ПАЁМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ
Академияи илмҳо ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мувофиқа бо кормандони соҳаи маориф ин корро бояд анҷом диҳанд. Мо лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ҳамчун яке аз муҳимтарин санадҳои батанзимдарорандаи одобу ахлоқ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон арзёбӣ менамоем. Зеро равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи муосири башарӣ собит месозанд, ки имрўз сатҳи пешрафту инкишофи ҳаёти маънавии инсониятро на шумораи зиёди аҳолӣ ва сарватҳои моддӣ, балки ахлоқи ҳамида, тарбияи нек, рушду нумўи илму маориф ва техникаву технологияҳои муосир муайян мекунад.
Амалӣ шудани қонуни мазкур натанҳо падару модар, балки роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омўзгорон, ҷомеа ва давлатро вазифадор менамояд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд диққати махсус диҳанд. Он ҳамчунин дар тарғибу ташвиқи одоби муошират, риояи арзиш?ои милл? ва умумибашар? ва дар рў?ияи ватандўстӣ, хештаншинос? ва ?авонмардиву ахло?и ?амида ба воя расонидани хонандагону донишҷўён нақши муҳим мебозад.
Солҳои охир аз тарафи ҳукумат ва аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардида бошад ҳам, ҳоло низ сифати таълиму тарбия ба талаботи замон ҷавобгў нест. Бинобар ин, омўзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд ба сифати таълиму тарбия диққати бештар дода, аз усулҳои фаъоли таълим истифода намоянд ва талаботи хонандагону донишҷўёнро барои гирифтани таҳсилот қонеъ гардонанд. Ҳукумати Тоҷикистон аз рўзҳои аввали истиқлолият ба инкишофи илм диққати аввалиндараҷа медиҳад. Моҳияти муҳими масъаларо ба инобат гирифта, роҳбарияти кишвар ислоҳоти Академияи илмҳоро амалӣ намуда истодааст.
Рушди босуръати илм ва технологияи муосир зарурати қабули қонунҳо ва асноди нави меъёрии ҳуқуқиро тақозо менамояд. Аз ин ҷост, ки ҳукумат як қатор ҳуҷҷатҳои муҳимро дар робита ба илм омода ва тасдиқ намуд, ки барои пешрафти фаъолияти муассисаҳои илмии кишвар мусоидат карданд. Барои он, ки Академияи илмҳо дар ҳалли масъалаҳои умдаи илмиву иқтисодӣ ва техникӣ саҳми босазо дошта бошад, бояд вазифаҳои зеринро дар навбати аввал иҷро намояд:
1. Андешидани чораҳо ҷиҳати ҷалби бештари мутахассисони ҷавону болаёқат ба муассисаҳои илмӣ ва аспирантураи Академияи илмҳо ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ.
2. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қарори ҳукумат «Дар бораи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020».
3. Андешидани чораҳо барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳое, ки дар «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2010-2015» ва «Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» ба нақша гирифта шудаанд.
Фарҳанг чун падидаи бузург ва арзишманду муассири рўзгори иҷтимоӣ дар таърих ва рушди маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистон пайваста нақши назаррас мебозад. Дар даврони истиқлолият паҳлўҳои гуногуни фарҳанги миллӣ таҷдиду такони тоза ёфтанд. Ба шарофати ғамхориҳои доимии ҳукумат садҳо муассисаҳои фарҳангӣ – театрҳо, толорҳои консертӣ, осорхонаву китобхонаҳо, ёдгориҳои нодири таърихӣ таъмиру азнавсозӣ гардиданд ва даҳҳо биноҳои замонавии фарҳангӣ қомат афрохтанд.
Дар ин замон Консерваторияи миллӣ таъсис ёфт, ки дар рушди санъати мусиқӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасби соҳа саҳми арзанда дорад. Дар пойтахти кишварамон бунёд гардидани Китобхона ва Осорхонаи миллӣ ҳамчун марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳими даврони истиқлолият мебошанд, ки дар хизмати наслҳои имрўзаву оянда қарор хоҳанд гирифт.
Дар ин радиф шоистаи зикр аст, ки силсилаи қонуну барномаҳои давлатӣ, асноди меъёрии ҳуқуқии вобаста ба инкишофи минбаъдаи соҳаҳои фарҳанг - театр, китобхонаву осорхона, воситаҳои ахбори омма ва ҳифзу истифодаи ёдгориҳои таърихӣ барои таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои фарҳанг, бунёди инфраструктураи муосири фарҳангӣ, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ҷиҳати истифода аз дастовардҳои соҳаи фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ мусоидат намуданд.
Бо вуҷуди ин, то ҳанўз як силсила масъалаҳое ҷой доранд, ки ҳаллу фасли онҳо зарур аст. Имрўз дар мамлакат беш аз 40 осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ, ки дорои теъдоди зиёди бозёфтҳои нодир мебошанд, фаъолият менамоянд. Вале аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои ободонӣ, таъмиру тармим, таҳкими базаи моддиву техникии онҳо ба қадри кофӣ маблағҳо ҷудо карда намешаванд, ки дар натиҷа шумораи зиёди нигораҳои дорои арзиши баланди илмӣ ва таърихиву фарҳангӣ осеб мебинанд.
Ба Вазорати фарҳанг ва Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки Барномаи мушаххаси таъмиру тармими ёдгориҳои таърихиро таҳия карда, ба ҳукумат пешниҳод намоянд. Васоити ахбори умум дар ҷомеа нерўи муассири иттилоотӣ ва таблиғгари афкори нав мебошанд. Нақши онҳо дар раванди демократикунонӣ ва рушди ҷомеа ниҳоят калон аст.Бояд қайд кард, ки теъдоди воситаҳои ахбори умум дар солҳои истиқлолият ба таври назаррас афзудааст.
Барои қиёс, дар соли 1991 ҳамагӣ 139 адад рўзномаву маҷалла вуҷуд дошт, ки фақат чортои он хусусӣ буд. ҳамагӣ як агентии иттилотии давлатӣ фаъолият мекард. Имрўз 404 рўзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки аз ин теъдод 250-тоаш хусусӣ мебошад. Аз ҳашт агентии иттилоотӣ, ки ба қайд гирифта шудааст, ҳафт агентӣ ғайриҳукуматӣ аст. Инро ҳамчун падидаи мусбат дар ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ намудан мумкин аст. Дар комилсозии фазои иттилоотии кишвар дар баробари шабакаҳои радиои давлатӣ, инчунин радиоҳои ғайриҳукуматӣ низ саҳм мегиранд. ҳоло дар мамлакат 44 шабакаи радиотелевизионӣ амал мекунад, ки аз ин миқдор 28 радиову телевизион хусусӣ мебошад.
Раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ба давраи соҳибистиқлолии Ватанамон рост меояд. ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки ниҳодҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбанд, асосан дар даврони истиқлолият арзи вуҷуд намуданд. Ин ниҳодҳо дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократикунонии ҷомеа ва тавсеаи фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар кишвар мақоми хосаро соҳиб гардидаанд. Агар соли 1992 шумораи онҳо 141 ададро ташкил карда бошад, имрўз ин шумора ба 2364 адад расидааст. ҳашт ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият дорад, ки панҷтои он дар парламенти кишвар намояндаи худро дорад. ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ барои ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат хоҳад кард.
ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа бо дастгирии ҳукумат зиёда аз 600 номгўй асарҳои классикон ва адибони муосир чоп гардида, таъминоти китобхонаҳои давлатӣ бо адабиёти тозанашр то андозае беҳтар гардид ва шумораи мағозаҳои давлатии фурўши китоб ба беш аз 100 адад расонида шуд. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар соли 2010 тибқи қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни аҷдодиамон - Наврўзи Аҷам мақоми байналмилалиро соҳиб гашт.
Рўйдоди дигари таърихиву фарҳангӣ ин аст, ки бо қарори ЮНЕСКО ёдгории таърихиву археологии нодир ва панҷҳазорсолаи Саразм ба Феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии аз тарафи ин созмон ҳифзшаванда ворид гардид. Барои ба ин рўйхат тавассути барномаи трансмиллии «Шоҳроҳи бузурги абрешим» ворид намудани 8 ёдгории таърихиву фарҳангӣ аз қабили «Шаҳраки қадимаи Панҷакент», «Шаҳри Бунҷекат», «Қалъаи Ҳисор», «Маъбади буддоии Аҷинатеппа», «Мадрасаи Хоҷа Машҳад», шаҳри «Тахти Сангин», «Шаҳри Ҳулбук», «Қалъаи Ямчун» корҳои тадқиқотӣ идома доранд.
Фарҳанг ва ҳунари воло дар ҳама давру замон ҳамчун василаи муҳими муаррифии халқу кишвар ба ҷаҳониён шинохта шудааст. Боиси қаноатмандист, ки имрўз ҳамватанони мо дар беҳтарин саҳнаҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ менамоянд. Тавассути дастгирии ҳукумати кишвар дар даврони истиқлолият санъаткорони мо ба зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон сафари ҳунарӣ анҷом доданд. Танҳо дар соли 2010 ҳунармандони тоҷик дар ҷашнвораву озмунҳо ва фестивалҳои 20 мамлакати ҷаҳон ширкат варзида, фарҳангу ҳунари волои миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд.
Яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи тандурустӣ мебошад. Дар ин соҳа бо дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тибби оилавӣ” қабул гардида, бо қарорҳои ҳукумат Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2020 тасдиқ карда шудаанд.