04:18:54 20-уми Майи 2025 сол

САФАРИ МЕДВЕДЕВ БА ТОҶИКИСТОН “РАСМӢ” ХОҲАД БУД

Мақомоти Русия хабар доданд, ки боздиди раисиҷумҳури ин кишвар аз Тоҷикистон “сафари расмӣ” хоҳад буд. Қаблан онҳо таъкид мекарданд, ки ин як “сафари корӣ” буда, мақоми сафари расмӣ ё давлатиро надорад. Аммо рӯзи шанбе Дафтари матбуотии Кремлин хабар дод, ки раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, дар аввалҳои моҳи сентябр ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом медиҳад.

/images/stories/2011/08/27_medvedev_president_27.8.201.jpgБино ба иттилои ин манбаъ, Медведев рӯзи 2-юми сентябр бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид хоҳад кард. Ва худи ҳамон рӯз ӯ дар мулоқоти чаҳорҷонибаи презиеднтҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ширкат хоҳад кард. Президентҳои Афғонистон ва Покистон, Ҳомид Карзай ва Осафалӣ Зардорӣ ширкати худро дар ин дидор таъйид кардаанд.

Дар идомаи баёнияи худ дар бораи сафари Медведев ба Тоҷикистон Дафтари матбуотии Кремлин мегӯяд, рӯзи 3-юми сентябр раисиҷумҳури Русия дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ширкат хоҳад кард. Дар ин ҷаласа президентҳои кишварҳои узви ИДМ, ба истиснои раҳбарони Узбакистон, Ислом Каримов ва Озарбойҷон, Илҳом Алиев ҳузур хоҳанд дошт.

Сафари расмии раисиҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар даврае иттифоқ меафтад, ки муносибатҳои ду кишвар дар авҷи рукуд ва сардӣ қарор доранд. Гуфтушуниди ҳайатҳои ду кишвар дар бораи ширкати Русия дар ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон ва истифода аз фурудгоҳи ҳарбии Айнӣ бенатиҷа ба поён расидаанд.

Дмитрий Медведев се ҳафта пеш бо ишора ба нокомии ин гуфтугӯҳо тазаккур дод, ки созишномаҳои марбут ба онҳо бояд дар сатҳи президентҳои ду кишвар баррасӣ ва имзо шаванд. Таҳлилгарон мегӯянд, Русия интизори гузаштҳои фарохи Тоҷикистон аст, аммо Душанбе низ дар баробари фишори Русия мавзеъгирии ҳарчӣ устувортар касб мекунад.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 27.08.2011 23:40
Россия не по-мужски поступает с Таджикистаном. Первое цену на топливо поднимает ладно хозяин барен. Второе Россия с бешеным аппетитом смотрит на наши важные выгодные объекты, например: на РОГУН как голодный волк на аэропорт Айни как голодный орел. На нашу границу как хромая голодная собака. Россия всегда хотела и хочет больше половины доли на все вышеперечисленн ые объекты. Третье если сторона «Б» не соглашается, то Россия начнет вставлять полку в колес и перекрывает кислород не справедлива! (не по понятиям) как сами говорят! P: S. Мы же можем предлагать свои условии или же как Узбакистан не послушать не кого. *интересно, с каким ультиматумом шагает к нам медведь*
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ