04:47:52 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИСТИҚЛОЛИЯТ: «АНДЕШАҲОИ МИЛЛӢ ВА МАЗҲАБӢ»

Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлолият: андешаҳои миллӣ ва мазҳабӣ» конференсияи илмӣ-амалиеро баргузор намуд, ки дар он  ҷамъе аз донишмандони исломшиносу ҷомеашинос, файласуфон ва дигар олимони соҳаву мухилосон  ширкат карданд.

images-konferensia.jpgБеш аз понздаҳ нафар маърӯзагар перомуни мавзӯи мазкур фирку андешаҳои худро ироа карданд. Аммо, аҷибаш он, ки қариб ҳамаи онҳо дар бораи андешаи динӣ ҳарф мезаданд, вале ҳеҷ яке аз эшон на дар оғоз ва на дар анҷоми нутқи худ номи соҳиби дин, яъне номи Худоро нагирифтанд, ба ҳар сурат мавзӯъ, тақрибан, ба ин шакл баррасӣ шуд.

Дар хусуси зарурати андешаи миллӣ, ки он бояд чигуна бошад, динӣ ё дунявӣ ва ё ҳарду ҳарфҳои босазое гуфта шуд ва низ дар нишасти мазбур таъкид шуд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳия барномаи давлатии рушди андешаи миллӣ зарурат дорад». Чунин масъалагузорӣ ҳатман мулоҳиза ва саволеро дар пай дорад, ки мо тоҷикон ва тоҷикистониён ҳанӯз муайян нанамудаем, ки андешаи миллиамон чӣ аст? Чӣ тавр мешавад, ки ба таҳияи барномаи давлатии рушди андешаи миллӣ сар кунем? Эътироф менамоям, ки сар задании чунин андеша ва чунин масъалагузорӣ комилан мантиқӣ аст…

Аввало баҳси андешаи миллӣ ва кӯшишҳо барои пайдо намудани он  дар Тоҷикистон нав нест, таърихи чандин сола дорад. Агар марҳилаҳои охирини онро ба назар гирем, аз даврони ба истилоҳ гармои хрушёвӣ  ва бозсозиву ошкорбаёнии горбачовӣ шурӯъ шуда, то ба имрӯз идома дорад, яъне таърихи тақрибан панҷоҳ шаст сола дорад. Сониян фикри ин, ки мо тоҷикон ва тоҷикистониён ҳанӯз андешаи миллиамонро муайяну мушаххас насохтаем, чандон дуруст нест.

Вақте дар хусуси мавҷудияти андешаи миллӣ сӯҳбат шуд, ғояи онро низ канор нагузоштанд. Дар ин конференсия гуфта шуд: “Давлати миллии мо бояд ғоя дошта бошад, ғояи ин ваҳдат аст, пеш аз ҳама истиқлол аст. Агар ин ду чиз набошанд, ки яке дигареро пурра мекунад, мо давлати мукаммали ватандорӣ ё ин, ки соҳибистиқлол наметавонем будан.”

Баъд аз он, ки доир ба мавҷудияти андешаи миллӣ ва ғояи он таъкид карданд, доир ба тағйирёбии андешаи миллӣ низ дахл карда, зикр карданд, ки: “Андешаи миллӣ як вожае ҳаст, ки як равандро нишон медиҳад, яъне рӯз ба рӯз, сол ба сол ҳамин андеша дар атрофи ҳадаф, дар атрофи орзуву омолҳои давлатӣ тағйир меёбад ва комил мешавад. Агар ба ҷои андешаи миллӣ, мо хиради миллӣ бигӯем, мо муваффақ мешавам. Чунки андеша ин протссес аст. Пай дар пай мукаммал мешавад, лекин дар хирад ҳам дониш асту ҳам андеша, ба ғайр аз ин  таҷрибаи рӯзгор аст. Хусусияти фарқкунандаи хирад таҷрибаи рӯзгор аст. Агар таҷрибаи рӯзгор набошад, он ба инобат гирифта нашавад, мо ҳатман дар давлатдории худ ба шикаст мувоҷеҳ хоҳем шуд.”

Бо таваҷҷуҳ ба он, ки асоси андешаи миллиро аз нигоҳи исломӣ саъодатмандӣ ташкил медиҳад ва он баъд аз ризоияти Илоҳӣ ба даст меояд, дар ин конферения, Раҳимов Маъруф, сархатиби Масҷиди ҷомеи марказии ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби шаҳри Душанбе, хотиррасон кард:

“Сомон додани андешаи миллӣ, агар  аз нуқтаи назари фаротар аз сиёсату ҷуғрофия ва ҳудудҳо бидонем, ин алакай ба як миллати тоҷик ва тоҷикият хизмат мекунад. Бисёр аз касоне, ки худро тоҷик мешуморанд, имрӯз берун аз ин хок ба сар мебаранд, бо ин ҳама парешонӣ чӣ гуна метавон андешаи миллати воҳидро сомон дод… Аз сӯи дигар мо барои эҷоди ҳавзаи воҳиди фикрии андешаи миллӣ таҷриба дорем. Ба ёд оред мактаби тасаввуфро, дар навиштаҳои Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, шайх Фаридуддини Аттор ва дигарон, ки ҷавҳари онро андешаи ваҳдати инсонӣ, ки иборат аз моҳияти инсонии инсон мебошад, ташкил медиҳад. Фаротар аз ин усули ҳуқуқии Қуръони карим низ андешаи уммати воҳидро бо мафҳуми уммати иҷобат ва андешаи ваҳдати инсониро бо мафҳуми уммати даъват матраҳ кардааст, ки дар асоси он фиқҳи исломӣ муносибатҳои ҳуқуқии муслиминро дар байни худи онҳо ва бо динҳои дигар ба низом овардааст.”

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ба таъбири Қуръони карим андешаи миллӣ фақат дохили миллӣ нест: «Андешаи миллӣ хусусияти фаротар аз миллат ва дар канори дигар миллатҳо дар канори ҷомеаи башарӣ рушд кардани миллатро дорад, яъне ин роҳе ба ношиносӣ ва удвону таҷовузҳо нест. Дар андешеаи миллӣ бояд он чизе бошад, ки миллат дар асоси таъассуби миллӣ бояд таълим нагирад.»

Марамбеков  Марамбек-котиби илмии Маркази исломшиносӣ, дар робита ба андешаи миллӣ гуфт: «Андешаи миллат ҳамчун истилоҳи фалсафӣ моҳият ва таъионоти зиндагӣ ва фаъолияту умумиятҳои миллӣ-этиникиро дар марҳилаҳои муайян рушди ҷомеа, мақом ва нақши арзишҳои миллӣ ва диниро дар ҷомеа дар бар мегирад. Барои ҳамин дар ҳар замон андешаи миллӣ ҳамчун роҳнамо барои ҳар қавму миллат барои расидан ба мақсад, хизмат мекард. Таърих гувоҳ аст, ки бархе аз миллатҳое, ки аҳамияти андешаи миллӣ, давлати миллиро дарк карда натавонистанд ё нисбат ба ташаккули шуъури миллӣ беэътиноӣ зоҳир карданд, нафақат давлати аҷдодиро аз даст доданд, балки ҳамчун миллат аз саҳнаи таърих бе ному нишон рафтанд.»

Шарипов Холбозор-сармутахассиси Шӯъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ доир ба ҳифзи амнияти андешаи динӣ ва мазҳабӣ таъкид кард, вай афзуд: «Ҳифзи андешаи динӣ ва мазҳабӣ пеш аз ҳама ин ҳифзи амният ва субот дар ҷомеа мебошад.»

Якоша Кабирӣ, узви Раёсати олии ҲНИТ, ҳангоми баҳсу баррасии ин мавзӯъ, тоза омили асосии шикасти давлати Сомониёнро фаҳмид, вай тасреҳ кард: «Ман баъд аз солҳо нав фаҳмидам, ки давлати Соминиён барои чӣ барҳам хӯрд. Барои чӣ мардуми форс тарафи Маҳмуди Ғазнавӣ рафтанду тарки сомониён карданд, чунки дар он замон идеология аслан идеологияи исломӣ буд ва он авлавият дод ба идеологияи миллӣ, мусалмонон таркаш карданд. Ин аниқ аст. Ҳар як миллат идеологияи худашро дорад, идеологияи он метавонад идеологияи динӣ бошад. Чаро не? Агар як миллатро дин наҷот бидиҳад, чаро онро идеология нагӯем. Вақте, ки агар як миллатро дин наҷот бидиҳад, дин дар хидмати он бошад, бояд аз вай истифода барад. Вақте ки баҷое расид, ки дин ягона омиле аст, ки онро наҷот медиҳад, метавонад роли асосии идеяи миллиро бозӣ кунад.»

Абдуллоҳ Ҳакими Раҳнамо, олим ва муҳаққиқи ҷавони кишвар, баъд аз натиҷагирӣ кардани афкор ва андешаҳои иштирокчиёни ин нишаст, таносуби андешаи миллӣ ва динӣ дар кишварро хулоса карда гуфт:

«Ман фикр мекунам, ки баҳси таносуби андешаи миллӣ ва динӣ ва умуман дину миллат дар мо дар се сатҳ қобили мулоҳиза аст: яке дар сатҳи худи мардум, яке дар сатҳи илмиву назарӣ ва яке дар сатҳи қудративу сиёсӣ, агар ин се сатҳро баррасӣ кунем, назари ман ин аст, ки дар сатҳи зиндагии амалии мардум ҳеҷ гуна таззод нест, аслан ин масъала тақрибан вуҷуд надорад. Барои як  шаҳрванди бисёр одии Тоҷикистон дар русто ҳеҷ марзе миёни диният ва дунявият ё миллияту диният нест.

Барои ҳамин зиндагии онҳо дар даруни худ ҳеҷ таззоде надоранд, ки чӣ амалашон миллӣ аст, чӣ амалашон динӣ аст, чунки ин унсурҳо дар тӯли 1300 сол ба таври табиӣ синтез шуда ва ҷои худро ҳар яке гирифта аст. Барои ҳамин ин як воқеият аст. Вале агар мо вақте меоем ба сатҳи илмӣ мушкили авваламон он ҷо сар мешавад, ки чун илми мо дар заминаи таърифҳое, ки аз ҷомеаи дигар омадаанд, ташаккул ёфтааст. Миллат дар фаҳмиши мо як чиз аст, дин як чизи дигар аст. Ва мо он таърифи илмии миллат ва таърифи илмии динро канори ҳам мегузорем, дар зеҳни мо намеғунҷад, ки ин андеша чӣ гуна ҳамзистӣ кунад.

Чунки ин категорияҳо дар таърифҳои ноби илмӣ хусусиятҳои худро доранд. Барои ҳамин талоши баҳси таззоди динияту дунявият ё миллияту диният дар ин сатҳи илмӣ бисёр хӯшрӯ маълум мешавад, дар сатҳи табии мардум, тавре гуфтем, нест. Ва севум дар сатҳи қудрат, мутаассифона яке аз хусусиятҳои ҷомеаи баъд аз истиқлолии мо ин аст, масъалаи дин беш аз ҳад масъалаи сиёсӣ шуд.

Бинобар аз таҷрибае, ки мо доштем дар солҳои аввали истиқлолият ва яке аз тарафҳои низоъ бо номи дунявӣ худро ном гузошт ва яке аз тарафҳои дигари низоъ бо номи динӣ худро ном гузошт, ҳамин мушаххассозӣ ё худмуайянкунии идеологии тарафҳо боис шуд, ки дин ба масъалаи сиёсӣ табдил шавад ва ин боис шуд, ки як чизи табиӣ, ки ҳеҷ вақт дар зиндагии мардум  як чизи мутаззод набуд, дар сатҳи сиёсӣ омад ба чизи мутаззод табдил шуд, ки як тараф бо номи дунявӣ ва як тараф бо номи динӣ ва ин баҳс баҳси асосан идеологӣ набуд, баҳси қудратӣ ва баҳси сиёсӣ буд, ки бо номи идеологӣ ва бо пӯшиши идеологӣ идома ёфт.

Барои ҳамин, яъне аз ин се сатҳ ду сатҳи ихтилоф дорем: яъне сатҳи илмӣ-назарӣ, ки сабабаш ба пешинаи ташаккули илми муосири мо марбут аст ва сатҳи сиёсӣ-қудратӣ, ки ба таърихи ахири мо марбут аст. Барои ин, ки аз ин буҳрон бароем, мо фақат ба як ҷасорат зарурат дорем, ба ҷасорати шинохтани воқеияти ҷомеаи худ, ки воқеан дар ҳаёти воқеии мардум на гапҳое, ки мо дар доираҳи илмӣ мегӯем, на гапҳое, ки мо дар доираи сиёсӣ мегӯем, вуҷуд надорад ва ин як чизи обстракти сатҳи илмӣ аст ё як масъалаи қудрати сиёсӣ аст».

Амруллоҳои Низом, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 20.06.2011 19:41
Аз хамин бахсхо хакикатро Абдуллохи Рахнамо гуфтааст. Дар хакикат мо дар сатхи мардум байни динияту дунявият ва байни миллияту диният бахсе ва тазодде надорем. Ва бояд бо чурат онро эътироф кунем. Дуруст аст, устод.
 
 
0 #1 Guest 20.06.2011 17:58
ғояи Миллат ин ваҳдат аст, пеш аз ҳама истиқлол аст - хирад ҳам дониш асту ҳам андеша.
Гуфта гаштед саргардону хайрон дар суханхо : ин астр охи Рост Куръон гуш бидихед :
Ҳама аз ҷониби Парвардигори мост». Ва хирадмандоннанд , ки панд мегиранд.
Хирадмандон кихоянд : онҳо, ки Худоро истодаву нишаста ва ба паҳлӯ хуфта, ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳову замин меандешанд: «Эй Парвардигори мо, ин ҷаҳонро ба беҳуда наёфаридаӣ, Ту покӣ, моро аз азоби оташ боздор! Эй Парвардигори мо, аз он пас, ки моро ҳидоят кардаӣ, дилҳои моро ба ботил моил масоз ва раҳмати худро бар мо арзонӣ дор, ки ту бисёр бахшояндаӣ!
Эй Парвардигори мо, ту мардумро дар он рӯзе, ки ҳеҷ шакке дар он нест, гирд меоварӣ. Ба яқин, ки Худо ба ваъда хилоф накунад!
192. Эй Парвардигори мо, ҳар касро, ки ба оташ афканӣ, расвояш кардаӣ ва золимонро ҳеҷ ёваре нест!
эй хирадмандон, аз Худо битарсед, бошад, ки растагор гардед!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi