15:44:57 02-уми Июни 2025 сол

ВОКУНИШ БА СУХАНРОНИИ АХИРИ АБДУРАҲИМ ХОЛИҚОВ ДАР ПАРЛАМЕНТ

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дирӯз, 25-05-2011, дар Парламент гуфт:

abdurahim_852336.jpg«Таҳлилҳо собит намуд, ки солҳои  охир бидуни назорат теъдоди зиёди  ҷавонони моро ба мактабу мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷ нерӯҳои мухталиф ҷалб намуда, тафаккур ва дидгоҳи ақидавии онҳоро бо андешаҳои тафриқаангез ва мухолифи мазҳаби аҷдодӣ омехта намуда, ба суботу амнияти фарҳангӣ ва динии кишвари мо мушкилиҳои назаррас ворид намуданд. Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи миллӣ  гувоҳи он аст, ки дар фазои озоди ҷомеаи шаҳрвандӣ андеша ва тафаккури динӣ ниёз ба ҳимояи ҷиддиро дорад…».

Агар воқеан гуфтаи  раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати кишварамон дуруст бошад, пас, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар Урдун, Ҳайдар Шарифзода дар Урдун (тибқи шунидаҳо), Муҳиддин Кабирӣ дар Яман, раиси Маркази исломии Тоҷикистон муфтӣ Сайидмукаррам Абдулқодиров дар Донишгоҳи исломии байналмилалии Покистон, Довудхони Абдухон, сардори раёсати Фатвои Маркази исломии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср, Бегалиев Икром, таҳсилкардаи Қум-Эрон (тибқи шунидаҳо), корманда раёсати ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба дин ва садҳо нафар, ки берун аз Тоҷикистон, ки «хориҷа» номида мешавад улуми олии исломиро фаро гирифтаанд ва низ худи ҷаноби А. Холиқов, ки рисолаи докториашро дар илми ҳадис, дар Маскав ҳимоят кардаанд, «нерӯҳои мухталиф  тафаккур ва дидгоҳи ақидавии онҳоро бо андешаҳои тафриқаангез ва мухолифи мазҳаби аҷдодӣ омехта намуда..»?!

Бо ин вуҷуд, А. Холиқов, чанд нуктаеро дар ин ҷумла баён кардааст, ки  хостем онҳоро мавриди мулоҳиза қарор диҳем:

1. «Таҳлилҳо собит намуд, ки солҳои  охир бидуни назорат теъдоди зиёди ҷавонони моро ба мактабу мадрасаҳои динии кишварҳои хориҷ нерӯҳои мухталиф ҷалб намуда». Дуруст, аммо Ҳасани Нур, сокини вилояти Хатлон, донишҷӯи тоҷик, дар мадрасаҳои Покистон ва кишварҳои арабӣ, ки наздик ба 12-сол таҳсил кардааст, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки ман бо чанд далел ба ин фикр ва таҳлили А. Холиқов розӣ шуда наметавонам, чунки:

- Аксари ҷавонони тоҷик ва бештари онҳое, ки дар бораашон чизе медонам, ба хотири наҷот аз зулмати ҷаҳл ва дар кишвари худамон бесавод мондан, роҳ ба сӯи мактабу мадрасаҳои динии кишварҳои исломиро пеш гирифтаанд;

- Дар хусуси ҳавзаҳои динӣ ва илмии дар ҳолати заъф қарордоштаи Тоҷикистон ҳарф намезанам, чунки хонанда вазъро аз ман хубтар медонад;

- Дар ҳоле, ки иқтисодиёти кишварамон ноустувор аст, ҳадди аққал аз ҳар хона як муҳоҷир дар хориҷи кишвар дорем, маънои онро надорад, ки ин миллат аз ҳама арзишҳои фитрӣ, инсонӣ ва динии худ рӯ гардонида бошад. Ҷавонону наврасон мехоҳанд мисли ҳамтоёни худ, зиндагии шарофтмандона дошта бошанд, ба ҳамин хотир аксари онҳо роҳи осон ва бепулу ройгони гирифтани таҳсилро дар хориҷи кишвар ҷустуҷӯ кардаанд;

- Вазифаи мақомоти кишвар, аз ҷумла сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва намояндагиҳои кишварамон аст, ки бояд рафти таҳсил ҷавонон дар хориҷи кишварро зери назорат мегирифтанд. Аз таҷрибаи худ фош мегӯям, ки дар тӯли 12- сол, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекардам, танҳо як маротиба ва он ҳам замоне, ки Президент супориш дод, намояндаи Ҳукумат моро суроғ кард ва… 

2. «Тафаккур ва дидгоҳи ақидавии онҳоро бо андешаҳои тафриқаангез ва мухолифи мазҳаби аҷдодӣ омехта намуда». Ҳамсӯҳбати дигар мо Сайёди Нуриддин, сокини ноҳияи Бохтар, таҳсилкардаи кишварҳои исломӣ: Покистон, Арабистони Саъудӣ ва Малайзия, ба ин гуфтаи раиси Кумитаи оид ба корҳои дин розӣ шуд, вале ҳақиқати онро на дар симои донишҷӯёни таҳсилкарда дар кишварҳои исломӣ, балки дар шахсияти А. Холиқов ва китоби «ҳуқуқи исломӣ»-и ӯ дид.

Вай афзӯд: «Ҷаноби А. Холиқов, аз таҷрибаи худаш мегӯяд ва воқеан ҳам дуруст мегӯяд. Агар ин тавр намебуд А. Холиқов, рисолаи илмиашро дар мавзӯъи «Ҳадис», ки дар кишварҳои исломӣ не, балки дар Маскав ҳимоя кардааст, бо як ҷасорати том, тамоми арзишҳои мо мусалмонон, аз ҷумла Худову Расул, Қуръону суннат ва пешвои мазҳабамон, Имоми Аъзам ва…-ро зери суол қарор додааст.

Акнун худ қазоват кунед, кӣ ва дар куҷо дидгоҳи ақидавии Абдураҳим Холиқовро дигар кардаанд? Андешаҳои тафриқаангез ва мухолифи мазҳаби аҷдодии мо-98 дар сад мардуми мусалмони Тоҷикистон-ро, кӣ бо китоби худ «Ҳуқуқи исломӣ»-аш омехта кардан хост. Ин ҷаноб таълимоти ибтидои диниро дар куҷо гирифтааст, ки ба ҷои «ризо» «ридан», ба ҷои «ҳудуд» «ҳуқуқ», ба ҷои «ҳомила» «ҳамл» ва.. Худои моро соҳибтабиат, ҳуқуқҳояш дахлпазир, паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) ва ёрони бовафояшро таҳқир ва имоми бузургворамон, фарзанди фарзонаи тоҷик Имоми Аъзам, Абӯҳанифа, Нуъмон ибни Собитро рӯи рост дар китобашон «Ҳуқуқи исломӣ» тӯҳмат кардааст!

Оё ин «бо андешаҳои тафриқаангез ва мухолифи мазҳаби аҷдодӣ омехта намуда..» нест?! Оё то кунун дидаед ва ё шунидаед, ки яке аз таҳсилкардаҳои кишварҳои исломӣ, ки «носих»-ро аз «мансух», «фатво»-ро аз «ҳукм» ва «ҳудуд»-ро «ҳуқуқ» тамиз карда натавонад, бо чунин ҷуръату ҷасорат ибрози ақида ва соҳибилмӣ карда бошад?!».

3. «Ба суботу амнияти фарҳангӣ ва динии кишвари мо мушкилиҳои назаррас ворид намуданд…». Собирҷони Рӯзихон, сокини шаҳри Душанбе ва хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ин банд аз ҷумлаи А. Холиқовро тасдиқ кард ва афзӯд: «Ба ростӣ ман аз раиси Кумитаи оид ба корҳои дин интизор надоштам, ки то ин дараҷа ба арзишҳои динии мо сарҳадшикан бошад. боварии комил дорам, ки ҳангоми дар Парламент сухан гуфтан аз таҷрибаи худаш мисол оварда, вале дигаронро «гумонбару…» муаррифӣ кардааст ва...

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 27.05.2011 08:29
браво бародар .боб кардаи..
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854