ҲНИТ ДАР АНҶУМАНИ ОЯНДААШ РАҲБАР ИНТИХОБ МЕКУНАД
Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар мавриди замони баргузории анҷумани ин ҳизб тасмим гирифтааст. Бар асоси мусаваббаи ҷаласаи Шӯрои ҲНИТ, ки шоми сешанбеи 9 август дар қароргоҳи ин ҳизб дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, анҷумани Ҳизби наҳзати исломӣ рӯзи 24 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Дар назар аст дар ин анҷуман дар паҳлӯи вакилони дохилӣ меҳмонон аз чанд кишвари хориҷӣ низ ширкат кунанд. Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини аввали раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ, ба Би-би-сӣ гуфт, ки интихоби раёсати ин ҳизб, бо шумули раҳбари он, аз мавзӯъоти аслии ин ҳамоиш хоҳад буд. Ҳамчунин, дар анҷуман гузориши раҳбари Ҳизби наҳзат ва раиси Кумисиюни тафтишотии ин ҳизб аз фаъолияти 4-солаи ҳизб гузориш хоҳанд дод.
Оқои Ҳусайнӣ имкони интихоби раҳбари ҷадиде дар ҳизби наҳзати исломиро баъид намедонад. Ӯ гуфт: “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон марбут ба як шахс нест. Ҳар раис равад ҳам ин ниҳод қавӣ боқӣ мемонад.”
Зимнан, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумони Тоҷикистон, дар як ҳамоиши ин ҳизб дар моҳи январи соли ҷорӣ гуфта буд, ки “як нафар наметавонад барои давраҳои тӯлонӣ курсии раҳбариро банд кунад.”
Оқои Кабирӣ таъкид кард, ки як нафар сарфи назар аз он ки ҳатто корҳои хуб ва муфидеро дар замони раҳбарӣ ба анҷом расондааст, наметавонад нерӯ ва қобилияти худро ҳамеша дар хидмати ҷомеъа қарор бидиҳад. Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, ихтилофот ва чолишҳои дохилӣ дар ҳизб, бахусус, фишорҳои гурӯҳи муҳофизакор раҳбари феълии онро водор кардааст, ки ба "корҳои оромтар ва бедардисаре" машғул шавад.
Муҳиддин Кабирӣ пас аз даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари пешини ҲНИТ, дар соли 2006, замоне ба курсии раҳбарии ин ҳизб нишаст, ки таҳлилгарон аз бурузи ихтилофоти ҷиддӣ миёни гурӯҳҳои муҳофизакор ва мӯътадил дар ин ҳизб ҳушдор дода буданд. Оқои Кабирӣ, ки аз шахсиятҳои мӯътадил ва камобеш навгаро дар ҲНИТ маҳсуб мешавад, тайи панҷ соли ахир тавонистааст гурӯҳҳои мухталифе дар ин ҳизбро нисбат ба худ розӣ нигоҳ дорад.
Вале мунтақидонаш аз мавзеъгирии нарми ӯ дар баробари сиёсатҳои давлат дар умури мазҳабӣ ва масоиле назири манъи пӯшиши ҳиҷоб дар мадорис, тасвиби қонуни баҳсбарангези дин ва қонуни масъулияти волидайн, ки рафтани кӯдакон ба масоҷидро манъ мекунад, чандон хушнуд нестанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, бархе баъид намедонанд, ки яке аз далоили матраҳ шудани мавзӯъи интихоби ҳайъати раҳбарӣ дар ҲНИТ эҳтимоли ёфтани ҷойгузине барои оқои Кабирӣ бошад.
Абдулғанӣ Маҳмадазимов, коршиноси масоили сиёсӣ, мегӯяд Муҳаммади Нурӣ, писари Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҷумлаи чеҳраҳои саршиноси ин ҳизб аст, ки номзадии ӯ ба раёсати ҳизб метавонад "ҳам либеролҳо ва ҳам муҳофизакоронро" қонеъ кунад.
Ба эътиқоди оқои Маҳмадазимов, имкон дорад Муҳаммади Нурӣ ва Муҳиддин Кабирӣ дар якҷоягӣ (тандем) раҳбариро ба ӯҳда бигиранд ва як нафар ба унвони раҳбар ва дигарӣ ба унвони масъули бахши идеулужик хидмат кунанд.
Ӯ гуфт: "Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз аҳзоби нерӯманди кишвар маҳсуб шуда ва ҳамеша бо тасмимҳои ғайримунтазираи худ ҳамагонро дар ҳайрат гузоштааст. Аз ин лиҳоз, эҳтимол нест, ки дар анҷумани ҳизб дар ҷараёни интихоби ҳайъати раҳбарӣ як тасмими ғайримунтазира гирифта шавад."
Вале бархе аз таҳлилгарон ҳар гуна тасмими ғайримунтазираро баъид медонанд ва мегӯянд, ки интихоби ҳайъати раҳбарии ҲНИТ дар анҷумани ин ҳизб мумкин аст беш аз як навъ ташрифот барои тазоҳур ба демукросӣ дар танҳо ҳизби исломгаро дар Тоҷикистон набошад.
Би-Би-Си
Шарҳҳо
Бале рост гуфтед бародар Zafar бале натавонист аз ухдаи корхо баромада натавонист пас бояд ки иваз шавад ва хатман ягон бародари Дар Ислом Устувор ва Донишманди ин Дини Поку Бузург аз чумлаи Олимони Ислом пешвоёни Ислом Домуллохо на Дунявихо ба монанди Муҳиддин Кабирӣ
Иқтибос
Бас аст, акнун раисиаш дар Раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ фаъолияти Муҳиддин Кабирӣ бас аст,
RSS Обуна