19:05:31 15-уми Июни 2025 сол

"КОРТИ ИСЛОМӢ": ОЁ РИСОЛАТИ ҲНИТ АНҶОМ ШУДААСТ?

Танҳо ҳизби мазҳабии расмӣ дар Осиёи Миёна. Ин таърифест, ки маъмулан дар мавриди Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), бонуфузтарин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон, ба кор меравад.

Muhiddin KabiriДар бист соли ахир ин ҳизб дар фазои сиёсии Тоҷикистон нақши боризе дошта ва бавижа аз бозигарони умда дар замони ихтилофоти дохилӣ ва гуфтугӯҳои сулҳи тоҷикон будааст. Бисёриҳо мӯътақиданд, ки сабаби аслии эътибор ва нуфузи ин ҳизб ҳамин ҳувияти “исломии” он аст. Вале ҳоло ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки "корти исломии" ин ҳизб шояд дар оянда камтар ба дард хӯрад.

"Корти ҳувияти исломӣ"

Абдуллоҳи Раҳнамо аз ҷумлаи таҳлилгаронест, ки мегӯяд, ин ҳизб дар оянда набояд ба “корти исломии” худ зиёд такия кунад. Зеро ба эътиқоди вай, аз замоне ки ҲНИТ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон пайдо шуд, то кунун вазъият хеле тағйир карда ва замонаҳо дигар шудааст.

Ҳамакнун, ба эътиқоди оқои Раҳнамо - таҳлилгаре, ки худи фаъолону пайравони ҲНИТ ҳам ба назароташ аҳаммияти зиёде қоиланд, мумкин аст аҳзоби дигар ҳам, ки дар гузашта ба арзишҳои исломӣ чандон алоқае надоштанд, ба тадриҷ “исломӣ” шаванд.

Вай мегӯяд: "Ҷомеъа дорад ақлонитар мешавад. Ва дар ҷомеъае, ки 99 дарсади мардумаш мусалмон ҳастанд, ҳар ҳизби солим ҳатман ба арзишҳои исломӣ рӯй хоҳад овард. Ин амр бозгӯйи текнулужиҳои муассири сиёсӣ ҳам ҳаст ва ҳам фарҳанги воқеъии ҷомеъа аст."

Оқои Раҳнамо, ки пажӯҳишҳое дар заминаи ислом ва исломгароӣ дар Тоҷикистон анҷом дода, мӯътақид аст, ки дар оянда бештари ҳизбҳои кунунӣ бо ҳифзи исми феълии худ дар ойинномаи хеш эҳтиром ба ислом ва такия ба арзишҳои исломиро ворид хоҳанд дод. Ба унвони мисол, вай мегӯяд, ки нафаре аз ҷумлаи руасои маҳалла медонад, ки узви ҳизби ҳокими халқи демукрот аст, вале ҳамзамон ҳоҷӣ аст ва дар сохтмони масҷиди маҳалла саҳми умдае доштааст.

Вай ахиран дар ҷаласае ба муносибати 38-умин солгарди таъсиси ҲНИТ гуфт: "Дар оянда чунин раванд густариш хоҳад ёфт ва имтиёзи исломӣ наметавонад танҳо мутаъаллиқи ҲНИТ бошад. Дар оянда интихоб байни исломӣ ва ғайриисломӣ нахоҳад буд. Аз гурӯҳи ҳизбҳое, ки аъзои онҳо ҳама мусалмонанд, мо беҳтаринро интихоб хоҳем кард."

Аҳзоб "исломитар" мешаванд

Дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ аст ва бештари онҳо худро тарафдори демукросӣ эълом кардаанд: ҳизби халқи демукрот ба раҳбарии Президент Раҳмон, ки тайи ду даҳаи ахир зимоми умурро дар даст дорад, ҳизби кумунист, ки 70 сол дар замони Шӯравӣ ҳизбе яккатоз буд, ҳизби сусиёл-демукрот, демукрот, сусиёлист, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳизби кишоварзӣ.

Инҳо ҳама дар баробари ҳимоят ва низоми секулорисм ва тавсеъаи демукросӣ, ҳимоят аз арзишҳои миллиро низ аз аҳдофи худ қарор додаанд, вале чандон таъкиде ба арзишҳо ва аҳкоми исломӣ дар онон мушоҳида намешавад. Танҳо ҲНИТ аст, ки эҳёи арзишҳои исломиро ҳадафи аслии худ қарор додааст.

Вале Абдуллоҳи Раҳнамо мӯътақид аст, ки вазъият ин гуна боқӣ нахоҳад монд. Бо таваҷҷӯҳ ба нуфузи афзояндаи ислом, имкон дорад на танҳо аҳзоби дигар худро камобеш "исломӣ" кунанд, балки аҳзоби дигаре низ бо чеҳра ва аҳдофи исломӣ рӯйи кор оянд.

Ба гуфтаи ин коршиносони тоҷик, тибқи моддаи 28-и Қонуни асосии Тоҷикистон, мардум ба таъсиси ҳизбҳои сиёсие, ки хусусиёти исломӣ дошта бошанд, ҳақ доранд ва дар ин замина ҳеч монеъе вуҷуд надорад.

"Як халифа бас аст"

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, ҳам, ки бисёриҳо ӯро сиёсатмадоре таҷаддудгаро мехонанд, бо ин назар мувофиқ аст. Вай мегӯяд, ки бисёрҳизбӣ дар ислом мавзӯъи тозае нест ва дар атрофи ин масъала баҳсҳо идома дорад. Ба эътиқоди оқои Кабирӣ, ин мавзӯъро бояд аз ду лиҳоз баррасӣ кард: яке ин ки бисёрҳизбӣ дар ҷомеъаи исломӣ ва дигар, бисёрҳизбии исломӣ дар ҷомеъа.

Вай мегӯяд: "Ҷомеъа дар ҳоли рушд аст ва ҳатто дар мисоли Туркия мебинем, ки агар дар гузашта дар ин кишвар як ҳизби исломгаро фаъол буд, ҳоло се ҳизби исломӣ ҳаст ва рақобатҳои сиёсӣ дар ин кишвар аслан миёни ин се ҳизби исломӣ сурат мегирад."

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ба назар мерасад, ки оқои Кабирӣ бар хилофи салафи худ, яъне Абдуллоҳи Нӯрӣ, раҳбари собиқ ва фақиди ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯйи саҳна омадани эҳтимолии ҳизбҳои сиёсии дигари исломӣ дар ин кишварро қабул дорад.

Абдуллоҳи Нурӣ чанд сол пеш дар як мусоҳибаи матбуъотии худ зимни матраҳ шудани суоле дар ин замина гуфта буд, ки “дар як кишвар як халифа бас аст" ва ниёзе ба фаъолияти аҳзоби дигари исломӣ нест.

Бо ишора ба суханони вай, оқои Кабирӣ мегӯяд: "Устод Нурӣ ин суханонро дар мавриди бисёр будани ҳизбҳои исломӣ дар шароите гуфтаанд, ки амнияти кишвар бо таҳдидҳое рӯбарӯ буд. Ин назари устод Нурӣ бештар ба фаъолияти “Ҳизбуттаҳрир” рабт дошт."

Зимнан, фаъолияти ҳизби Таҳрир, ки эҷоди хилофате исломӣ дар саросари дунёро ҳадафи худ хонда, дар Тоҷикистон мамнӯъ аст. Пайравони ин ҳизб дар кишварҳои Осиёи Миёна зиёданд ва мақомоти Тоҷикистон низ ҳамвора аз боздошт ва маҳкумияти онон гузориш медиҳанд.

Рисолати анҷомшуда?

Ҳарчанд бархеҳо эҳтимоли рӯйи кор омадани аҳзоби дигари исломиро дар ояндаҳо баъид намедонанд, вале сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов, дар ин бора назари дигаре дорад. Вай мегӯяд: "Таъсиси аҳзоби дигари исломӣ дар Тоҷикистон ғайримумкин аст. Агар ҲНИТ тавонад ваҳдат дар суфуфи худро ҳифз кунад, ин танҳо ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд."

Аммо рӯйи кор наомадани аҳзоби дигари исломӣ зоҳиран ба ин хотир набуда, ки "як халифа дар Тоҷикистон" ҳаст ва ниёзе ба гурӯҳ ё ҳизби дигар нест. Аз суханони оқои Муллоҷонов чунин бармеояд, ки давлат ҳеч ҳизби дигари исломиро таҳаммул нахоҳад кард. Вай мегӯяд: "Давлати Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро танҳо ба манзури дастёбӣ ба сулҳ дар соли 1997 иҷоза дод ва вуҷуди ин ҳизбро барои таъмини субот дар кишвар амре зарурӣ медонад."

Аммо оқои Муллоҷонов низ чун Абдуллоҳи Раҳнамо ин эҳтимолро баъид намедонад, ки аҳзоби дигари сиёсӣ барои таъмини нуфузи худ дар ҷомеъа дар барномаҳои худ беш аз пеш ба арзишҳои исломӣ рӯй оваранд.

Бар хилофи ин ду, Сӯҳроб Шарипов, раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, ки як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар аст, ҳам эҳтимоли таъсиси ҳизбҳои ҷадиди исломӣ ва ҳам ба арзишҳои исломӣ рӯй овардани аҳзоби феълиро баъид медонад.

Вай мегӯяд: "Пайдо шудани ҳизбе бо номи ҳизби исломии халқи демукрот ва ё ҳизби исломии кумунисти Тоҷикистон ғайримумкин аст. Гузашта аз ин, рисолати ҲНИТ низ ба поён расидааст. Наҳзати ислом дар Тоҷикистон дигар мавзӯъи рӯз нест, зеро баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки як кишвари атеистӣ (мункари вуҷуди худо) буд, дар Тоҷикистон арзишҳои исломӣ ҷойгузин шуданд."

Мамнӯъияти "ҳизби динӣ"

Гузашта аз ин, давлати Тоҷикистон ба арзишҳои исломӣ арҷ мегузорад ва то ҷойе аз аҳзоби сиёсии исломӣ низ пешдастӣ кардааст. Ба унвони мисол, оқои Шарипов аз таблиғи арзишҳои мазҳаби Ҳанафия ёдовар шуд. Худи раиси ҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, соли 2009-ро соли бузургдошти Имоми Аъзам (Абӯҳанифа) эълом кард ва ҳатто дар як суханронияш вазорати маъорифро дастур дод, ки барномаҳои таълимиро бо арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ мутобиқ созад.

Сӯҳроб Шарипов афзуд, ки ҳоло Тоҷикистон на ба наҳзати исломӣ, балки бештар ба ваҳдати миллӣ ниёз дорад, то давлатдории худро ҳифз кунад, ки мувоҷеҳи хатароте низ ҳаст. Оқои Шарипов ёдовар шуд, ки тӯли садсолаҳо тоҷикон давлати худро надоштанд, вале мусалмон буданд ва ислом давлатдории тоҷиконро таъмин накардааст: "Ҳизбҳои исломӣ наметавонанд ваҳдати миллиро таъмин созанд, зеро мафҳуми ҳувияти миллӣ хосси ислом нест."

Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе (21 апрел) дар як нишасти матбуъотӣ дар посух ба ин суол, ки оё дар ин кишвар ҳизбҳои исломӣ метавонанд сабти ном шаванд, гуфт, ки тибқи қонун, "таъсиси ҳизбҳои характери исломӣ дошта мамнӯъ аст." Дар посух ба ин суол, ки магар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як ҳизби "дорои характери динӣ" нест, вай гуфт, ки "ҲНИТ танҳо як ҳизби сиёсӣ аст."

Искандари Фирӯз, Би-Би-Си, Душанбе

Шарҳҳо   

 
+2 #1 Guest 23.04.2011 21:05
Baroi VAZIRI muhtarami Adliyai TOJIKISTOn iltimos matni Konstitutsiyai : Moddai 28---Shahrvando n metavonand hizbhoi doroi kharakteri dini tasis dihand
Oyo in manoi ijozati tasisro nadorad. Man ham rozi nestam ki tasis shavad vale VAZIR boyad matni sarehi KONSTITUTSIYERO dar nazar doshta boshad.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854