19:04:35 01-уми Июли 2025 сол

МИРЗОМУҲАММАДИИ НАВИД: "КАБИРӢ МАРО ГӮШ НАКАРД" - Qismati 1

КӮДАКИ ГАҲВОРА НЕСТЕМ...

-Танҳо Шумо ҳастед, ки дар Ҳизби наҳзати исломӣ ба чунин бетаваҷҷӯҳӣ гирифторед ё дигарон ҳам ҳастанд?

-Гуфтам, ки ранҷиш як сабаб буд. Сабабҳои дигар ҳам ҳастанд. Аз ҷумла ин ки дар тасмимгириҳо фикри моро намегиранд ва баъзе равишҳои корӣ пайдо шудаанд, ба ман хуш намеоянд. Яъне баъзе тасмимҳое, ки ҷанобон мегиранд, бидуни машварати дигарон ва ҳам ба рӯҳияи минтақаи мо, маънавиёти мардуми мо он қадар созгор нестанд. Бо дигарон намедонам, ки чӣ гуна бархӯрд мешавад. Худашон медонанд. Аммо ҳаминро мегӯям, мо ҷавон ва ё кӯдаки гаҳвора нестем, ки ҳама чиро бардошт карда тавонем. Мебинам, ки ба фикри мо, мавқеи мо беэътимод буданд. Боз сабабҳои аввалтаре ҳастанд, ки дар бораашон дар мавориди дигар хоҳам гуфт. Ҳоло на.

АЗ КӮҲНАГАРОҲО ТО МОДЕРНИСТҲО

аноби Навид, баъзеҳо мегӯянд, ки дар ҲНИТ, ба қавле, "модернист"-ҳо ҳастанд бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ ва ҳам "консерваторон", ки раиси кунунии ҳизбро қабул надоранд. Шояд Шумо ҳам аз охириҳо ҳастед?

-Чун ба шахсияти худ назар мекунам, дар ҳама давру замон, дар ҳеҷ як айёми зиндагиам шахшуда ва догматист набудам. Ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва ҳамқадами замона будам ва ҳоло ҳам ҳастам. Агар баъзе арзишҳо ва муқаддасоти бисёр собити мазҳабиро, ки дар ҳама асру замон бетағйир мемонанд, баъзеҳо кӯҳнапарастӣ бидонанд, ғалати маҳз аст. Дар усулиёти собитаи мазҳабӣ мо ҳамеша побарҷо будем. Вале дар фурӯъиёт, тарзи тафаккур ва пешниҳод кардани роҳи ҳали масоили иҷтимоиву сиёсӣ фикрам боз буд, назари пажӯҳишгарӣ доштам. Худро ҳеҷ гоҳ дар радифи инсонҳои кӯҳнагаро қарор надодаам.

"ҶАНБАИ МАЗҲАБИИ ҲИЗБИ ИСЛОМӢ БОЯД ҚАВӢ БОШАД"

-Оё ягон пешниҳоде карда будед, ки хубу созанда буд, аммо дар ҲНИТ қабул нашуд?

-Бисёр намехоҳам, ки дар сӯҳбат фаротар равем. Фақат як ишорат мекунам, ки агар мазҳабу диёнатро аз маънавиёташ, аз асолати ақидатиаш бигирем, нисбат ба ин муқаддасот беэътиноӣ бикунем ва ҳамаро дар чорчӯбаи асри навин - ақлоният бисанҷем, имониятеро, ки дорем, дар ҷои дуввум қарор бидиҳем, ин ғалати бузург аст. Назари ман ин аст, ки як ҳизб ё ҳаракати исломӣ бояд дар вуҷудаш маънавият, ҳувият ва ахлоқи мазҳабии қавӣ дошта бошад.

Ҷанбаи мазҳабиаш бояд қавитар аз ҷанбаҳои беруна, ин модернизатсияе, ки мегӯянд, бошад. Ҷаҳоне, ки мухолифи ислом аст, ҳаминро мехоҳад. Онҳо мехоҳанд, таҳрифотеро, ки дар дигар динҳо, аз ҷумла масеҳият ворид карданд, дар ҳақиқат онро «модерн» карданд, ба дини ислом низ ворид намоянд. Масеҳиятро аз асрҳои миёна то ба ҳол «модерн» карданд.

Динеро, ки осмонӣ буд, инсонӣ карданд. Дини худосохтаро инсонсохт намуданд. Ба меъёрҳои сохтаи башарӣ омехта карданд. Ин ҳаракат солҳост, ки дар баробари ислом ҳам идома дорад. Мехоҳанд, исломро модернизатсия кунанд. Ислом аслан ба модерн шудан ниёз надорад. Агар зери ин султаи фикрӣ равем, ғалат мекунем. Ман ҳамеша дар ин ақида собит ҳастам, зеро ин асолати ақидатии ман аст.

"ШАХСИЯТ ДУНЁРО ХУБ ШИНОСАД"

-Оё дар Ҳизби наҳзат ин чизҳо ба назар мехӯранд?

Тасмимгириҳое, ки аз сӯи як нафар сурат мегирад. Дар бораи шахсиятҳо гӯем. Ҳоло дарк мекунам, ки таҷриба, малака, маҳорат, чӣ чизи муҳимест. Як ҷавон метавонад дониши зиёд дошта бошад, аммо чун дар пасту баландиҳои зиндагӣ пухта нашуда бошад, фикраш хом аст ва дар куҷо истифода бурданашро намедонад.

Ман бародарони дар ин ҳаракатбударо, ки дар тамоми маҳрумиятҳои ҳиҷрат буданд, ранҷу заҳмат кашиданд ва ҳатто пеш аз ҳиҷрат, шахсиятҳои хеле муҳим медонам. Ва роҳбарият бояд ба онҳо аҳамият қойил бошад. Дигар ҷавонон бояд тарбия ёбанд. Аз ин мактаб бигзаранд ва устувор шаванд. Як шахсият бояд ҷомеъ бошад, маънавиёти хуб дошта, дунёро хуб шиносад. Намешавад, ки бо модернизатсия кардани нафарон, дар фикри модернизатсия кардани як ақидаи собит ҳам бошем.

ТАФОВУТИ РАҲБАРИИ НУРИВУ КАБИРӢ

-Шумо аз соли 1991 то чаҳор соли пеш бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ кор кардед ва чаҳор сол аст, ки бо Муҳиддин Кабирӣ кор мекунед. Фарқи ин ду роҳбар дар чист?

-Устод Нурӣ шахсиятест, ки дар таърихи навини Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ҳатто даврони Шӯравиро бидуни ӯву ёронаш наметавонем ба хотир орем. Шахсияте буд, ки эътирофи минтақаӣ ва то андозае байнулмилалӣ ҳам дошт. Шахсиятҳои бузурги олами сиёсати Шарқу Ғарб ӯро эътироф карда буданд. Дар паҳлӯяш будем ва боз баъзе чиҳоеро медонем, ки аз инсони комил будани ӯ дарак медоданд. Ӯ дар таърих мақоми худро дошт. Устод як кореро, ки оғоз кард, ба анҷом расонд. Бо фазли Худо ва аз ҷумла бо ширкати фаъоли ӯ дар Тоҷикистон сулҳ омад.

Шахси мӯътадил буд, атрофиёнашро мешунид, эътирофу эҳтиром мекард. Замони ҷаноби Кабирӣ дигар аст. Он мушкилиҳое, ки дар замони Нурӣ буданд, нестанд. Ҳарчанд фишорҳо аз хориҷ ва баъзе доираҳо ҳастанд, аммо кор осонтар аз замони Нурист. Шахсияти Кабирӣ ба ин давру замон мутобиқ аст ва қобили муқоиса бо Устод Нурӣ буда наметавонад. Мо мебинем, ки ҷавон аст, як шинохти байнулмилалӣ ҳам касб кардааст. Популизм яке аз роҳҳои машрӯъи шӯҳрат ёфтан дар сиёсат аст. Одам ба ҳар васила метавонад ном ёбад.

РАИСИ КУНУНИИ ҲНИТ ПОПУЛИСТ АСТ?

-Яъне ба назари Шумо, Кабирӣ популист аст?

-На ман гуфтам, ки дар асри кунунӣ популизм яке аз роҳҳо дар сиёсат аст. Ҷомеаи мо ҳам як шахсият, сиёсатмадори сад дарсад самимии файласуфи фавқулодаро шинохта наметавонад. Яъне чӣ? Як воиз метавонад бо сӯҳбати пурэҳсос оммаро гирёнаду моил кунад, аммо як мутафаккир бо сӯҳбатҳои ҷиддӣ ин корро карда наметавонад. Бо як нукта фарқ миёни шахсиятҳои Устод Нурӣ ва Кабириро баён медорам. Умедворам, ки Кабирӣ ҳам замоне як шахсияти бузург хоҳад шуд. Ин орзуро дорем. Хуб фарқият ин аст, ки Нурӣ, худо раҳматаш кунад, аввал шариатмадор буд, баъд сиёсатмадор. Сиёсати Нурӣ дар асоси шаръиёти Нурӣ мечархид. Ҷаноби Кабирӣ, аввал, сиёсатмадор аст ва баъдан, шариатшиор.

ШАРИАТМАДОР Ё ШАРИАТШИОР?

-Шариатшиор? Фарқи шариатмадор аз шариатшиор чӣ аст?

-Шариатмадор касе аст, ки тамоми заруриёт ва меъёрҳои шаръиро сад дар сад иҷро мекунад, ҳамчу улгу барои мардум қарор мегирад. Масалан, аз намуди зоҳирӣ то ақоиди ботинӣ. Аз либос то шакли зоҳириаш, ҳаракатҳояш, сулҳаш, ҷангаш, гуфтугӯву ҳазлаш ҳамагӣ дар доираи шаръ сурат мегирад. Ин ҳамаро ман дар Нурӣ медидам.

Барои шариатмадор шудан ҳам хеле меҳнат зарур аст. Ин таҳқир нест. Хеле кӯшиш зарур аст, ки туро мардум эътироф кунанд. Ба он хотир Кабириро шариатшиор медонем, ки шиорҳояш шаръӣ ҳастанд ва ҳадафаш ҳам шаръист, аммо шахсияташ ба дараҷаи як шариатмадоре нарасидааст, ки мардум ӯро як симо ва улгуи шаръӣ бидонанд. Аз нигоҳи ман, воқеияти ҳол чунин аст.

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 16.08.2011 15:38
лозим аст ки (очистка) ва аз инсонхо но устувор дар Дин ва тасодуфи ! Ки ин кор –ро Сардори нави ин хизб Исломи на
Мухиддин Кабири ичро карда метаовнад баъди интихоб шуданаш , на Мухиддин Кабири Ки чой додаст инсонхое ба монанди бо номи Абдуллои Рахнаммо (сиёсат шиноси ) зар хариди Дуняви ва дигарон (секулор-хо-ро) !!! Ки ин хатар аст дар ин Хизби Исломии Точикистон ! ба Мо лозим аст ки чунин Сарвароне ба Монанди Абдуллохи Нури ва дигар Олимони Мо !Бале рост гуфтед бародар Zafar бале натавонист аз ухдаи корхо баромада натавонист пас бояд ки иваз шавад ва хатман ягон бародари Дар Ислом Устувор ва Донишманди ин Дини Поку Бузург аз чумлаи Олимони Ислом пешвоёни Ислом Домуллохо на Дунявихо ба монанди Муҳиддин Кабирӣ Бас аст, акнун раисиаш дар Раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ фаъолияти Муҳиддин Кабирӣ бас аст, натавонист коррхоро пеш барад , боз Дигар гунихо лозим аст дар ин Хизба Исломи , як Марди кави ирода ва Мусалмони хакики лозим аст ....
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ