ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ САФОРАТИ ИМА ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 29 апрели соли 2011, Раёсати ИМА оид ба назорати риояи қонунҳо дар бораи маводи мухаддир (DEA) ва Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон бо имзо намудани Ёддошти тафоҳум оиди ҳамкорӣ байни ду мақомоти мубориза алайҳи маводи мухаддир давраи нави ҳамкориро оғоз намуданд.
Директори Агентии назорати маводи нашъадор генерал Рустам Назаров ва Директори минтақавии Раёсати ИМА оид ба назорати риояи қонунҳо дар бораи маводи мухаддир Марк Дестито имзоҳои худро дар ин санад гузоштанд. Ҳар ду мақомот аз соли 2007 якҷоя ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки дар Тоҷикистон ва дар дигар бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ гардиш дорад, мубориза мебаранд.
Ёддошти тафоҳум ҳамкории байни DEA ва АНМН¬-ро тақвият медиҳад. Ин тафоҳуми нав ба мубориза алайҳи гурӯҳҳои ҷиноятпешаи муташаккили дорои робитаҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва прекурсҳои кимиёвӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир тавассути сарҳадхои байналмилӣ равона шудааст.
Ин Ёддошти тафоҳум барои беҳтар намудани табодули иттилоот дар бораи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир имконияти медиҳад ва бештар ба гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯии фаврӣ мусоидат мекунад. Ёддошти тафоҳум иштирокро дар вохӯриҳо ва конференсияҳое, ки ба табодули иттилоот мусоидат мекунанд, зиёд мекунад ва иштироки якҷояро дар омӯзиш ва инкишофи малакаҳои ҳифзи ҳуқуқи кормандон таъмин мекунад.
Ҳукумати ИМА омодааст мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро, ки бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсҳои кимиёвӣ ҳам дар дохили Тоҷикистон ва ҳам берун аз он мубориза мебаранд, дастгирӣ намояд. Аз соли 1992 инҷониб, халқи ИМА беш аз 900 миллион доллари амрикоиро ба барномаҳои гуногуни рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон маблағгузорӣ намудааст.
«Рӯзгор»