01:01:22 03-уми Июни 2025 сол

С.НАРИШКИН: "САРИ ФУРУДГОҲИ АЙНӢ БА СОЗИШ НАРАСИДЕМ"

Ду мансабдори аршади Русия паёми раисиҷумҳури кишвари худро ба президенти Тоҷикистон расонданд. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Сергей Наришкин, раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия ва Анатолий Сердюков, вазири дифои ин кишвар, ҳарчанд ду соат идома дошт, дар бораи натиҷаҳои он хеле кӯтоҳ сӯҳбат шуд.

narishkin_665656.jpgҶаноби Наришкин аз номи ҳарду ҷониб бо хабарнигорон мулоқот кард ва гуфт, дар ин ҳамоиш муҳимтарин масъалаҳои равобити байни Русия ва Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар силсилаи ин масъалаҳо раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия гуфт, ҷонибҳо ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон, ширкати Русия дар дидбонӣ ва ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ва дурнамои ин муносибатҳо дар давраи то соли 2014-ро баррасӣ кардаанд.

Вай ҳамчунин афзуд, ки ҷониби Русия дар ин мулоқот масъалаи истифода аз фурудгоҳи низомии Айниро низ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон баррасӣ намудааст, вале тарафҳо дар ҳали он ба натиҷаи мушаххасе даст наёфтаанд. Ҷаноби Наришкин ишора кард, ки масъалаи мазкур ба зудӣ дар ҷараёни таҳияи  созишномаи ҳамкориҳои низомию фаннӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Ҷаноби Наришкин ҳамчунин гуфт, ки мақоми сафари моҳи сентябри Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон, ки қаблан сафари давлатӣ эълон шуда буд, ҳоло мушаххас нашудааст. Ба гуфтаи Наришкин дар ин мулоқоти ба сурати хос масъалаи ҳузури марзбонони Русия дар Тоҷикистон баррасӣ нашудааст, аммо то аҷноми сафар Медведев ба Тоҷикистон ин масъала бояд ҳалли худро пайдо кунад. Яъне созишномаи нави ҳамкориҳои марзии миёни ду кишвра бояд омода шавад.

Сӯҳбати Сергей Наришкин бо хабарнигорон бисёр мухтасар буд ва ӯ аз посух гуфтан ба бархе аз суолҳо сарфи назар кард. Аммо Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия аслан ба назди хабарнигорон, баъди анҷоми ин мулоқот наомад ва сӯҳбат накард. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта расонаҳо аз лағви сафари вазири дифоъи Русия ба Тоҷикистон хабар дода буданд.

Бархе расонаҳо навишта буданд, ки ба тавофуқ нарасидани ҳайатҳои музокиракунандаи Тоҷикистон ва Русия бар сари созишномаи ҳамкориҳои марзӣ миёни ду кишвар, боиси лағви сафари вазири дифои Русия ба Тоҷикистон шудааст. Ҳамчунин назариёти ҳар ду ҷониб дар масъалаи баҳрабардорӣ аз фурудгоҳи низомии Айнӣ ҳам  то кунун фосила дорад. Ва Русия посухи мушаххас дар ин маврид аз ҷониби Тоҷикистон дарёфт накардааст.

"Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон барои таъмини амният ва суботи  ин кишвар  ва Русия дар Тоҷикистон доирои аҳамият  аст ва ҳам ҷониби Русия ва ҳам ҷонибаи Тоҷикистон  бар ҳузури он дар Тоҷикистон манфиатдоранд." -- бо баёни ин матлаб Сергей Наришкин гуфт, ки ҳадаф аз ин мулоқот омодагӣ ба сафари қарибулвуқӯи  Дмитирй Медведев, раиси ҷумҳурии Русия ба Тоҷикистон ва баррасии масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба аст.

Раҳбари дастгоҳи раиси ҷумҳурии Русия гуфт, ки диа дидораш бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон  Барномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва равобити Тоҷикистону Русия дар солҳои 2011-2014 -ро баррасӣ карда ва дар аксари масоил бо ҳамдигар тавофуқ ҳосил кардаанд. Аммо ҳамзамон аз шарҳи ҷузъиёти  ин барнома худдорӣ кард ва гуфт, ки он дар сафари Медведев муаррифӣ хоҳад шуд.

Ӯ ҳамчунин афзуд ки дар  мулоқот масъалаи истифода аз фурудгоҳи Айниро низ баррасӣ намудаанд, вале бархе аз ҷузъиёти масъала ҳалношуда боқӣ мондааст аст ва интизор меравад он низ то замони  сафари президенти Русия ба Тоҷикистон ҳаллу фасл шавад. Сергей Наришкин дар посух ба саволи хабарнигорон дар мавриди мақоми сафари президенти Русия гуфт мақоми ин сафар , ки қарор аст моҳи сентябр  иттифоқ афтад  ҳоло мушаххас нашудааст.

Дар ҳоле ки қаблан ин сафар сафари давлатӣ ёълон шуда буд. Ба гуфтаи Наришкин дар ин мулоқот   масъалаи ҳузури марзбонони Русия дар Тоҷикистон низ баррасӣ  шудааст, аммо масъалаи бозгашти дубораи неруҳои марзбонии Русия   дар ҳоли ҳозир номаълум боқӣ монда ва таъкид шуд, ки он низ то замони  сафар Медведев ба Тоҷикистон   ҳалли худро пайдо кунад. Яъне созишномаи нави ҳамкориҳои марзии миёни ду кишвра бояд омода шавад.

Пойгоҳҳои иттилоотии наздик ба низомиёни Русия аз қавли манобеъи худ дар ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия менависад, ки ҳадафи аслии сафари Сердюков ба Душанбе, густариши ҳузури низомии Русия дар марзҳои Афғонистон баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз он кишвари ҳамсояи Тоҷикистон  мебошад.

Тоҷикистон ва Русия аз ду моҳи пеш то кунун бар сари созишномаи нави ҳузури  мушовирони русӣ дар ҳайати нерӯҳои марзбонии тоҷик ба гуфтугӯ нишастаанд, аммо ин музокирот то кунун натиҷа надодааст. Дар моҳи майи соли равон, замони эътибори созишномаи ҳузури муовирони русӣ дар марзҳои Тоҷикистон ба сар омад.

Тоҷикистон бо Русия феълан муносиботи хуберо пушти сар намекунад ва иллати сардии муносиботи ду ҷониб ба гуфтаи коршиносон, ҳосил нашудани тавофуқ бар сари саҳмияҳои нерӯгоҳи ниматамоми Роғун, истифодаи пойгоҳи Айнӣ ва баҳси ҳузури русҳо дар ҳимояи марзҳо ва мухолифати Душанбе ба он мебошад.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
+1 #2 Guest 03.07.2011 19:42
"Пойгоҳҳои иттилоотии наздик ба низомиёни Русия аз қавли манобеъи худ дар ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия менависад, ки ҳадафи аслии сафари Сердюков ба Душанбе, густариши ҳузури низомии Русия дар марзҳои Афғонистон баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз он кишвари ҳамсояи Тоҷикистон мебошад".
Хами ба фикрум Хукумати Русия касал шудагиай. Ха мардак мо чи ранги шумо мардак нестем? Давлати худмон, марзи худмон, худмон калавриш мекунем. Русия рафта ба рохат хоб кун то сархади ту оли се чор давлати дигарай... :lol:
 
 
+2 #1 Guest 30.06.2011 16:01
Хоб дидед Фурудгохи хавои-Харбии Айни-ро Мо ба бародарону мусалмони худамон бовар карда ба Хамзабонони худамон Эрони-хо медихем ки онхоянд дусту бародарони Мо на шумо : Оятхо - 80. Бисёре аз онҳоро мебинӣ, ки бо кофирон дӯстӣ меварзанд. Бад аст, он чӣ пешопеш барои худ фиристоданд. Хашми Худо бар онҳост ва дар азоби ҷовидонаанд. 73.Эй паёмбар, (бо олоти ҷангӣ) бо кофирону (бо забон) бо мунофиқон биҷанг ва бо онон ба шиддат рафтор кун, ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст, ки бад саранҷомест!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854