06:10:53 01-уми Июни 2025 сол

АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТ

Мақсуди Ғайбуллоҳи Асарӣ, имом хатиби назди Идораи динии мусалмонони қисми Осиёии  Русия дар Маскав, ки феълан барои чанд муддат ба назди волидайни хеш ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, чанде пеш ба унвонии сомонаи «Рӯзгор» рисолаи таълифнамудаи худ «Амн дар Тоҷикистон масъулияти ҳама ҳаст»-ро фиристода хоҳиш намуд, ки онро дар саҳифаҳои сомона  ба нашр бирасонем. Дар як тамоси телефонӣ ӯ иброз дошт, ки маводи хешро ӯ аз он сабаб мехоҳад дар сомонаи «Рӯзгор» ба чоп бирасонад, ки ин сомонаро азҷумлаи он сомонаҳое медонад, ки аз ҳама бештар муштарӣ доранд ва мӯҳтавои маводҳои он ба дардҳои ҷомеа  мехӯранд. Ҳайати эҷодии сомона агарчи на ба ҳама андешаву пешниҳодҳои ин рӯҳонии соҳибназар ҳамфикр аст, вале ба хотири риоя ва дастгирии  раванди гуногунандешӣ дар ҷомеа ин маводро пешкаши муштариёи худ месозад.

БА НОМҲОИ АЛЛОҲИ РАҲМОНУ РАҲИМ ОҒОЗ МЕКУНАМ!

ПЕШГУФТОР

maksudi-ghaybullo_1.jpgҲама ситоиш хосс барои Аллоҳ аст, мо Ӯро ситоиш мекунем ва аз Ӯ мадад ва омӯрзиши гуноҳони хешро хоҳонем. Паноҳ мебарем ба Аллоҳ аз бадиҳои нафсҳо ва аз аъмоли носазоямон. Касеро Аллоҳ тавфиқ бахшад, барояш гумроҳкунандае нахоҳад шуд ва касеро гумроҳ кунад, нашавад ҳидояткунандае пайдо. Шаҳодат медиҳам, ки ҷӯз Аллоҳ ягон маъбуди барҳаққе нест, танҳост, шарике надорад ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст.

Яъне, “Эй касоне, ки имон овардаед! Аз Аллоҳ, чуноне, ки лоиқи тақвост, тақво бикунед ва ҷӯз мусалмон мамиред!”.(Сураи Оли Имрон, ояти 102).

Яъне, “Эй мардум! Аз Парвардигоратон тақво кунед, Зоте, ки шуморо аз як тан биёфарид ва аз он, ҷуфти онро биёфарид ва аз он ду, мардон ва занони зиёдеро мунташир кард. Аз Аллоҳ тақво кунед, Зоте, ки ба Ӯ аз якдигар савол мекунед ва аз хешовандон. Ҳаройина, Аллоҳ бар шумо нигаҳбон аст”. (Сураи Нисо, ояти 1).

Яъне, “Эй касоне, ки имон овардаед! Аз Аллоҳ тақво бикунед ва сухани устувор бигуед, то барои шумо аъмолатонро дуруст кунад ва гуноҳони шуморо биомӯрзад ва касе итоъат аз Аллоҳ ва паёмбари Ӯ кунад, пас ҳаройина, ба комёбии бузург ноил хоҳад гашт”. (Сураи Аҳзоб, ояти 70-71)

Аммо баъд:

“Росттарин сухан, сухани Аллоҳ аст ва беҳтарин роҳ, роҳи нишондоди Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва ало олиҳи ва саллам аст ва бадтарин корҳо, корҳои навоварист ва тамоми навоварӣ, бидъат аст ва тамоми бидъат гумроҳист”

Сипас, бародарон ва хоҳарони мусалмон, мувофиқ ба талаби баъзе аз бародарони мусалмон ва барои иҷобати дархости эшон, мавзӯеро ба ном “АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА АСТ” матраҳи Шумо хоҳам кард.

Воқеъан ин мавзӯъ ва амсоли он, дар Тоҷикистон зарурат дорад. Зеро имрӯз дар Тоҷикистон ҷамоъат ва гурӯҳ ва ҳизбҳои расмӣ ва ғайри расмӣ вуҷуд дорад, ки боиси нороҳатӣ ва хавфи заволи амн хоҳанд шуд. Бинобар ин, ба ҳар фарди мусалмоне, ки дар ин кишвар зиндагӣ дорад, зарур аст, ки қадри тавоноӣ барои пойдории амни имрӯзаи Тоҷикистон, масъулияти хешро ҳис карда, барои барқарор ва пойдории амн, хиссагузор бошад.

Аз ҳамин хотир, мо сокинони ин кишвари амн, бояд аввалан Аллоҳи каримро шукр ва сипосгузорӣ кунем, сипас он масъулинеро, ки дар амни Тоҷикистон кӯшиш ва ҳаракат карданд ва то ҳол карда истодаанд, хусусан роҳбари давлат муҳтарам Эмом Алии Раҳмон, Аллоҳ онро муҳофазат кунад!

Қабл аз шурӯъи мавзӯъ, мехостам, ки чизеро эрод гирам. Сабаб чист, ки баъзе аз ҷавонони имрӯзаи мо, дар кишвари Исломии мо, эҳтиёҷ ба ҳизби таҳрир ва ҳизби наҳзат шуданд ва низ эҳтиёҷ ба ҷамоъаи таблиғ ва такфир ва дигар ҷамоъаҳои ба ном Исломӣ шуданд, ҳоло онки тамоми ин аҳзобу ҷамоъаҳо аз Ислом мунҳарифанд? Зеро Ислом дини тавҳид ва ваҳдат аст ва набояд, ки онро ба порчаҳо тақсим карда шавад. Аллоҳ таъоло фармуд:

Яъне, “Ва ҳамагон даст дар ресмони Аллоҳ занед ва пароканда машавед”. (Сураи Оли Имрон, ояти 103.)

Бояд ин масъала ба тамоми ашхоси бо хирад маълум бошад, ки мо ҳама Тоҷикистониён мусалмонем, ва барои мо, хусусан ҷавонон, аз писарону духтарон таълимоти ҳақиқии Исломӣ лозим аст. Аммо он таълимотро ҷавонони мо дар ягон масҷиду мадрасаҳои мо наёфта истодаанд. Зеро ходимони динии мо дар илму маърифат чунон дар савияи пастанд, ки ҳеҷ ҳадде надорад.

Аз ҳамин хотир аст, ки эшон ҷавононро ба таълимоти ҳақиқии Исломӣ таъмин карда наметавонанд. Зеро ходимони Дин бештарашон минбарро ё ба меросӣ гирифтааст ва ё ба муридӣ. Аз шиъори Ислом дар онҳо чунин мебинед, ки дар тан яктаву (ҷелак) ва дар сар салла, аммо даруни сар, аз тавҳид ва дигар одоб ва таълимоти Исломӣ қариб, ки холи аст.

Медонам, ки  ин сухан ба бештарашон сахт мерасад, вале ҳақро бояд гуфт. Ҳамин рафтору кирдори ходимони Дин аст, ки ҷавонони моро ба ҳалокат бурда истодааст. Ходимони Дин, якумин хатое, ки содир карданд, манҳаҷ ва роҳи пешбарии Динро гум кардаанд ва то ҳол онро дарк накардаанд ва бештарашон Динро ба тақлиди кӯр кӯрона пеш бурда истодааст.

Чигуна мо манҳаҷи ходимони Динро дуруст меномем, ки ҷавонони мо дар паси онҳо намоз мегузоранд ва мавъизаҳои онҳоро гӯш мекунанд ва дар тамоми маросимҳои динияшон онҳоро даъват мекунанд, хулоса тамоми ғизои маънавияшонро аз онҳо мегиранд ва дар баробари он, шомили ин ва он ҷамоъатанд ва ё аъзои ин ва ё он ҳизбанд. Ин тарбияи онҳо, онро далолат мекунад, ки эшон худ аз ин равияҳо ва ҳизбҳо ва ҷамоъаҳои гумроҳ бехабаранд, ё хабардоранд, вале парво надоранд!

Чанде мисоли воқеъӣ  меорам:

Чаро имрӯз фарзанди мусалмони Тоҷикистонӣ аз хидмати ҳарбӣ мегурезад ва каме нагузашта хабари марги онро ё аз Чеченистон ва ё аз Афғонистон, ба номи муҷоҳид ва шаҳид, мешунавем!?

Магар дар кишвари исломии худ хидмат кардан ва ҳимоя аз он кардан ҷиҳод нест ва ё дар ин роҳ қурбон шудан шаҳодат нест!?

Ҷавоби ин савол ба каси имондор равшан аст. Вале, кӣ ин ҳақиқат ва он ботилро ба ҷавонони мо ҷудо карда мерасонад, ҷӯз ходимони Дин!?

Чаро имрӯз дар дасти фарзанди мусалмони Тоҷикистонӣ наборҳоест (шояд навор бошад “Рӯзгор”), ки дар он таҳқир ва бадбинӣ ва ҳатто кофир гуфтани роҳбарияти Тоҷикистони мост ва ин ҷавон бо ифтихор ин наборро ба дигар ҳамтабақаҳои худ, аз узбаку қовқозиҳо, дар Руссия паҳн мекунад!?

Зеро ин ҷавон то ҳол намедонад, ки Тоҷикистон кишвари мусалмон аст ва роҳбарияти он, низ мусалмонанд. Ба ин мискини бесавод, ҷӯз ходимони Дин кӣ мефаҳмонад!?

Чаро имрӯз фарзанди мусалмони Тоҷикистонӣ дар кишвари худ, гуруҳҳои мухолифи берун аз марзи Тоҷикистонро мебинад ва мешиносад ва ба касе аз хадамоти амн огоҳ намекунад!?

Зеро ба ақидаи вай, тамоми хадамоти давлатӣ кофиранд ва ба ин ҷавонон, ҷӯз ходимони Дин кӣ мефаҳмонад!?

Бародарон ва хоҳарони мусалмон ва ҳамдиёрони гиромӣ, қасам ба Аллоҳ ман аз мусалмонони беақида ва заъиф чандин касонеро бо ному насабаш мешиносам, ки фарзандаш шомили гурӯҳҳои мухолиф шуда, баъзе ба Афғонистон ва баъзе ба Чеченистон рафта беному нишон несту нобуд шудааст ва ҳатто хабари марги баъзеяшон, ба ном муҷоҳиди шаҳид омада расидааст, аз беҳимматӣ ва заъифимонӣ ақаллан ба мақомот ва хадамоти давлат омада муроҷиъат намекунад, то эшон барояш ягон чора бубинанд ва то дар оянда пеши роҳи ин бемаънегиро боз доранд.

Аммо агар фарзанди чунин ашхосро давлат ба хидмати ҳарбӣ, ба ягон марз мебурд ва Аллоҳ накунад, агар дар он ҷо хабари марги ӯ меомад ва ё беному нишон нест мешуд, ба тамоми аҳлу оила ва дигар хешу хешовандон давлатро муттаҳам ва айбдор карда, ҳамаро ба муқобили давлат бар пой мехезонид. Ана ақидаи мусалмон то чӣ андоза паст аст! Акнун худ инсофан бигӯед, ба ин мусалмонон ин масъалаҳоро, ҷӯз ходимони Дин кӣ мефаҳмонад!?

Баъд аз он мо, бо ин беҳимматӣ ва беғайративу бесаводӣ ва беномусӣ, дар оянда чигуна давлатамонро обод мекунем ва давлатдорӣ мекунем!?

Мисоли воқеиро бинед ва худ хулоса бароред. Аз ҳабсхонаи Тоҷикистон 25 ҷиноятгар, дар моҳи Рамазон бо тариқи хунрезӣ фирор карданд. Ягон каси оқил бовар намекунад, ки аз сокинони Тоҷикистон ягон касе вайҳоро надида бошад. Зеро вайҳо на ҷинн буданд ва на малак, то эшонро дида нашавад. Албатта вайҳоро мардум дидаанд ва касе ғайрате надошт, ки ба хадамоти давлат хабар кунад. Савол: чаро касе хабар накард? Зеро ин касҳо то ҳол қадри неъмати амнро нашинохтаанд.

Акнун, ин ношукронро ҷӯз ходимони Дин кӣ мефаҳмонад!?

Таркише, ки дар Хуҷанд содир шуд, дигар воқеъа. Чанд касро қурбон карданд ва чандин касҳоро маъюб карданд. Оё шумо ягон дарак ёфтед, ки инро ягон дастаи яҳуд ва ё насронӣ карда бошад!? Албатта на! Онро гуруҳе ба ном “АнсорулЛоҳ”, яъне “ёрдамчиҳои Аллоҳ” ба ӯҳда гирифт, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доштааст. Инҳо агар ёрдамчиҳои Аллоҳ бошанд, баъд дигар мусалмонон ва хусусан доммуллоҳо ёрдамчиҳои киянд?

Аз ин амали бехирадии онҳо бар меояд, ки онҳо ҷӯз аъзоёни худ дигар касҳоро мусалмон намедонанд, хусусан ходимони давлатро. Барои ҳамин, онҳо то охири дам ба ин ақидаи вайрони худ муборизаи хешро, ба тариқи ҳунарнамоиҳои хеш ва ба дастгири фарзандони бесаводи мо ва низ бо тарафдории ашхоси мухолифини берун аз марзи Тоҷикистон, пеш мебаранд. Акнун барои пеши роҳи ин касҳоро доштан ва хато будани онҳоро ба мардум фаҳмонидан, ҷӯз ходимони Дин дигар кӣ мекунад!?

Хулосаи калом он аст, ки ходимони Дин аксарашон хислати дурӯягӣ доранд. Агар ба ходимони давлат, мисли милиса ва амн мулоқӣ шаванд, дигар равияву ҳизб ва ҷамоъаҳоро аз пас танқид мекунанд ва чун бо касе аз афроди ин ҷамоъаву ҳизбҳо мулоқӣ шаванд, ходимони давлатро танқид мекунанд. Инро дурӯягӣ меноманд. Ин ҳама ба хотири ҷаҳл ва бесаводист.

Ин рафтори бемаънии эшон ба он расид, ки ҷавонони мо рофизӣ( ) шуда истодаанд, ки хатари он ба Ислому муслимин ва ба давлати мо аз хатари яҳуд бадтар аст.

Ақида - асоси дин аст, бояд, ки тамоми умр, ин мавзӯро дар маҷолиси оммаву хосса зикр карда шавад. Мардуми мо ба тавҳид, аз ғизои моддӣ ҳам бештар эҳтиёҷ доранд. Тавҳид аст, ки моро ба неъмати амн шинос мекунад. Ақидаи солим дар ягон ҳолат дигаргун намешавад ва онро мусалмон дар назди ҳама бе изтироб ошкор кардан метавонад. 

Ба баъзе аз имомҳои масоҷид суҳбат кардам, ки норизогии худро аз ходимони давлат ба ман чунин изҳор карда мефармояд: “Ман дар рӯзи ҷумъа дар мавъизаи худ, доири риш, беришонро ба занҳо ташбеҳ карда сароҳатан гуфтам ва дар натиҷа маро ба пурсуҷу даъват карданд”.

Барояш чунин гуфтам: “Бародар, воқеъан ба мардуми дур аз ақидаи солим, чунин мавъизаҳоро, доири риш кардан, барвақт аст, зеро мардум эҳтиёҷ ба ақидаанд”.

Идома дорад >>>

Бо эҳтиром Имом-Хатиб дар назди Идораи Динии Мусалмонони Қисми Осиёвии Руссия Мақсуди Ғайбуллоҳи Асарӣ

Шарҳҳо   

 
0 #10 RE: АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТGuest 01.06.2011 11:13
Juma бояд қонунмадор шудан дар кор набояд хизби Наҳзатро бидуни далел туҳмат кард
 
 
-1 #9 RE: АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТGuest 01.06.2011 11:10
Juma ту агар қонуни точикистонро мехонди намегфти, ки чун Хизби Наҳзати исломи шиаро таблиғ карда истодааст. агр касе, ки бе далел як шахсро ба ину он туҳамат кунад гунаҳгор дониста мешавад.Ба Хамин хотир бояд бародарон қонун мехвар шудан даркор.
 
 
-1 #8 RE: АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТGuest 30.05.2011 00:41
Бинб ки чи гуф(ба далел) на инки ки гуфт(бе далел).
 
 
-1 #7 RE: АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТGuest 30.05.2011 00:39
az Alloh tars. Shakhsiyati kasro nadonista gap nazan
 
 
-1 #6 RE: АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТGuest 30.05.2011 00:38
Ҳама айб дар муллоҳои бе илми мо аст.Чунки даъвати тавҳидро монда ба танқиди ҳукумату коргарҳои он андармонанд. Аз наворҳои эшонҳо худ шоҳидед. Аллоҳ расулашро фиристод то мардум уро танҳо ъибодат кунанд. Ин аст асоси даъват. Мардум ислоҳ шаванд, давлатдорҳо ҳам ислоҳ мешаванд. Чи хеле, ки расули акрам саллаллоҳу ъалайҳи васаллам мефармоянд; Шумо чи хеле, ки бошед Аллоҳ ҳамон хел подшоҳ дар сари шумо мемонад.
 
 
-1 #5 RE: АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТGuest 30.05.2011 00:29
чунки ҳизби нахзат ақидаи шиъагира дар Тоҷикистон паҳн карда истодаанд
 
 
-1 #4 RE: АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТGuest 26.05.2011 13:06
I devna popay chiyay
 
 
-1 #3 RE: АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТGuest 24.05.2011 15:43
Мухтарам домуллои навбаромад агар аз сиёсати пешгирифтаи хукумати имрузаи Точикисон нисбат ба дини мубини Ислом огох мешудед дар хеч вачх ин кадар аз он пуштибони намекардед. Шуморо лозим аст, ки як бор ба Кургонтеппа сафар кунед масчидхои валангору дар дарашон мухрзадаро бинед ва рафтори раиси шахрро дар бозори маркази назорат кунед. Пистаи бемагз гар лаб во кунад расво шавад.
 
 
-1 #2 RE: АМН ДАР ТОҶИКИСТОН МАСЪУЛИЯТИ ҲАМА ҲАСТGuest 24.05.2011 15:03
Асли Ин чаноб аз кучои вилояти Сугд будааст
 
 
0 #1 Guest 24.05.2011 15:00
Оё хамаи кормандони масочид аз як сарчашма об менушанд? Имомхатиби мо низ чор хафта боз зидди хизби нахзат харф мезанад..
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854