Тоҷикистон солҳои охир афзоиши маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, соли 2010 нисбат ба соли 1997-ум 2,8 баробар зиёд маҳсулот истеҳсол шудааст.Истеҳсоли маҳсулоти ғалладона 2,3 баробар, картошка 6, сабзавот 3,3 баробар ва мева 2 баробар афзудааст. Бо мақсади таъмин кардани рушди соҳаи кишоварзӣ то имрўз якчанд барномаҳои соҳавӣ қабул ва татбиқ шуда истодаанд ва ҷиҳати ҳалли масъалаҳои маблағгузории бевоситаи соҳаи пахтакорӣ, инчунин рушди бахши коркарди меваю сабзавот, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он чораҳои иловагӣ амалӣ гардида истодаанд.

Маблағгузории соҳаи кишоварзӣ дар панҷ соли охир бо дарназардошти лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва маблағгузории бонкӣ - 5,2 миллиард сомониро ташкил дода, фақат дар соли ҷорӣ ба соҳа 1,3 миллиард сомонӣ равона мегардад. ҷиҳати дастгирии соҳаи кишоварзӣ, таҷдиди инфраструктураи он, обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав, дастгирии молиявии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рушди устувори иқтисодии соҳаи пахтакорӣ ҳоло 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ мавриди татбиқ қарор дорад. Илова бар ин,  аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар 3 соли охир барои дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ ба маблағи 430 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо  карда шудаанд.

Барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии миллӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ зарур аст, ки татбиқи барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзиро ҷоннок намуда, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шавад. ҳамзамон бо ин, дар давоми сол истифодабарии замин барои гирифтани ду ҳосил, махсусан дар заминҳои обӣ ба роҳ монда шуда, ба ҳукумати Тоҷикистон  супориш дода мешавад, ки барномаи давлатии дарозмуддати азхудкунӣ ва обёрикунии заминҳои нав ва бекорхобидаро бо ҷалби сармоягузориҳо таҳия ва қабул намояд.

Инчунин, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла барномаҳои рушди соҳаи пахтакорӣ, боғу токпарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ ва бахшҳои дигар чораҳои иловагӣ андешида шаванд. Раҳо додани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба минтақаи транзитӣ бо тамоми инфраструктураи нақлиётии мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати иқтисодии давлат дар  ояндаи наздик ба шумор меравад.

Дар давоми солҳои гузашта сохтмони роҳу пулҳои дорои аҳамияти натанҳо ҷумҳуриявӣ, балки байналмилалӣ, инчунин нақбҳои мошингард босуръат идома дода шуд. Бо ин мақсадмаблағгузории соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия дар панҷ соли охир бо дарназардошти лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ - 3,9 миллиард сомониро ташкил дода, дар соли ҷорӣ ба ин мақсад 1,4 миллиард сомонӣ равона мегардад.

ҷиҳати таҷдиди роҳҳои мошингарди кишвар, беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ ва умуман рушди соҳаи нақлиёт ҳоло 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки татбиқи онҳо  ба беҳтар гардидани дастрасӣ ба бозор, зиёд кардани ҳаҷми тиҷорат дар минтақа, паст намудани арзиши хизматрасонии нақлиётӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона карда шудааст.

Дар соли 2011 татбиқи 3 лоиҳаи нав - сохтмони роҳҳои мошингарди Кўлоб – Қалъаи Хумб, Шоғун-Зиғар (марҳалаи 3) ва таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода  ба маблағи умумии зиёда аз 4,5 миллиард  сомонӣ оғоз мегардад. ҳоло дар мамлакат сохтмони ду нақби нақлиётии Чормағзак ва Шаҳристон бо дарозии умумии қариб 10 километр босуръат идома дорад.

Дар марҳалаи кунунӣ Вазорати нақлиётро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи соҳа тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳоисохтмони роҳҳои оҳанинав,беҳтар намудани фаъолияти нақлиёти роҳи оҳан, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳа, мустаҳкам намудани робитаҳои нақлиётии мамлакат ва суръатбахшии сохтмони роҳи оҳаниДушанбе-Қўрғонтеппа,инчунин ҳалли саривақтии дигар масъалаҳои мавҷуда чораҳои судманд андешад.

ҳамзамон бо ин, Хадамоти давлатии алоқавазифадор аст, ки оид ба беҳтарнамудани кориалоқаителефонӣдар ноҳияҳои дурдасти кўҳистонимамлакат ва бо шабакаи интернет пайваст намудани онҳо чораҷўӣ намояд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишварамон корҳои азими бунёдкориву созандагӣ васеъ ба роҳ монда шуда, садҳо иншооти хурду бузурги таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ