21:07:10 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳ. ЗАРИФӢ: БОЗГАШТИ САРБОЗОНИ РУСИЯ БА МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН МАТРАҲ НЕСТ!

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки пешнависи Созишномаи ҳамкориҳои сарҳадии Тоҷикистону Русия  тақрибан омода шудааст ва бо эҳтимоли зиёд дар ҷараёни сафари қарибулвуқуъи Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Душанбе, ки қарор аст аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор гардад, аз сӯйи лидерони ин ҳарду кишвар ба имзо хоҳад расид.

/images/stories/2011/07/19_konfros-zarifi_111.jpgДар ҳамин ҳол Ҳамрохон Зарифӣ сару садоҳоеро, ки дар расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ дар бораи бозгашти эҳтимолии сарбозони нирӯҳои марзбонии Русия ба марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ин авохир мунташир мегаштанд, қотеъона рад намуда иброз дошт, ки дар байни Тоҷикистону Русия ба ҳеҷ ваҷҳ гуфтушунидҳое дар бораи бозгашти сарбозони марзии Русия ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон баргузор нагардидааст ва ин масъала миёни ин кишварҳо матраҳ нест.

Сухан дар бораи дар оянда дар кадом мақом фаъолият кардани як гурӯҳи мушовирони низомии нирӯҳои марзбонии Русия меравад. Тоҷикистон ҳамкории худро дар ин самт бо Русия идома хоҳад дод.

Аммо дар масъалаи истифода аз фурудгоҳи Айнӣ ва идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Артиши 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам мавқеъҳои ҷонибҳо то он дараҷа наздик нашудаанд, ки тарафҳо битавонанд дар ҷараёни ин сафар аснодеро ба имзо бирасонанд. Дар ин самт гуфтушунидҳо идома доранд. «Агар ягон нафаре дар хориҷа фикр кунад, ки пойгоҳи низомӣ, фурӯдгоҳ ва дигар гӯшаи Тоҷикистон барои истифода бепул бошад, мо ба онҳо посух медиҳем, ки сарзамини Тоҷикистон моликият ва ё сармояи бобоии вазири корҳои хориҷӣ ва ё вазири дифои Тоҷикистон нест. Он соҳиб ва арзиш дорад»-, изҳор дошт Зарифӣ.

/images/stories/2011/07/19_konfros-zarifi_222.jpgҲамрохон Зарифӣ дар масъалаи хуруҷи нирӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон, сулҳи Афғонистон ва эҳтимоли бунёди пойгоҳи низомии ИМА дар Тоҷикистон низ дар посух ба суоли хабарнигорон андешаронӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки дар Афғонистон ҳарчи тезтар сулҳу оштӣ барқарор гардад.

Раванди бисёрҷонибаи гуфтушунидҳоро бо Толибон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон як кори маъмулии сулҳсозӣ донист ва дар иртибот бо ин мавзӯъ аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ёдовар шуд. Дар хусуси бунёди эҳтимолии пойгоҳи низомиёни Амрико дар Тоҷикистон баъди хурӯҷӣ онҳо аз Афғонистон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баён дошт, ки чунин масъалае миёни Тоҷикистон ва ИМА матраҳ нест. Тамрингоҳи низомие, ки дар қарияи Қаротоғи Ҳисор бо кӯмаки Амрико бунёд мегардад, ин «сад дар сад моли Тоҷикистон хоҳад буд».

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистону Эронро дар ҳоли рушд арзёбӣ карда изҳор дошт, ки дар ҷараёни сафари Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон, ки дар охир ва ё аввали сентябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад гашт, дар назар аст аввалин агрегати нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2, ки бо сармоя ва кӯмаки мутахассисини Эрон бунёд мегардад, дар ҳузури роҳбарони ин кишварҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Барои  хатми корҳои таъмириву тармимӣ дар нақби Анзоб низ ҳарду ҷониб тасмим гирифтаанд, ки боз се миллион долларӣ, ҷамъ шаш миллион доллар маблағгузорӣ кунанд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi