МИРЗОМУҲАММАДИИ НАВИД: "КАБИРӢ МАРО ГӮШ НАКАРД"
Мирзомуҳаммадии Мирзоҳодӣ, маъруф ба Навид, соли 1955 дар деҳаи Нӯшори ноҳияи Тоҷикобод дар оилаи рӯҳонии маъруф ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар деҳа хатм карда, ҳамзамон дар назди падар таҳсилоти фиқҳӣ гирифтааст. Пас аз он ба Душанбе меояд ва асосан дар назди уламои динӣ ба таҳсил мепардозад. Ҳамзамон риштаи забону адабиёти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм мекунад.
Корманди "Минбари ислом", ҳафтаномаи қозиёти ҷумҳурӣ буд, ки сардабириашро Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба дӯш дошт. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар сафи ИНОТ дар ҳиҷрат буд ва бахши фарҳангии онро сарварӣ мекард. Узви Комиссияи оштии миллӣ ва муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон то соли 2001 буд. Ҳоло сарвари Маркази тоҷикшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст. Дорандаи унвони Аълочии маорифи ҷумҳурӣ ва узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон.
Мирзомуҳаммадии Навид, узви Шӯрои сиёсӣ ва мушовири фарҳангии раиси ҲНИТ бо нишони эътироз ин ҳизбро тарк кард. Тарки чеҳраҳои матраҳ аз ҳодисаҳои нодир дар таърихи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон нест. Дар гузашта бо далелҳои гуногун собиқадори саршиноси ҳизб Давлат Усмон, домуллоҳои маъруф Абдураҳим ва Абдурасул ҳам сафҳои онро тарк карда буданд ва инак, навбати Мирзомуҳаммадии Навид будааст.
-Дар сӯҳбате, ки бо ҷаноби Навид доштем, нахуст аз ӯ пурсидем, сабабҳои ин тасмими ҷиддиашон чӣ буд, ки баъд аз узвияти беш аз 20-сола дар ҳизб гирифта шуд?
-Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Аслан ба ягон ҳизбу ҳаракат шомил шудан ва ё аз он хориҷ шудани шахс шояд барои ҷомеа чандон муҳим набошад. Аммо барои нафаре, ки ин тасмимро мегирад, аҳамият дорад. Як қонуни роиҷ дар ҷаҳон аст, ки ҳатто шахсиятҳои бузург ҳамчунин тасмимҳоро мегирифтанд, аз ҳизбе ба ҳизб мерафтанд. Муҳаммад Иқболро гирем, ки узви Лигаи исломӣ буду пас ба нишон эътироз онро тарк кард ва аз чанд ниҳоди мазҳабии дигар низ. Бо ин ҳама гуфтаниам, ки тасмими фавқулодае нагирифтаам.
Хуб, дар бораи сабабҳои хориҷ шуданам аз ҲНИТ. Адолат, инсоф, ҷавонмардӣ тақозо мекунад, ки гуфтор ва рафтори инсон аз ҳадди эътидол хориҷ нашавад. Шурӯъ аз ҷанги шаҳрвандӣ то сулҳу даврони баъд аз сулҳ дар радифи бародарон дар ин ҳизб будам. Баъзе масъулиятҳоро иҷро кардам, ки назди имон ва виҷдон қаноатманд ҳастам, ҳам аз нигоҳи мазҳабӣ ва ҳам миллӣ. Дар ҳама ҳолат аз эътидолу инсоф берун набудам.
Гузаштаи худро инкор намекунам. Ҳоло ҳеҷ ҳарфи бад ва ғаразолуд нисбат ба ҲНИТ гуфтанро ҳадаф нагузоштаам. Ин ҳаракат, дарвоқеъ ҳаракати асил ва аз мағзи миллат ҷӯшида баромадааст. Аммо вақте инсон дар ягон ҳизб, корхона ва ё вазорат кор мекунад ва мебинад, ки раҳбарият ба ӯ таваҷҷӯҳе дорад, бозавқ кор мекунад, даст ба ибтикорот ва афкори созанда мезанад. Аслан як рукни муҳими роҳбарӣ шинохти шахсиятҳо ва масъулон, муомилаи хуб бо онҳост,
то як истифодаи комиле аз онҳо карда шавад. Аммо вақте инсон мебинад, ки дар ҷое эҳтиёҷе барои ӯ нест ва ба афкору андешаи ӯ таваҷҷӯҳе сурат намегирад, пас инсоне, ки мағзи рӯшан дорад, инро барои худ таҳқир ҳисоб мекунад ва канор меравад. Як сабаби рафтани ман ҳамин аст. Ин марбут ба ранҷиши шахсии ман аз роҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ нест. Сирф дар ин маҳдуда андешидан қобили қабул нест.
Вақте кас дар як ҳизб бо дигарон аст, миёни онҳо ба ҷуз равобити сиёсиву фарҳангиву ҳоказо, равобити иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳам пайдо мешаванд. Вақте ҳамаҷониба инсон тазйиқ мебинад ва роҳбару саркор ба ӯ эътиборе намедиҳад, бояд худро берун бикашад. Эҳтироми нафсу иззати инсон ҳам зарур аст. Як тамсили арабӣ ҳам ҳаст: "Шутури пурбори худро бикаш ва бирав аз сарзамине, ки хорӣ эҳсос мекунӣ.
НУРӢ ИНСОНШИНОС БУД...
-Чаро бояд ба Шумо таваҷҷӯҳ кунанд? Оё Муҳиддин Кабирӣ, ки то ҳол номашонро намегиреду аммо ишораҳо сӯяшон мешавад, чаро Шуморо қадрдонӣ накарданд?
-Ман аз замони ҳиҷрат то сулҳ дар вазифаҳои гуногуни ҳизбӣ кор кардам. Дар ҳайати Комиссияи оштии миллӣ ба ватан баргаштам. Кумитаи фарҳангии ИНОТ-ро дар Афғонистон ба зимма доштам. Барои он ки ҷавонони мо дар ҳиҷрат мазҳабу ақоиди худро олуда насозанд, корҳое кардем. Барои бақои таълими динӣ, забон, адабиёт ва ҳатто мусиқии миллӣ дар ғурбат корҳои зиёде анҷом додем. Инҳоро устоди марҳум - Сайид Абдуллоҳи Нурӣ қадр менамуданд. Он кас ба ман эътимод доштанд ва ин вазифаҳоро ба ман бовар мекарданд.
Фикри ман дар ҳар маврид шунида мешуд. Узви Шӯрои сиёсии ҳизб будам. Ҳатто дар тасмимгириҳои муҳим сари сулҳу ҷанг фикри ман таъсир дошт. Ҳоло ҳарчӣ мегӯям, на ба хотири миннат, балки миллат аст. Он чӣ кардам, холис ба хотири Худо буд, ва Ӯ ин ҳамаро медонад. Агар ман як нафари одӣ мебудам, Устод маро дар раъси як ҳайати баландпояи кумиссиюни муҳими оташбас ба Тоҷикистон намефиристод, узви Комиссияи оштии миллӣ як ниҳоди таърихӣ дар Тоҷикистон интихоб намекард.
Агар як шахсияти одӣ мебудам, 26 узви Комиссияи оштии миллӣ - ҳам аз ҳукумат ва ҳам оппозитсиюн - маро ба муовинати вазири фарҳанг бо як овоз пешниҳод намекарданд. Буданд афроди мухолифи шахси ман аммо аз ҷониби худи мо - оппозитсиюн. Устод он замон онҳоро сари инсоф овард. Устод инсоншинос буд. Худо биёмурзад, ҳеҷ ҳоҷат ба муаррифӣ надорад.
Шукри Худо, ки ман дар сулҳи тоҷикон яке аз афроди муҳим будам ва саҳм доштам. Дигар чӣ шуд, ки ба замони ҷаноби Кабирӣ ба ин ҳол расидем. Чаҳор сол аст, ки раис аст. Ҳангоми сӯҳбат сари шахсияти он кас аз эътидол берун наомадам, ноҷавонмардӣ накардам. Шахсияти ба ҳар воситае, ки набошад, матраҳ аст, ҷавон аст, сиёсатшинос аст. Иншоаллоҳ, ки дар оянда боз таҷрибаи корӣ ҳосил хоҳад кард, зеро инсонҳо дар равиши кор ба воя мерасанд. Ба ӯ ғаразе надорам.
Аммо чаро дар давоми чаҳор сол ин гуна муносибат бо ман дошт, бароям рӯшан нест. Гумон накунед, ки аз як нафар ранҷида, канор рафтам. На. Ранҷиши ман аз ин аст, ки вақте суханам шунида намешавад, пас дар сиёсатҳои фарҳангиву мазҳабӣ, иҷтимоиву ахлоқӣ таъсире надорам. Аммо як раҳбар бояд ҳадди ақал бикӯшад, ки як нафари дигарро фаҳмад, инсонҳоро бишнавад. Масалан, ман дар баробари бузургонамон самимият ва ихлос дорам, аз дигарон ҳам дар баробари худ ин самимиятро орзу мекунам. Намегузорам, ки маро таҳқир кунанд. Ин ҳам як сабаб аст."
"ЧУН ТАВАҶҶӮҲ НАКАРДАНД, МО ҲАМ РАФТЕМ"
-Бо худи ҷаноби Кабирӣ андешаҳо ва ранҷишҳои худро боре ба миён гузоштед?
-Ду моҳ мешавад, ки барои аз ҳизб хориҷ шудан ариза навиштам. Он кас дар сафар буданд. Аввал, бояд бигӯям, ки баъзе рӯзноманигорон овоза кардаанд, гӯиё ман онҳоро тавалло кардаам, ки бо ман мусоҳиба кунанд. Овозаву дарвозаҳо зиёд шуд ва ҳоло мусоҳиба мекунам, то каҷфаҳмиҳоро бартараф кунем. Бо Кабирӣ сӯҳбат доштам, аммо на дар ин мавзӯъ. Рӯзноманигорон вақте аз ман мехостанд, ки мусоҳиба кунам, мегуфтам, он кас дар сафар аст, ояд як сӯҳбат кунем, дарди дилро гӯем ва пас тасмими қатъии худро бигирем.
Ӯ омад. Аммо фақат ба хотири ифтор маро даъват кард. Ба хотири бархе бародарону ба хотири Рамазон рафтам. Аммо ба ҷуз саломалайку баъзе шӯхиҳо миёни мо гапи дигар набуд. Боз як ҳафта гузашту аз он кас паёме наомад. Чун дидем, ки ба мо таваҷҷӯҳ накарданд, мо ҳам гуфтем, ба шумо эҳтиёҷ надорем. Сирф ба хотири баёни воқеият ҳоло бо Шумо сӯҳбат мекунам, на худнамоӣ.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>
Шарҳҳо
Мухиддин Кабири ичро карда метаовнад баъди интихоб шуданаш , на Мухиддин Кабири Ки чой додаст инсонхое ба монанди бо номи Абдуллои Рахнаммо (сиёсат шиноси ) зар хариди Дуняви ва дигарон (секулор-хо-ро) !!! Ки ин хатар аст дар ин Хизби Исломии Точикистон ! ба Мо лозим аст ки чунин Сарвароне ба Монанди Абдуллохи Нури ва дигар Олимони Мо !Бале рост гуфтед бародар Zafar бале натавонист аз ухдаи корхо баромада натавонист пас бояд ки иваз шавад ва хатман ягон бародари Дар Ислом Устувор ва Донишманди ин Дини Поку Бузург аз чумлаи Олимони Ислом пешвоёни Ислом Домуллохо на Дунявихо ба монанди Муҳиддин Кабирӣ Бас аст, акнун раисиаш дар Раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ фаъолияти Муҳиддин Кабирӣ бас аст, натавонист коррхоро пеш барад , боз Дигар гунихо лозим аст дар ин Хизба Исломи , як Марди кави ирода ва Мусалмони хакики лозим аст ....
RSS Обуна