ПАЁМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ
Хурсандиовар аст, ки фарҳанги шаҳрдориву шаҳрсозӣ ҳамчун мероси арзишманди ниёгони мо аз нав барқарор шуда истодааст. ҳукумат аз ҷониби худ ҷиҳати вусъатбахшии сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, иншооти маъмуриву маишӣ, маорифу фарҳанг ва тандурустӣ пайваста чораҷўӣ менамояд.
Дар давоми солҳои истиқлолият барои 141 ҳазор оила беш аз 8,4 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд. ҳамзамон, ҷиҳати сохтмони манзилҳои истиқоматӣ қариб 120 ҳазор гектар замин барои 900 ҳазор оила ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Аз ҷумла, дар ду соли охир барои ин мақсад 21 ҳазор гектар барои зиёда аз 150 ҳазор оила, ки аксарияти онҳо оилаҳои ҷавон мебошанд, замин ҷудо карда шудааст ва ҳоло тақсимоти он идома дорад.
Дар робита ба ин, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ширкатҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ ва шаҳрвандонро зарур аст, ки риояи қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ, инчунин сифати масолеҳи сохтмонӣ ва иншооти сохташавандаро қатъиян таъмин намоянд.
Дўстони азиз!
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ давлати иҷтимоӣ эълон гардида, ўҳдадор шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.Аз ин рў, ҳалли тадриҷии масъалаҳои иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлати Тоҷикистон мебошад. Вақте ки сухан дар бораи таъмини ҳифзи иҷтимоии мардум, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, тавсеа ёфтани шабакаи технологияҳои иттилоотӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгў меравад, барои онҳо, пеш аз ҳама, муҳайё кардани шароити мусоид хеле муҳим аст.
Бинобар ин, рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати мо эълон шудааст. Тақозои замон ин аст, ки сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста боло равад, ба талаботи таҳсилот дар кишварҳои пешрафта ва бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгў бошад. Ин вазифа низ аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии давлати мо дар соҳаи маориф буда, барои муваффақ шудан ба он бояд дастаҷамъона талош варзем.
Давлат барои ворид намудани технологияи компютерӣ ба муассисаҳои таълимӣ таваҷҷўҳи зиёд дорад, зеро асри XXI асри технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошад. Ворид шудани технологияи нав, бахусус компютерикунонии муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки сатҳу сифати таълим беҳтар гашта, усулҳои муосири донишандўзӣ ҷорӣ карда шаванд. Вобаста ба ин, ба ҳукумат супориш дода мешавад, ки то охири соли ҷорӣ Барномаи давлатии компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар пурра ба анҷом расонида шавад.
Зарур аст, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба омўзиши забони давлатӣ таваҷҷўҳи аввалиндараҷа дода, дар баробари ин донистани ҳатмии ду забон, бахусус забонҳои русӣ ва англисиро ҷорӣ намоем. Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муносибат ба забони давлатӣ ба куллӣ тағйир ёфт ва имрўз татбиқи қонун муваффақона идома дорад. Ба Вазорати маориф, Кумитаи забон ва истилоҳот, Академияи илмҳо, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки ба омўзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷўҳ зоҳир намуда, тамоми зинаҳои таҳсилотро бо маводи таълимӣ таъмин созанд.
Гарчанде Соли маориф ва фарҳанги техникиро соли 2010 бомуваффақият ҷамъбаст намуда бошем ҳам, ин масъаларо набояд аз мадди назар дур созем. Баръакс, бояд ҳамасола ба рушди соҳаи маориф ва тафаккури техникии кўдакону наврасон, омўзиши илмҳои табииву риёзӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ тадбирҳои амалӣ андешем ва тавассути чорабиниҳои мухталиф ин иқдомҳоро амалӣ гардонем. Рушди тафаккури техникии кўдакону наврасон бояд вазифаи муҳими роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдор бошад.
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ яке аз зинаҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар буда, иқтисоди миллиро бо мутахассисони соҳибкасб таъмин менамояд ва дар рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо мегузорад. Бинобар ин, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки “Барномаи ислоҳот ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро барои солҳои 2012-2020” таҳия карда, ба ҳукумат пешниҳод намояд.
Мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки ба бозомўзии наврасон, ҷавонон ва калонсолон таваҷҷўҳ зоҳир намуда, дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва марказҳои таълимии калонсолон тибқи талаботи бозори меҳнат ва иқтисодиёти миллӣ курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши касбҳои коргариро таъсис диҳанд. Солҳои охир вазъи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беҳтар гардида, заминаи моддиву техникии онҳо таҳким ёфта истодааст. Чунин пешравӣ боис гардид, ки дар баробари шаҳрвандони дохилӣ таваҷҷўҳи шаҳрвандони хориҷӣ ба муассисаҳои таълимии кишвар зиёдтар гардад.
Имрўз дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварамон аз 28 мамлакати ҷаҳон қариб 3500 нафар донишҷўёни хориҷӣ таҳсил менамоянд. Дар баробари ин, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ вазифадоранд, ки пояи моддиву техникии муассисаҳои худро таҳким бахшида, ҷиҳати ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмиву таҳқиқотӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Маблағгузории давлатии соҳа, махсусан барои сохтмон ва таъмиру азнавсозии иншооти таълимӣ сол ба сол меафзояд.
ҳукумати мамлакат барои таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайё намудани шароити мусоиди таълимӣ соли 2008-ум Барномаи давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳоро барои солҳои 2008-2015 қабул намуд, ки маблағи умумии он зиёда аз 600 миллион сомониро ташкил дода, дар доираи амалисозии барномаи мазкур давра ба давра зиёда аз 1000 мактаб таъмиру азнавсозӣ карда мешавад.
ҳамзамон бо ин, ҳамроҳ шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ, яъне аз соли 2012 ба таҳсилоти ҳатмии 10-сола ва солҳои минбаъда ба низоми нави таҳсилоти умумӣ гузаштан, инчунин афзоиши аҳолии кишвар сохтмони мактабҳо ва синфхонаҳои иловагиро талаб менамояд. Танҳо соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар қаламрави кишвар зиёда аз 200 мактаб барои 40000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.
Дар замони истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омада, бевосита тавассути дастгирии давлат дар миқёси кишвар 1200 бинои мактаби ҳозиразамон барои 311 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд. Аз соли 1998 то имрўз 14 лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши умумии 720 миллион сомонӣ амалӣ мешавад.
Тавре ки шумо медонед, барои тақвият бахшидани робитаи оила бо мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардида буд. Дар баробари қабули қонуни мазкур барои мо зарур аст, ки як барномаи аз ҷиҳати илмӣ асосноки тарбияи насли наврасро барои ҷомеа таҳия карда, ба василаи он роҳҳои иҷрои қонуни мазкур ва фалсафаи таълиму тарбияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас намоем.
Аз ин рў, ба Вазорати маориф ва Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки барномаи мазкурро таҳия карда, ба ҳукумат пешниҳод намоянд. Ин барнома бояд тамоми паҳлўҳои зиндагии кўдакро дарбар гирифта, дар оянда ҳар хонавода, кўдакистонҳо, мактабҳо ва ғайра дар асоси он фаъолият намоянд. Чун ҷавонони имрўза падару модарони оянда ҳастанд, бояд аз тариқи китобҳои дарсӣ, тавсия ва дастурҳои методӣ усулҳои муосири тарбияи фарзандро ёд гиранд. Дар ин росто, зарурат ба чопи китобҳои дарсӣ оид ба ахлоқ бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ барои мактабҳои миёна ва олии кишвар ба миён меояд.