Э.РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МАКТАБИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ЧОРБОҒИ НОҲИЯИ ХУРОСОН
Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба истифода додани чанд иншооти нави иҷтимоӣ ва мулоқот бо мардум ба ноҳияҳои Хуросон ва Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон рафт. Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз деҳаи навбунёди Чорбоғи ноҳияи Хуросон, ки баъди обхезии моҳи апрели соли 2009 барои осебдидагони ин офат бунёд гардида буд, оғоз ёфт. Дар ин ҷо бинои як мактаби нави таҳсилоти ҳамагонӣ барои 900 нафар дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ карор гирифт.
Ин мактаби дуошёна, ки бо харҷи 7 миллион сомонӣ аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст, аз 18 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфҳои муҷаҳҳази фаннӣ аз фанҳои биология, кимиё, физика, синфҳои компютерӣ, синфҳои омўзиши ҳунарҳои дўзандагию таомпазӣ ва ғайра иборат мебошад. Синфҳои компютерию лингофонӣ бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст буда, имкон медиҳанд, ки дар робита бо мактабҳои дигари дохил ва хориҷи кишвар таҳсили фосилавӣ ба роҳ шавад. Толори васеи маҷлисӣ, ошхонаи мактабӣ ва толори варзишӣ низ бо шароити хуби муосир муҷаҳҳаз гаштаанд.
Зимни суханронӣ дар назди роҳбарону фаъолони ноҳия ва мардуми деҳаи Чорбоғ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳи хоссаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ёдовар шуда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар соли равон бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар вилояти Хатлон 42 мактаб бо наздики 9700 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода мешавад. Гузашта аз ин, бо назардошти зарурати рўзафзун, ба масъулини маҳалливу ҷумҳуриявӣ дастур дода шуд, ки дар муддати ду сол дар назди 4 мактаби мавҷудаи ноҳияи Хуросон биноҳои иловагии таълимӣ сохта шаванд.
Дар саҳни ҳавлии мактаби навбунёд, миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияту фаъолон ва намояндагони мардуми заҳматкаши ноҳия, ки дар ин ҷо ҷамъ омада буданд, сўҳбати озоду ошкоро сурат гирифт. Зимни он Президенти кишвар ба суолу дархостҳои онҳо посух гуфта, андешаҳои ҷолибу судманд иброз дошт.
Аз ноҳияи Хуросон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ ташриф оварда, нахуст бо кори кишоварзони хоҷагии деҳқонии Шафқати ҷамоати деҳоти Яккатут аз наздик шинос шуд. Тавре зикр гардид, хоҷагӣ дорои 11 га замин буда, дар 9 га пахта кишт намудааст. Зимни сўҳбат бо аъзои хоҷагӣ маълум шуд, ки ҳар яки онҳо ғайр аз маош 12 садяк замини ин хоҷагиро барои эҳтиёҷоти оилавии худ истифода бурда, рўзгорашонро таъмин менамоянд.
Аҳли хоҷагӣ бовар доранд, ки аз ҳар гектар замини пахта ба ҳисоби миёна беш аз 40 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд. Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия иттилоъ дода шуд, ки аз заминҳои пахтаи ноҳия ба ҳисоби миёна 30 сентнерӣ ҳосил рўёнда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ва дигар хоҷагиҳои ноҳияи Абдураҳмони ҷомӣ кишти такрорӣ ва истифодаи босамари заминҳои корам хуб ба роҳ монда шудааст. Дар деҳаи Чкалови ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мактаби боҳашамати сеошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ин мактаб, ки бо харҷи 11 миллиону 221 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва қарзи имтиёзии Бонки исломии рушд бунёд ёфтааст, дорои 36 синфхона, аз ҷумла 11 синфхонаи фаннӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, 2 синфхонаи лингафонӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ, 1-тогӣ озмоишгоҳҳои кимиё, биология ва физика, 2 синфхонаҳои махсуси технологияи ҳунаромўзӣ барои духтарону писарон ва китобхонаи калон мебошад. Зимни шиносоӣ бо синфҳои компютерӣ зикр гардид, ки нишондодҳои барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳо дар ноҳияи Абдурраҳмони ҷомӣ 84,5 фоиз иҷро шудааст.
Ин мактаби муосир, ҳамчунин дорои шифохонахона, ошхона, толори маҷлисӣ бо 252 курсӣ ва толори варзишӣ бо 120 ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад. Дар ҳудуди мактаб, ки масоҳати он 3 гектарро ташкил мекунад, иморатҳои ёрирасон, аз қабили буғхона бо истифодаи ангиштсангу ҳезум, анбори хоҷагидорӣ, зеристгоҳи трансформаторӣ, обкаши барқӣ ва манораи захирасозии оби нўшокӣ ва ҳамчунин варзишгоҳ сохта шудааст.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мактабҳои навро туҳфаи идонаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи солгарди 20 истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз номида, ҳамзамон зикр намуд, ки дар 10 соли охир дар ноҳияи Абдураҳмони ҷомӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ 21 мактаби нави замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд. Тавре зикр гардид, сохтмони 4 мактаби дигар идома дорад, ки 2 тои он дар давоми соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ғамхории доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф мардуми ноҳия ва кулли ҷумҳуриро ба таълиму тарбияи босифати насли наврас ва дар рўҳияи ватандўстию хештаншиносӣ ва ифтихор аз давлатдории милли худ парвариш кардани онҳо ҳидоят намуд. Дар боғи марказии фарҳангиву фароғатии ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Абдурраҳмони ҷомӣ мулоқот намуда, ба суолу дархостҳои онҳо посух дод.
Манбаъ: President.tj