19:30:24 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

СЕРИАЛИ “ЮСУФ ПАЁМБАР” ТАЪСИРИ МУСБАТЕ БАР ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН ДОШТ

Сафири Тоҷикистон бо ишора ба мубодилоти фарҳангии кишвараш бо Эрон гуфтааст, ки пахши сериалҳои ҳамчун “Ҳазрати Юсуф” дар Тоҷикистон бо истиқболи зиёде ҳамроҳ буда ва таъсири мусбате бар ахлоқи ҷомеа дошт.

/images/stories/2011/09/15_yousuf_15.9.2011.jpgТибқи хабаргузории “Форс”, Давлаталӣ Ҳотамов – сафири Тоҷикистон дар Эрон дар нишасти хабарии бистумин соли истиқлоли ин кишвар, ки имрӯз чаҳоршанбе дар муассисаи фарҳангии ЭКО баргузор шуд, гуфт: “Истиқлоли Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомад. Ҷанги дохилӣ  харобиҳои зиёде барои мо ба бор овард”.

Вай бо баёни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз рӯзҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон бо эъломи ҳимоят аз он, сафорати худро дар кишвари Тоҷикистон кушод, ёдовар шуд: “Аз ҳамон рӯзҳои оғоз, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамроҳи ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон буд”.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон дар идома гуфт, ки: “Имрӯз Тоҷикистон як давлати мустақил аст, ки беш аз 150 кишвар бо он равобити дипломатӣ доранд ва мо бо 142 кишвар равобити тиҷоратӣ дорем”.

Ҳотамов давлатсозиро кори душвор хонд ва идома дод: “Ҳукумати Тоҷикистони 20-сола ва навпо аст, бо ин ҳол тавонистем ба ҷаҳониён исбот кунем, имкони давлатсозӣ ва мавқеият дар ин амрро дорем”.

Вай ҳар сарзаминро дорои вижагиҳои хоси худ хонд ва афзӯд: “Тоҷикистон низ ин гуна аст, ки як миллати ҷавон дорад ва метавонад аз ӯҳдаи навсозии кишвар барояд”.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон афзуд: “Ҷавонони таҳсилкардаи Тоҷикистон дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Эрон  машғули таҳсил ҳастанд, ки дар оянда сарзамини моро хоҳанд сохт”.

Ҳотамов дар хусуси фаъолиятҳои ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон изҳор дошт: “Имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 100 ширкати эронӣ аз ҷумлаи сохтмонсозӣ, роҳсозӣ, нерӯгоҳи барқӣ ва хӯрока вуҷуд дорад, ки монанди Чин ва Туркия дар кишвари мо фаъол ҳастанд”.

Вай дар посух ба хабарнигори “Форс” дар хусуси ҳаҷми мубодилот ва лоиҳаи ҳузури ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон гуфт: “Муносиботи ду кишвар ҳар рӯз рӯ ба афзоиш аст ва ҳаҷми тиҷорати мо ба 107 миллион доллар мерасад, ки умедворем аз ҷойгоҳи чоруми кунунӣ раҳо ёфта ва ба ҷойгоҳи аввал дар равобити тиҷоратӣ бо Эрон бирасем”.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон идома дода гуфт, ки аз Эрон маводи ғизоии зиёде ба Тоҷикистон содир мешавад. Ҳотамов ба ишора ба сафари Аҳмадинажод ба Тоҷикистон низ ёдовар шуд, ки нерӯгоҳи барқии обии “Сангтӯда-2”, ки ба ҳамкории фаъолонаи мутахассисони эронӣ дар ҳоли сохт буд, дар ин сафар ифтитоҳ шуд.

Вай дар бахши дигаре аз суханони худ иқтисоди Тоҷикистонро як иқтисоди аслӣ хонд ва афзӯд: “Кӯҳҳои сарзамини мо манобеъи ғании табиӣ ҳастанд ва мо аз ширкатҳои эронӣ мехоҳем дар кашфи ин манобеъи мо ёрӣ кунанд. Дар ҳама ҷои Тоҷикистон ширкатҳои эронӣ метавонанд фаъолият дошта бошанд, чуноне, ки ба зудӣ 10 ҳазор гектар аз сарзамини мо дар ихтиёри кишоварзон ва боғдорони эронӣ қарор хоҳад гирифт”.

Бо сафар ба Бушаҳр дарёфтам тамоми таблиғоти Ғарб дурӯғ аст

Ҳотамов дар посух ба хабарнигор дар хусуси дидгоҳи Тоҷикистон дар мавриди фаъолиятҳои ҳастаии кишвари Эрон чунин ибрози назар кард: “Ман дар Бушаҳр ҳузур доштам ва бароям мушаххас шуд, ки ҳамаи таблиғоти ғарбӣ дар хусуси фаъолиятҳои ҳастаии Эрон дурӯғ аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон метавонад ба пешрафти саноъати худ ба минтақа хидмати зиёде дошта бошад”.

Вай идома дода чунин гуфт: “Дар сафари худ ба Бушаҳр ва фаъолиятҳои ҷавонони эрониро дидам, ки воқеан қобили таҳсин аст”.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон  нисбати раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон  фикри худро чунин изҳор дошт: “Аҳмадинажод аз нигоҳи ман як донишманд аст, ки бо садоқат ба миллати худ кӯмак мекунад. Мо ва шумо бояд ифтихор кунем, ки раҳбароне ҳамчун оқои Аҳмадинажод ва оқои Эмомалӣ Раҳмон дорем”.

Сериали “Юсуф паёмбар” таъсири мусбате бар ҷомеаи Тоҷикистон дошт

Вай дар хусуси табодулоти фарҳангии ду кишвар низ хотирнишон кард: “Филмҳои эронӣ дар шабакаҳои мухталифи Тоҷикистон пахш мешаванд ва телевизионҳои ду кишвар ҳам метавонанд бо ҳам ҳамкорӣ дошта бошанд”.

Ҳотамов ёдовар шуд: “Сериалҳои ҳамчун “Падарсолор” ва “Ҳазрати Юсуф” ду филми хуб ва пуристиқболи Тоҷикистон буданд ва метавонам бигӯям тамошои филми “Ҳазрати Юсуф” бар ахлоқи ҷомеаи мо асари мусбате дошт”.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон бо ишора ба кам шудани филмҳои эронӣ дар шабакаҳои Тоҷикистон чунин ибрози назар кард: “Умедворем ин раванд ислоҳ шавад, чаро ки кишварҳои дигар дар ин замина фаъол шудаанд”.

Ҷаноби сафир дар бахши дигаре аз суханони худ бо ишора ба пайвандҳои фарҳангӣ ва сиёсии ду кишвар - Эрон ва Тоҷикистон афзӯд: “Ҳамон тавре, ки оқои Аҳмадинажод гуфт, Эрон ва Тоҷикистон ду қисмати як пайкаранд ва чунин самимиятро танҳо дар равобити бародарона метавон ёфт, ки мардуми Тоҷикистон чунин суханеро то солҳо ба ёд хоҳанд дошт”.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi