01:26:44 05-уми Июли 2025 сол

ПАЁМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ

 

Дар айни ҳол бояд гуфт, ки вазъи зудтағйири низоми муносибатҳои байналмилалӣ баъди заволи дунёи дуқутба ва ба вуҷуд наомадани ягон низоми наву мустаҳкам боиси ҷиддан халалдор гардидани устувориву суботи он шуданд, ки ҳодисаҳои пурғавғо ва рўйдодҳои пурмоҷарои вақтҳои охир дар Шарқи Миёна ва олами араб шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд.

Дар ин вазъият низ Тоҷикистон чун ҳамеша тарафдори ҳамкории созанда бо ҳар як ҷониби хайрхоҳ буда, сиёсати мутавозину мусолиматомез ва санҷидаву фарогиреро пеш гирифтааст, ки ҳадафи он ҳарчи зиёдтар намудани сафи дўстони Тоҷикистон аст.

 Мағзу мўҳтавои сиёсате, ки мо татбиқ менамоем ва онро бо номи «дарҳои кушод» ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаем, маҳз аз он иборат аст, ки мо бо ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ ва тамоми кишварҳо ҳамкории фаъол ва созанда хоҳем дошт. Дар ин росто таҳлилу шинохти муҳимтарин омилҳои низоми муосири байналмилалӣ, ки рў ба ҷаҳонишавӣ ниҳодааст, кори саҳл нест ва инро воқеияти ҳамарўзаи мо исбот месозад.

Хосияти байналмилалӣ гирифтани иқтисодиёт, рушди бесобиқаи алоқа ва дигар васоили коммуникатсионӣ, торафт амиқтар шудани проблемаву мушкилоти умумиинсонӣ, тағйири асоситарин вазифаҳои давлати миллӣ, тавсеаи  фаъолияти сохтору ниҳодҳои трансмиллӣ сабаби дигаргунии куллии худи асосҳои зиндагии мо гардидааст. Ин раванд, агар аз як ҷониб боиси тақвияти муносибатҳои қисматҳои мухталифи олами имрўз гардида бошад, аз ҷониби дигар ҷаҳонӣ шудани зуҳуроти хатарнок, аз қабили терроризму экстремизм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, инчунин мушкилоти умумисайёравии техногенӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва ғайра вазъро торафт печида ва мураккаб гардонидаанд.

Тоҷикистон аз ин раванд дар канор нест, баръакс дар сафи пеши мубориза бо баъзе зуҳуроти он ва дар маркази ҷараён ёфтани қисмати дигараш қарор дорад. Табиист, ки чунин вазъият ва ҳаллу фасли ин масоил ҳамгироиву ҳамкории васеъ ва пурсамари моро дар асоси бисёрҷониба бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дар асоси дуҷониба бо кишварҳои алоҳида талаб мекунад. Мардуми мамлакат ва ҳамаи шумо аз саъю кўшишҳое, ки ҳукумати кишвар дар ҷодаи баррасии масоили об чи дар сатҳи минтақа ва чи дар сатҳи байналмилалӣ ба харҷ медиҳад, огоҳ ҳастед.

Ҷидду ҷаҳди мо аз як сў ба бозидани нақши фаъол дар ҳалли мушкилоте, ки башарият бо онҳо рўбарўст, равона шуда, аз сўи дигар масъалаҳое, ки дар сатҳи минтақа вуҷуд доранд ва таъсири онҳоро ҳар як шаҳрванди мамлакати мо ба хубӣ эҳсос мекунад, дар маркази таваҷҷўҳи мо қарор доштанд.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки моҳи июни соли гузашта дар пойтахти кишвар таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид доир гардид ва ба ҷамъбасти нимаи аввали Даҳсолаи «Об барои ҳаёт», ки худ маҳсули ташаббусҳои Тоҷикистон аст, бахшида шуд, як ҳамоиши сермаҳсул ва самарабахше буд, ки теъдоди хеле зиёди кишварҳои дунёро ба ҳам оварда, мардуми сайёра ва мутахассисонро бо мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва мавқеи созандаи мо ошно сохт.

Дар ин ҳамоиш пешниҳодоти зиёде чун натиҷаи ин талошҳо садо доданд ва боз ҳам бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2013 - ро Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об эълон кард. Ақидаи асосӣ ва калимаи марказӣ дар ин ибора «ҳамкорӣ» аст, ки ҳадаф ва мақсаду мароми моро ифода месозад. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкорист ва ҳар пешниҳоде, ки дар арсаи минтақавӣ ва ё байналмилалӣ манзур мекунад, иборат аз ҳамкорист.

Мо инро борҳо аз минбарҳои баланд таъкид кардаем ва имрўз низ иброз медорем, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки онро бо нияти нек ва ҳамкории созандаи кишварҳои ҳамсоя ҳал кардан ғайриимкон бошад! Ин мавқеъ, қабл аз ҳама, ба ҳаллу фасли масоили обу энергетика дар минтақа дахл дорад, ки ҳамеша вирди забонҳост ва калиди ҳалли ин масъаларо мо метавонем боз ҳам бо як калима ифода намоем: ҳамкорӣ! Дар ин ҷода Тоҷикистон тайи солҳои охир пешниҳодоти созандаи зиёдеро манзур доштааст ва ҳоло ҳам ба мазмуну мундариҷаи онҳо содиқ аст, ки омодагии мо барои таъмин намудани минтақа бо оби мусаффои ошомиданӣ яке аз мисолҳои он буд.

Умуман чи дар ин мавзўъ ва чи дар бахшҳои дигари ҳамкориҳои минтақавӣ ҳамгироии ҳарчи бештари кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъмини рафтуомади озодонаи шаҳрвандон, интиқоли молу сармоя ва хизматрасонӣ, тақвияти равобит дар рўҳияи умумиятҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони он аз ҳадафҳову мақсадҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буду ҳаст ва дар ин ҷода таҳким бахшидани ҳамкории созандаи минтақавӣ бо ҳамсоягони наздики худ аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии мо мебошад.

Агар мо ба фазову минтақаи васеътаре назар афканем, айни ҳамин мавқеи кишвари моро дар масъалаи равобити он бо мамлакатҳои пасошўравӣ, ки дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ гирд омадаанд, мебинем. Тўли соли сипаригашта робитаҳои Тоҷикистон бо аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рў ба густаришу тақвият доштанд. Имсол зимни раёсати худ дар ин иттиҳод  мо талош хоҳем кард, ки имкониятҳои ҳамгироӣ дар ин созмон ҳарчи бештар истифода шаванд ва рушду таҳким ёбанд. Ин қабл аз ҳама ба иртибототи мо бо Федератсияи Россия, ки шарики стратегии мост, дахл дорад.

Ба истифода супоридани калонтарин иншооти ҳамкорӣ дар фазои пасошўравӣ - нерўгоҳи барқи обии “Сангтўда-1”, кушода шудани филиалҳои бузургтарин донишгоҳҳои Россия дар Душанбе, дар асоси мутақобила ифтитоҳ намудани марказҳои фарҳангиву иттилоотӣ, дар Россия омода сохтани кадрҳои барои бахшҳои мухталифи иқтисоди миллии мо зарурӣ аз  намунаҳои ин ҳамкории пурсамар мебошад. Беҳуда нест, ки Россия дар тиҷорати мо имрўз аз лиҳози гардиши мол низ ҷои аввалро соҳиб гаштааст.    

Мо бо кишварҳои минтақа ва ҳамҷавор равобити неки ҳамсоягӣ, ҳусни тафоҳум ва муносибатҳои мутақобилан судманд дорем ва ба тавсеаи доираи ин равобит ва тақвияту густариши онҳо сидқан манфиатдорем. Аз ин рў, мустаҳкам намудани робитаҳо ҳам дар асоси бисёрҷониба ва ҳам дар заминаи дуҷониба бо кишварҳои дўсти Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия ва дигарон чун яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии мо боқӣ хоҳад монд.

Чун сухан дар бораи минтақа рафт, ташкилоти калонтарини он - Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба мадди назар меояд, чунки он аз рўзи таъсисаш барои ҳаллу фасли масоили минтақавӣ, ташкили ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узв дар асосҳои усулан нав ва дигар бахшҳои ҳамкорӣ, ки тадриҷан тамоми соҳаҳои ҳаёти ҳамарўзаи моро дарбар мегиранд, корҳои зиёдеро анҷом додааст. Дар доираи фаъолияти созмони мазкур дар кишвари мо лоиҳаҳои зиёди дорои хислати умумимиллӣ бунёд шудаанд. Аз ин ҷост, ки мо фаъолияти худро дар чаҳорчўбаи он густариш дода, муносиботи худро бо аъзои он ва қабл аз ҳама, бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тақвият хоҳем бахшид, ки албатта дар бахши равобити дуҷониба ҳаҷму мазмуни васеътаре хоҳад гирифт.

Мо дар татбиқи лоиҳаҳои муҳимтарини иҷтимоиву иқтисодӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои мададрасон, яъне шарикони рушд ҳамкории фаъол ва хеле хуб дорем. Бо истифода аз ин фурсати муносиб ман аз номи мардуми Тоҷикистон ба онҳо ибрози сипосу миннатдорӣ менамоям. Мо дар ҳаллу фасли чи масоили дохилӣ ва чи минтақавӣ, аз ҷумла мушкилоти Афғонистон, бо кишварҳои аъзои эътилофи зиддитеррористӣ, аз ҷумла Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ҳамкории созанда дорем.

Барпо намудани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамҷавору ҳамкеш бо манфиатҳои миллии Тоҷикистон созгор аст ва дар айни замон, саҳми назарраси мамлакати мо дар муборизаи умумӣ бар зидди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ хоҳад буд. ҳамкориҳои дуҷониба бо Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, инчунин иштирок дар татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Осиёи Марказӣ чун мавзўъҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии мо боқӣ мемонанд, ки зимни он мо иртибототи созандаи худро бо Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо низ рушду густариш хоҳем бахшид.

Дар бораи узви ҳамшарики ин Созмон - Афғонистони ҳамсоя сухан ронда, таъкидан зикр карданӣ ҳастам, ки амну амонӣ дар ин кишвари бародар барои Осиёи Марказӣ ва алалхусус, Тоҷикистон чун обу ҳаво зарур аст ва мо мисли ҳамеша дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам дар чаҳорчўбаи робитаҳои дуҷонибаи худ барои расидан ба ин ҳадафи воло кўшиш ба харҷ хоҳем дод. Муборизаи муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои нав ва зуҳуроти дигари манфӣ ва кўмаку мусоидат ба саъю талошҳои Афғонистон, дар кишвари мо омода кардани кадрҳои зарурӣ ва соҳаҳои дигар ҳамеша дар рўзномаи ҳамкории мо бо ин кишвари дўст хоҳанд буд.

ҳамчунин зикр бояд кард, ки тўли солҳои охир ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ, низомиву тиҷоратӣ ва бахшҳои дигар сатҳи баланд касб намуда, дар заминаи мустаҳками эътимоду боварӣ миёни кишварҳои мо рў ба инкишоф доранд. Дар ин ҷода нақши пешбари Созмони Милали Муттаҳид, бешубҳа, муҳим аст ва ҳамкории мо бо ин созмони мўътабари байналмилалӣ рушди беш аз пеш хоҳад гирифт.

Дар айни замон итминон дорем, ки ҳодисаҳои дар вақтҳои охир дар арсаи байналмилалӣ рухдода зарурати ислоҳоти Созмони Милали Муттаҳид ва алалхусус Шўрои Амнияти онро возеҳтар сохтанд, чун ин ниҳодҳо баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон ва дар натиҷаи он ба арсаи вуҷуд омада, вазъи онрўзаи сиёсии ҷаҳон бо воқеияти имрўза фарқи куллӣ дорад.Мехостам як нуктаи дигареро барои шумо тавзеҳ диҳам, ҳарчанд, ки он ҳеҷ ба шарҳу тавзеҳ ниёз надорад. Сухан аз ҳаводису воқеоти вақтҳои охири баъзе кишварҳои арабӣ меравад, ки мушкилоти дохилии онҳо имрўз мавзўи гуфтугузору сўҳбатҳо дар тамоми ҷаҳон аст.

Вале чун дар бораи имконияти такрори чунин ҳодисаҳо дар Осиёи Марказӣ бисёр гуфтанду навиштанд, мехоҳам таъкид намоям: мардуми огоҳи Тоҷикистон, ки аллакай як бор қурбони чунин дасисаҳо гашта буд, маънии оромиву осоиш ва қурби сулҳу салоҳро хуб дарк мекунад, чун халқи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронида роҳи ҳалли низомии қазияҳоро рад менамояд ва ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли сулҳхоҳона ва мусолиматомези ҳамаи мушкилот, тарафдори муросову мадоро ва хостори амнияту суботи кишвари хеш мебошад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ