17:47:14 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ҚОИДАИ СУКУТРО ШИКАСТАН МЕХОҲАМ

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», яке аз хабарсозтарин лоиҳаҳои парлумонӣ дар давоми соли 2011 барои Тоҷикистон буд, ки он дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дар сархати матолиби хабаргузориҳои дохил ва хориҷи кишвар ҷо гирифт.

 /images/stories/2011/07/26_maktam-muallima_45454.jpg

Расонаҳои гурӯҳии англисизабону русзабон ва форсзабону арабзабон, дар маҷмуъ, роҷеъ ба он 248020 матлаб, танҳо дар интернет, ба чоп расонидаанд. Барои мисол, вақте дар ин бора ҷустуҷӯгари машҳури интернет «ҷаноб»-и «google.соm»-ро супориш додам, дар зарфи 0.26 сония, нишонии 6,020 нишонии матлабро дар он хусус, бо забони анлисӣ пишниҳод кард. Бори дигар сопориш додам, дар зарфи 0.24 сония, 13,700 нишонии матлабро, ки бо забони русӣ чоп шудаанд, нишон дод. Дафъаи сеюм онро супориш додам, дар зарфи 0.33 сония, 99,300 матлабро, ки бо забони арабӣ мунташир шудаанд, муаррифӣ кард. Маротибаи чаҳорум вақте онро супориш додам, дар зарфи 0.24 сония, 129,000 нишонии матлабро, ки бо забони форсӣ ба нашр расиданд, бароям нишон дод.

Расонаҳои гурӯҳӣ дар бораи ин лоиҳа матолиби гуногун ба чоп расонидаанд, аксар маврид, бандҳои алоҳидае аз лоиҳаи ин Қонунро мавриди танқид ва ё ҳамлаҳои иттилоотӣ қарор дода, давлати Тоҷикистонро бо чашми дигар назар кардаанд. Бо ин вуҷуд, масъулини ҳукумат ва тарроҳони лоиҳа, то ҳол талош доранд, ки дуруст будани пайнавишти онро ба мардум шарҳу тафсир диҳанд, онҳоро мутақоъид созанд, ки ин тарҳ - тарҳи ҳадафмандона аст. Аммо мардум низ дар дохил ва хориҷ аз кишвар назарҳои интиқодии дар мавориди мухталифи ин Қонун, бо роҳҳои гуногун, гуфтанду пешниҳодҳояшонро дар он хусус низ матраҳ карданд. Бо ин вуҷуд, расонаҳои хориҷӣ хабари ба тасвиб расидани ин Қонунро барои худ «луқмаи ҳалол» дониста, дар сархати хабарҳояшон ҷо доданд:

Рӯзномаи «рӯзи 7»-и чопи Қоҳира, зимни як матлаби интиқодии худ, ки дар бораи лоиҳаи ин Қонун ба чоп расонида буд, онро бо чунин пешгуфтор шурӯъ намудааст : «Дар Тоҷикистон барои маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ кор бо шӯру шавқ ҷараён дорад. Ҳукумати секулории Тоҷикистон хеле сахт талош дорад, то мардуме, ки аз пайи омӯзаҳои исломӣ рафтан мехоҳанд, зери фишор қарор дода, имиҷи мардони ришдору ҳиҷоби занонро поин фарорад ва наворҳои мазҳабиро (аз дӯкону бозорҳо) чида мегирад». Аксари расонаҳи гурӯҳӣ хабари ба тасвиб расидани ин Қонунро дар парлумони кишварамон ба унвонҳои зайл, шарҳу тафсир намудаанд:

Бозгашти танишҳои мазҳабӣ бо ҳукумат дар Тоҷикистон, манбаъ: «http://islamonline.net».

Иқомаи намоз барои кӯдакони тоҷикистонӣ дар масоҷид мамнӯъ шуд, манбаъ: «www.shabestan.ir».

Тоҷикистон ҳаракат мекунад то ҷавононро аз (рафтан ба) калисо ва масоҷид манъ кунад, манбаъ: «http://gulfnews.com».

Мусалмонони тоҷик таҳти фишори шадиди давлат қарор доранд: кӯдаконро аз рафтан ба масҷид манъ карданд, манбаъ: «http://www.ibn-tv.com».

Тоҷикистон навҷавононро аз намоз хондан дар Калисо ва масоҷид манъ кард, манбаъ: « http://forsanelhaq.com».

Мактаббачаҳои тоҷикро дар масоҷид ҷустуҷӯ мекунанд, манбаъ: «http://newskey.ru».

Рӯзномаи «Ню Йорк Таймс» дар поёни як матлаби интиқодии худ аз Тоҷикистон, дар бораи лоиҳаи ин Қонун навиштааст: «Ин гумроҳӣ, хоҳ фаъол бошад, хоҳ не, барои саркӯб кардани диндорон, равона шудааст ва ин ҳама ба решакан кардани сабабҳои ифротгароӣ оварда намерасонад ва…».

Ба гуфти коршиносон, пешниҳоди лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», аз як нигоҳ, саривақтӣ буд, аз нигоҳи дигар, лоиҳаи ин қонун чанд иштибоҳеро дар пай дошт, ки маҳз бо сабаби ҳамон иштибоҳот мавриди ҳамлаи расонаҳо қарор гирифт. Ин лоиҳа дар бораи ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бисёр гуфт, вале доир ба ҳуқуқҳои эшон дар назди ҳукумат, маориф ва мактаб хеле кам гуфт.

Барои мисол, дар он гуфта нашуд, ки бояд падару модар барои беҳтар кардани таълиму тарбияи фарзанд аз мактабу маориф ва ҳукумати кишвар талаб кунанд, ки чаро фарзандони эшон дар мактаб саводи хуб нагирифтаанд? Чаро фарзандони онҳо тавони онро надошта бошанд, ки дар сурати бенизомӣ ва ё паст будани сатҳи муносиботи тарафайн ва риоят накардани одобу ахлоқ баъзе аз муаллиму маллима ва ё директори мактабро ба ҷавобгарӣ бикашанд… ва баъд аз он ӯҳдадор шаванд, ки фарзандони худро бар тибқи муқаррароти ин қонун тарбият кунанд.

Нуктаи дигаре, ки аз лоиҳаи ин Қонун ба расонаҳои гурӯҳӣ ва баъзе диндорон хуш наомад, дахолат кардани Қонун дар бораи маориф ба умури дин буд. Яъне ҷо кардани банди 8 моддаи 5, ва бар тибқи он маҳдуд кардан рафту омади фарзанди то 18-сола ба Иттиҳодияҳои динӣ будааст, ки бояд ин банд дар доираи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», тариқи як лоиҳаи тағйиру иловаҳо бар қонуни мазкур, баррасӣ мешуд, на дар Қонуне, ки маҳакки онро ба танзим даровардани таълиму тарбият ва умуман соҳаи маориф ташкил медиҳад.

Ба қавли эшон, агар чунин мешуд, он гоҳ, сару садоҳо камтар ва дахолати кумитаи дин ҳамчун мақоми назораткунандаи ҳукумат ва салоҳиятҳои он дар доираи як қонун кори ин Кумита ба шакле беҳтар анҷом мегирифт. Бар илова, дар сурате, ки тамоми раҳбарони иттиҳодияҳои динӣ дар мувофиқа бо Кумитаи оид ба корҳои дин фаъолияташонро роҳандозӣ мекунанд ва ҳар се моҳ аз атестатсияи давлатӣ мегузаранд, бигзор кумита барои онҳо маъош ҷудо кунад, раҳбарони иттиҳодияҳои диниро муваззаф намояд, ки шаҳрвандони то 18-соларо дар мувофиқа бо падару модар, тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбият намоянд ва дар сурате, ки фарзанд ифротгарову тундгаро шавад, раҳбари иттиҳодияи динӣ ва падару модари он якҷоя дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

Нуктаи муҳимм он аст, ки чаро расонаҳои хориҷӣ дар бораи лоиҳаи ин қонун ин қадар сару садоҳо ба вуҷуд оварданду мақомоти тоҷик «қоидаи сукут»-ро вайрон накарда, хомӯш нишастаанд. Бигзор навад дар сад аз гуфтаи бузургтарин ҷустуҷӯгари интернетӣ дурӯғ бошанду танҳо дар садаш, яъне 24802 рост бошад, фикр мекунед, тамоми онҳо ғамхори тоҷиканду ба нафъи тоҷикони мусалмон ҷоғ мезананд? Шахсан ман ин ҷоғ задани онҳоро фитнае пушти торҳои анкабут мебинам, вале дигаронро намедонам…

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi